Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳамоиши байналмилалӣ онлайнӣ бахшида ба садсолагии пажӯҳишгари маъруф ва ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.

— «Кори имконнопазири имрӯз барои фардо имконпазир хоҳад буд. Мо бояд ҳамдигарро омӯзем, ҳамдигарро дарк кунем, ба расму оин ва суннатҳои ҳамдигар арҷ гузорем, дар он вақт фарҳангҳо дар хидмати сулҳу оштии миллатҳо хизмат хоҳанд кард». Ин буд барномаи асосии кору фаъолият ва ҳатто зиндагии нобиға ва мутафаккири тоҷикон Муҳаммад Осимӣ. Бо ӯ кор кардан, дар суҳбати ӯ будан, дар баррасии лоиҳаҳои ваҳдатофарини ӯ ширкат варзидан, омӯзишу сабақи бузургро мемонд. Фараҳманд ва боифтихор ҳастам, ки замоне бо Осимӣ ва ғояҳои бунёдии ӯ будам, — изҳор дошт Федерико Майор, раиси вақти созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО (1987-1999), шоир ва нависанда.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳамоиши байналмилалӣ онлайнӣ бахшида ба садсолагии пажӯҳишгари маъруф ва ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.

— «Кори имконнопазири имрӯз барои фардо имконпазир хоҳад буд. Мо бояд ҳамдигарро омӯзем, ҳамдигарро дарк кунем, ба расму оин ва суннатҳои ҳамдигар арҷ гузорем, дар он вақт фарҳангҳо дар хидмати сулҳу оштии миллатҳо хизмат хоҳанд кард». Ин буд барномаи асосии кору фаъолият ва ҳатто зиндагии нобиға ва мутафаккири тоҷикон Муҳаммад Осимӣ. Бо ӯ кор кардан, дар суҳбати ӯ будан, дар баррасии лоиҳаҳои ваҳдатофарини ӯ ширкат варзидан, омӯзишу сабақи бузургро мемонд. Фараҳманд ва боифтихор ҳастам, ки замоне бо Осимӣ ва ғояҳои бунёдии ӯ будам, — изҳор дошт Федерико Майор, раиси вақти созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО (1987-1999), шоир ва нависанда.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода аз таъсиси ин боргоҳи маърифат ёд карда, гуфт: «Хидматҳои донишманди шуҳратёр академки Осимӣ дар ташаккулу пешрафти аввалин муассисаи таҳсилоти олии техникии кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бағоят бузург аст. Бояд гуфт, ки солҳои 50 — уми асри гузашта яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расондани мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки ба масъалаи таъсиси макотиби олӣ дар кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Ҳамин тариқ, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ моҳи январи соли 1956, мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС, дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) Институти политехникӣ ташкил гашта, Муҳаммад Осимӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дошт, сарвари он таъйин шуд». 

— Ҳарчанд дар он солҳо кишвар аз норасоии омӯзгорони варзида танқисӣ мекашид, ба шарофати иродаи қавӣ ва заҳматқаринии Муҳаммад Осимӣ ин мушкилӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо кард ва муассиса дар омода кардани инженерҳо, меъморон, бинокорон, иқтисоддонон, инженер-энергетикҳо ва амсоли инҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии ин донишманди маъруф обрӯи ин муассисаи олии таълимӣ сол ба сол боло мерафт ва, баъдан, он дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз бонуфузтарин донишкадаҳо шинохта шуд, — афзуд Ҳайдар Одиназода.

Тазаккур бояд дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ӯ гузошт.

— Ёдам ҳаст, вақте устод Осимӣ ба Британияи Кабир ташриф овард, вуҷудаш саршор аз шодиву фараҳ буд. Ӯро ҷуссаи хурде буду афкори бузург. Форсизабонони ҷаҳон аз дидани ӯ ва ӯ аз дидани мо дар худ намегунҷид. Нақшаҳои аҷибу фардонигар дошт. Хушбахтона, як қисми онҳоро амалӣ кард. Бавижа, таъсиси Анҷумани тоҷикон ва порсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», маҷаллаи «Пайванд», ба ҳам овардани тоҷикони ҷаҳон замоне дар тасаввури касе намгунҷиданд. Аммо Осимӣ бо иродаи қавӣ ва истеъдоди фавқулодаи ташкилкунандагӣ ин корҳоро сомон дод, — гуфт Саид Ҷалоли Бадахшонӣ, шоир ва нависанда, раиси  Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Британияи Кабир.

Духтарон устод Сарвар ва Гавҳар Осимӣ ва писараш Музаффар Осимӣ аз ёдкарди олим шод будани хешро изҳор дошта, афзуданд, ки то замоне, ки ҳамдиёрони устод хадамоти эшонро қадр ва шамъи хотираи мунирашонро равшан медоранд, ному нишони падар зинда мемонад. Сипос аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар азизон, ки дар гиромидошти қиблагоҳи мо саҳм гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои устод Осимиро дар муаррифии миллат ёд карда, навиштаанд: «Устод Осимӣ ҳамчун раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО барои таҳқиқи тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ ба забонҳои умдаи ҷаҳон хидматҳои бузург анҷом додааст».

Муҳаммад Осимӣ, ҳамчунин, тарҷумони варзидаву нотакрор эътироф мегардид. Аз ҷумла, ӯ дар тарҷимаи китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа хизмати босазо кардааст.

Номбурда давоми бисту се сол вазифаи президенти Академияи илмҳои кишварро ба уҳда дошт. Дар ин давра бо саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ ҳамкориҳо ва робитаҳои илмии Тоҷикистон бо олимон ва марказҳои илмии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон беш аз пеш густаришу тақвият ёфтанд.

Ӯ лауреати Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неру, раиси Ассотсиатсияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, асосгузори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, маҷаллаи илмиву оммавии «Илм ва ҳаёт», пешбарандаи шарқшиносии тоҷик ва ҷаҳон, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ буд.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ба таври онлайн рӯнамоии китоби нави яке аз шогирдони устод Осимӣ Саидҷаъфар Қодирӣ – «Абармарде дар раҳи илму фарҳанг» доир гардид, ки аз бо саъйу кӯшиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода ба табъ расидааст.

 

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Махсус барои сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ —  ttu@ttu.tj

 

 

 

 

Leave a Comment