Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ идомаи филми “Хиёнат” (қисмҳои 3 ва 4) тамошо карда шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гирифта шуд.

Дар рафти он Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., намояндаи КДАМ дар донишгоҳ Ғоибов Ф.Қ., муовинони ректор, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо, декани факултетҳои донишгоҳ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар оғоз Одиназода Ҳ.О. – ректори донишгоҳ ба ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба авзои имрӯзаи ҷаҳон, бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Covid-19, омодагиҳо ба маъракаи сиёсии интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ идомаи филми “Хиёнат” (қисмҳои 3 ва 4) тамошо карда шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гирифта шуд.

Дар рафти он Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., намояндаи КДАМ дар донишгоҳ Ғоибов Ф.Қ., муовинони ректор, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо, декани факултетҳои донишгоҳ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар оғоз Одиназода Ҳ.О. – ректори донишгоҳ ба ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба авзои имрӯзаи ҷаҳон, бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Covid-19, омодагиҳо ба маъракаи сиёсии интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Ректори донишгоҳ дар баромади худ хосатан таъкид сохт, ки авзои сиёсии ҷаҳон рӯз ба рӯз муташанниҷ гардида, ҷудоиандозиву даҳшатафкании террористон, манфиатҷӯиву хиёнат ва зӯроварӣ ба аҳолии осоишта мардуми минтақа ва махсусан Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Пешгирӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба паҳншавии бемории Covid-19 мушкилоти дигари ҷаҳонӣ аст, ки тамоми мардуми олам аз он дар ҳарос аст ва хавфу марг рӯ ба рӯ сохтааст, оид ба риояи талабот нисбат ба пешгирии ин беморӣ таъкид ба амал оварданд.

Маъракаи сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми аҳли зиё тақозо менамояд, ки мо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва вазифаи шаҳрвандии худ бояд ба ояндаи кишвар бо назари нек нигариста, ба ҳар гуна фикру ақидаҳои ғаразнок дода нашавем.

Дар робита ба ин ректори донишгоҳ пешниҳод намуд, ки филми мустанади “Хиёнат”-ро (ки аз ҷониби шабакаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон” омода шудааст) тамошо карда, доир ба он фикру андешаҳои худро иброз доранд.

Пас аз тамошои филми мазкур иштирокчиёни ҷаласа ба таҳлили баррасии паҳлуҳои мухталифи филм назар андохта, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Аз он ҷумла Аминов Ш.А. – раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандон иброз дошт, ки воқеан ҳам имрӯз масъалаи амнияти ҷомеаи ҷаҳон хеле нигаронкунанда буда, аз як тараф амалҳои террористӣ дар баъзе давлатҳо, аз тарафи дигар нооромии авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар як қатор кишварҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, инчунин болоравии сатҳи сироятёбӣ ба бемории сироятии Covid-19 ҳамаро ба ташвиш овардааст.

Филми мазкурро тамошо карда, фаъолияти ғаразноки М. Кабирӣ ва ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) дар Тоҷикистон, ки тарбияёфтагони хориҷии ин ҳизб аст, ба хубӣ медонем. Зеро ягон фарзанди бонангу номус ҳеҷ вақт ба давлату миллати худ, ба падару модар ва пайвандонаш хиёнат намекунад. Ман ҳамчун фарзанди Тоҷикистони азиз ҳамон шиоре, ки дар филм омадааст – “Касе, ки ба хато роҳ додааст, бахшидан мумкин аст ва касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд” пурра дастгирӣ намуда, ҷонибдори он ҳастам, ки филми мазкур тариқи кафедраҳо ва устодон то ба донишҷӯён ва ҳатто аҳли аъзои ҷомеа расонида шавад. То ин ки мардуми кишвар ҳама донанд, ки то чӣ андоза аъзои ин ҳизби мамнуъ хиёнаткоранд ва ба миллату Ватани бобоии худ нафрат доранд.

Алибаева М.М. – декани факултети М ва КН: низ зимни баёноти хеш изҳор намуд, ки тамошои ин филм ва таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои Ҷумҳурии Беларус ҳамон сенарияи солҳои 90-уми Тоҷикистонро хотиррасон месозад. Солҳои 90-уми асри гузашта ба хотир меорад, ки чӣ гуна хоҷагони хориҷӣ бо дастгирӣ ва амалҳои террористӣ маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИ ҷумҳурии моро ба хоку хун кашиданд. Онҳо орзу доштанд, ки Тоҷикистон чун яке аз давлатҳои зердасти худ ва миллати мо ҳамчун ғуломони ҳалқабаргӯши онҳо бошем, истиқлолияту эътиқоди аҷдодӣ надошта бошем, ба миллату мазҳаби бегона гаравида бошем. Дар Ҷумҳурии Беларус низ берун аз он хоҷагони иғвоангезашон гурӯҳҳои муайянро идора ва маблағгузорӣ мекунанд. То ин ки онҳо низ ғаразҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аммо ман орзуи онро дорам, ки ҳеҷ гоҳ ин гуна ғаразхоҳон ба мақсадҳои ҷоҳилонаву нопоки худ нарасанд. Миллати сарбаланди тоҷик рӯзҳои басо мушкилро аз сар гузаронидааст ва бо ояндаи орому пешрафтаи худ боварии комил дорад. Мо ҳеҷ гоҳ ба ояндаи худ ва фарзандонамон бетафовут нигоҳ намекунем. Мо ҷонибдори сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон ҳастем.

Раҳмонзода А.Ҷ. – сардори идораи илм ва инноватсия зикр намуд, ки мо ҷавонон мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолиятро хуб дар хотир дорем. Мардум ба сабаби фаъолияти нопоки ҳамин гурӯҳи террористӣ ба бадбахтиҳои зиёд дучор гардид. Имрӯз бояд мо ба ҷавонони ватандӯст бо тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда он ваҳшонияту хатокориҳоро фаҳмонем, онҳоро аз оқибатҳои фоҷиабори ин гуна сиёсатҳои ғаразнок огоҳ созем. Филми мазкур дар омӯзиши фаъолияти ҷосусон ва террористии ТЭТ ҲНИ маводи ниҳоят хуб ва дақиқ мебошад. Ман пешниҳод менамоям, ки дар доираи дарсҳои кураторӣ (тарбиявӣ) ҳар як куратор ва сарпарасти гурӯҳи академӣ моҳияти ин филмро ба донишҷӯён фаҳмонад. Бурдани дарси сиёсӣ барои омодагӣ ба маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи курсҳо ва гурӯҳҳо амри зарурист. Мо то метавонем, дар пешбурд ва татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро дареғ намедорем.

Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастиву миллатдӯстӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ вазифаи муқаддаси на танҳо падару модар ва омӯзгор аст, балки он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мо ҳамчун миллати тамаддунсоз ободкунандаи хонаи худ – Тоҷикистон ҳастем. Моро танҳо лозим аст, ки бо садоқатмандӣ ба ояндаи миллату давлат барои ояндаи неки фарзандони худ меҳнат кунем, кишварро обод ва аз худ барои ояндагон давлати соҳибистиқлоли озоду ором ва пешрафтаву мутараққиро ба мерос гузорем.

Нисбат ба масъалаи мазкур ва дар доираи тамошои филми мустанад иштироккунандагони дигар низ бо фикру андешаҳои худ баромад карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment