Рӯйдодҳои муосир сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонро водор намудааст, ки ба тадбирҳои мавҷудаи таъмини амнияти биологӣ ва сатҳи некуаҳволии беҳдоштӣ – эпидемиологии аҳолӣ бо диди наву равиши тоза муносибат намоянд.

Имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба танҳоӣ наметавонад дар сатҳи кофӣ бо таҳдиди биотерроризм муқобилият намояд. Дар тамоми ҷаҳон низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳадди имкониятҳои худ бо бемориҳои сироятии табиӣ мубориза мебаранд, вале таҳдиди нави терроризми биологӣ метавонад дар ин росто мушкилоти навро эҷод намояд.

Рӯйдодҳои муосир сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонро водор намудааст, ки ба тадбирҳои мавҷудаи таъмини амнияти биологӣ ва сатҳи некуаҳволии беҳдоштӣ – эпидемиологии аҳолӣ бо диди наву равиши тоза муносибат намоянд.

Имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба танҳоӣ наметавонад дар сатҳи кофӣ бо таҳдиди биотерроризм муқобилият намояд. Дар тамоми ҷаҳон низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳадди имкониятҳои худ бо бемориҳои сироятии табиӣ мубориза мебаранд, вале таҳдиди нави терроризми биологӣ метавонад дар ин росто мушкилоти навро эҷод намояд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бемориҳои сироятиро сабаби дуввуми асосии фавт ва аввалин сабаби фавти нобаҳангом дар ҷаҳон мешуморад. Мутобиқи арзёбии ин созмон, ҳамасола 2 миллиард одамон мубтало ба бемориҳои сироятӣ мешаванд, 17 миллион нафари онҳо мефавтанд; ин мариз ҳамарӯза ҷони 50 ҳазор нафарро мерабояд [1].

Аз замонҳои қадим хатару таҳдидҳо инсониятро то ин ҷониб ҳамроҳӣ намуда истодааст, ки инсоният ҳамеша дар муқобили ин ҳамлаҳои ифротӣ истодагарӣ менамояд. Вобаста бо мурури замон таҳдидҳо хусусиятҳои нав ба навро касб менамоянд. Аслан таҳдидҳоро дар навбати худ ба ду навъи асосӣ тақсим менамоянд:

  1. Таҳдидҳои анъанавӣ, ки бештар дар соҳаи ҳарбӣ ба назар мерасад (бахусус моҷароҳое, ки дар таърихи инсоният рух додааст).
  2. Таҳдидҳои ғайрианъанавӣ, ки дар шакли нопадид ё пинҳонӣ ба вуҷуд меояд. Ин хатарҳоро мо айни замон ба хубӣ мушоҳида намуда метавонем. Ба монанди терроризми байналмиллалӣ ва шаклҳои нави он биотерроризм (терроризми биологӣ), агротерроризм (терроризми аграрӣ), терроризми генетикӣ, терроризми иқтисодӣ, терроризми экологӣ, кибертерроризм ва ғ.

Терроризм амали иртиҷоие мебошад, ки ҳамагон аз ин падида ба хубӣ огоҳанд ва нисбат ба пешгирии он як қатор корҳоеро муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ба сомон расонидаанд ва ниҳоятан зиёда аз 7 ҳазор корҳои илмиро оид ба ин масъала ба нашр расонидаанд.

Ба андешаи бештари муҳаққиқон таҳдидҳои дар боло зикргардида дар ояндаи дуру наздик шиддат гирифта, башариятро бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардонанд. Ин таҳдидҳо бо ҳам алоқамандии зич доранд ва ҷузъҳо ё зергурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Дар робита бо мафҳуми биотерроризм коршиносони Интерпол қайд мекунанд, ки “Биотерроризм истифодаи огоҳонаи агентҳои биологӣ ба мисли бактерияҳо, вирусҳо ва токсинҳо барои осеб расонидан ё нобуд кардани одамон, ҳайвонот ё растаниҳо, паҳн кардани тарс, бо мақсади майл кардани давлатҳо ё ҷомеаҳо ба пайравии ҳадафи мушаххаси сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ мебошад”[1]. Тавассути истифодаи яроқи биологӣ, татбиқи амали террористӣ дорои ҳадафҳои тарсонидани аҳолӣ, эҷоди ихтилофоти ҷомеа, таъсир ба қабули қарорҳои давлатӣ, таъқиботи ҷанг, амалиёти низомӣ ва бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Истифода ва истеҳсоли силоҳи биологӣ ва ҳама зербобҳои он аз ҷониби Конвенсияи байналмилалии Женева аз 17-уми июни соли 1925 манъ карда шудааст[2].

Аз истифодаи силоҳи молекулавӣ марг, ихтилоли равонӣ, стерилизатсия, девонагӣ метавонад пайдо шавад. Ғайр аз ин, таҳдиди навбатии силоҳи биологии насли сеюм аз он иборат аст, ки он қодир аст, қувваҳои зиндаи душманро вобаста ба ранги пӯст, хусусиятҳои нажод ва гурӯҳҳои қавмӣ мақсаднок ва самаранок несту нобуд кунад. Муайян карда шудааст, ки террористон метавонанд агентҳои биологиро бо тарзҳои гуногун истифода баранд: 1. Пошидани аэрозолии ҳавзаҳои патогенӣ. Дар ин ҳолат, миқдори ками моеъ ё хокаи дорои вирусҳо аз дилхоҳ ҳавопаймо ва ё дигар восита ба фалокатҳои харобиовар оварда расонад. 2. Заҳролудкунонии об, ҳангоме ки оби нӯшокии аҳолӣ вирусонида мешавад. 3. Сирояткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо тарзу воситаҳои гуногун. 4. Сироят кардани ашёҳои рӯзгор тавассути заҳролудкунонии объектҳои хурд. 5. Заҳролудкунонии паёмҳои почта, масалан, сирояткунӣ тавассути мактубҳо дар ИМА дар соли 2001. 6. Диверсия дар корхонаҳои дорои ваксинаҳои гуногун, таҷҳизоти ташхисӣ ва биологии тиббӣ, масалан, паҳн кардани ВИЧ СПИД тавассути хун ва плазма барои беморон. 7. Сироят кардани муҳити зист, фазои пӯшидаи ҳавоӣ; 8. Паҳн кардани интиқолдиҳандагони бемориҳои сироятӣ ба таври сунъӣ, ба монанди хомӯшакҳо, кайкҳо, канаҳо ва ғайра. 9. Ҳамла ё бомбгузорӣ бо агентҳои биологӣ ҳамчун қисми лавозимоти ҷангӣ, масалан тавассути бомбаҳо, мушакҳо, снарядҳо, минаҳо ва ғайра[3]. Намунаи истифодаи силоҳи биологӣ аз ҷониби Ироқ дар ҷанг бо Эрон дар солҳои 80-уми асри 20-ум мебошад. Аз сабаби истифодаи осон ва дастрасии онҳо террористон мекӯшанд, ки вирусҳои гуногуни биологиро ба ҷони одамон хатарнок, бо ҳар усул ба даст оранд.

Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки дар 67 кишвари дунё 543 маҷмӯи штаммҳои бактериявӣ ҷамъоварӣ карда шуда, 54 маркази тиббӣ патогенҳои сӯзанда ва 18-ои он – ваборо нигоҳ медоранд ва рӯйхати вирусҳо ва бактерияҳо тақрибан 48 организм, аз ҷумла 25 вирус, 13 бактерия, 10 токсинро дар бар мегирад[4]. Қариб ҳар яке аз ин вирусҳои сироятӣ усулҳои табобат ва пешгирии худро талаб мекунад, ки омодагиро барои пешгирӣ кардани ҳамлаи эҳтимолӣ душвор менамояд.

Силоҳи биологӣ аслиҳаи ҷанги сеюми ҷаҳони башарият ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр олимон қайд мекунанд, ки «Ошкоркунии генҳои инсон ва дастовардҳои охири биологияи молекулавӣ ва ҳуҷайравӣ имкон дод, ки силоҳи биологии насли сеюм – силоҳи генетикӣ ва молекулавӣ ба вуҷуд ояд.

Чуноне ки дар боло зикр намудем, яке аз роҳҳои паҳн намудани силоҳи биологӣ намудҳои гуногуни вирусҳо мебошад. Коронавирус дар баробари 40 вируси сироятие, ки ба инсон ва ҳайвон хатари ҷиддӣ дорад, дар ҷомеаи муосир доман паҳн намуда истодааст. Пизишкон оид ба ин бемории сироятӣ тадқиқоти зиёдеро анҷом додаанд ва ба он хотир номи коронавирусро гирифтааст, ки вақте сироятшиносон тавассути микроскоп ба таркиби ин навъи беморӣ назар намуданд, дар таркиби он лифофаи шакли “тоҷ”-ро мушоҳида намуданд ва аз ҳамин сабаб номи коронавирус ё ба дигар ном микроби тоҷдор, шоҳи микробҳо ном гирифтааст. Сарчашмаи ин беморӣ аз моҳи январи соли 2019 дар Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад ва пеш аз ин низ дар шакли дигар мавҷуд буд.

Нишонаҳои чунин беморӣ дар инсон:

  1. Шамолхӯрии шадиди роҳҳои нафас, аз ҷониби коронавирус Covid-19 ангехта мешавад.
  2. Пайдо шудани сулфаи хушк дар инсон.
  3. Баланд шудани ҳарорати бадан.
  4. Камқувватӣ.
  5. Танг шудани роҳи нафас.
  6. Варами шуш ва ғ.

Коронавирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус дорад, дар ҳолати гап задан, атса задан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок мебошад. Инчунин ҳар он ашёе, ки дар назди бемор қарор гирифта буд ё даст расонида буд, метавонад манбаи сироят аз вирус гардад.

Роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ:

  1. Меъёри тартиботи кориро риоя намудан ва ба пуррагӣ хоб кардан.
  2. Ғизои солим истеъмол намудан – барои солимии ҷисм на кам аз 400 г маҳсулоти растанӣ истеъмол намудан ва ба ғизонокии хӯрок аҳамият ҷиддӣ додан.
  3. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшидан – ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг ба вазни ҷисм.
  4. Ҷисман фаъол будан, машқи пагоҳирӯзӣ.
  5. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷустан ва ба одамону ҳайвонот зиёд наздик нашудан.
  6. Аз ниқобҳои махсус дар ҷойҳои серодам истифода намудан (масалан дар нақлиёт, театр, мактаб, донишгоҳ ва ғ.).
  7. Зуд-зуд дастонро бо собун шустан (пас аз ба ҳар ашёе, ки даст мерасонед).
  8. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку дур шудан, зеро истеъмоли ин мавод организмро заифу нотавон мегардонанд.
  9. Ҳар рӯз на камтар аз 3 маротиба биниро бо намакоби соданок шустан, ки ин метавонад то андозае микробҳои заҳролудро нест намояд.
  10. Зуд-зуд дастонатонро ба даҳон, бинӣ, чашм ва рӯй нарасонидан.
  11. Некназар будан, некназарӣ масъуниятро мустаҳкам мегардонад.

Умуман қайд кардан бамаврид аст, ки силоҳи биологӣ дар ҳаёти инсоният хатари ҷиддӣ дошта ва ҳатто муҳаққиқон ин силоҳро аз дигар силоҳҳо хатарноктар медонанд. Моро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани ин амалҳои номатлуб, ки ҳам дар шакли табиӣ ва ҳам ғайритабиӣ ба амал меояд, дастаҷамъона мубориза барем. Набояд ин фаъолиятро пурра бар дӯши мақомоти дахлдори соҳавӣ гузошт, зеро вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар иттилоотнок гардонидани шаҳрвандон мебошад. Мо алҳол оид ба ин вабои аср аз тамоми расонаҳои хабарӣ ошно гардидем ва чуноне ки маълум аст, ҳамарӯза шумораи ҳалокшавандагон ва сироятёфтагон дар ҳоли афзоишанд. Мо бевосита оид ба ин масъала фаъолият намуда истодаем ва дар ин мақола наметавон ба пуррагӣ паҳлуҳои мухталифи онро матраҳ намуд. Дар мақолаҳои пешин доир ба масъалаи мазкур равшанӣ дода будем ва дар оянда боз ҳам хубтару дақиқтар равшанӣ хоҳем дод.

Расулов Ҷаҳонзеб – ассистенти кафедраи фанҳони ҷомеашиносӣ.

[1] Руководство по прогнозированию и предотвращению актов биотерроризма. ICPO — Interpol. 2007. C. 7.

[2] Онищенко Г.Г. Противодействие биологическому терроризму. М.: Петит –А, 2003.  С. 13-14.

[3] Симонова А.Е. Международно-правовые аспекты борьбы с биотерроризмом. Диссертация канд. юридич. наук. М. 2007. С.59-60.

[4] Рубинштейн Э. Биотеррирзм: значение антимикробных препаратов.  Электронный ресурс. Дата обращения 18.10.2018 г. http://www.antibiotic.ru/cmac/200134/290text.htm.

Leave a Comment