Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллими калони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” САМИЕВ Шамсиддин Файзуллоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Самиев Ш.Ф. дар мавзӯи «Рушди чорводории гӯштӣ – асоси ташаккулёбии бозори гӯшт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 26-уми сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур рисолаи илмии худро аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ) бомуваффақият ҳимоя намуд

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллими калони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” САМИЕВ Шамсиддин Файзуллоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Самиев Ш.Ф. дар мавзӯи «Рушди чорводории гӯштӣ – асоси ташаккулёбии бозори гӯшт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз — 26-уми сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур рисолаи илмии худро аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ) бомуваффақият ҳимоя намуд

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment