Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудоногузири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи рушд ва мустаҳакам гардонидани сиёсати хориҷии хеш бо роҳбари оқилу тавонои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром пеш рафта истодааст.

Маҳз ҳамин хизматҳои поквиҷдононаю софдилонаи Сарвари давлат буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ пайдо кард. Имрӯз зиёда аз 151 давлати дунё кишвари азизи мо Тоҷикистонро медонанду мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 20.01.2016 баргузор гардид, боз як бори дигар қайд намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғаразона буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки ба ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Чуноне ки аз таърих ёдрас мешавем, баъди шикасти сохтори сотсиалистӣ ҳар як давлат соҳибмустақил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард. Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гаштанаш Федератсияи Россияро шарики стратегӣ қабул кард.

Дар ин росто Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид. Мо агар сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба сарвари оқилу тавонояш муваффақ гӯйем ҳам, хато намекунем, зеро аз замоне, ки Ҷумхурии Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, бо даҳҳо ташкилоту созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва зиёда аз 120 давлати дунё ҳамкорӣ ва робитаи иқтисодӣ намуда истодааст. Дар шароити имрӯза муносибатҳои иқтисодӣ яке аз соҳаҳои басо муҳим ва ояндадори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Сарвари давлат ҳам дар ҳар баромадаш ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Солҳои охир агар мо мушоҳида намоем, нисбат ба солҳои пешин дар самти сиёсати хориҷӣ мувафаққиятҳо ба назар мерасад. Самтҳое, ки дар шаҳри Москва ва Алмаато шуда гузаштанд, нишон доданд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил гаштааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ғамхори халқу миллати тоҷик мустақилона баромад карда ва мавқеашро муайян менамояд, илова бар ин Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат манфиатҳои миллӣ ва давлатро дар минтақа дар мадди аввал мегузорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи сентябри соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии худро тасдиқ ва мавриди амал қарор дода буд, ки он моҳиятан ҳикмат ва ҳадафҳои фаъолияти давлатии моро дар арсаи байналмиллалӣ таҷассум намуда, роҳу воситаҳои татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Элмуродова Д.А. – кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment