Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як силсила масъалаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо сахт вобаста мебошад. Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва тозаистиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар нақши кишвари таъсирпазирро дошта, муқобилият ва истодагарӣ бо хатарҳои замони муосир то ҳадде душвор мебошад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як силсила масъалаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо сахт вобаста мебошад. Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва тозаистиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар нақши кишвари таъсирпазирро дошта, муқобилият ва истодагарӣ бо хатарҳои замони муосир то ҳадде душвор мебошад.
Истиқлолияти Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои пуртаҳаввули таърихи инсоният рост омад. Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ ба хусусиятҳо, афкор ва фарҳанги миллӣ, сатҳи беҳдошт таҳдид намуда, рушди технология ба равнақи раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат намуд. Маҳз шабакаи интернет, расонаҳои электронӣ ба мисли компютерҳо ва телевизионҳои моҳворавӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои аудиовизуалӣ аз омилҳои аслии паҳншавии раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бо паҳн намудани анъанаҳои барои миллати мо бегона ба тағйири ҳуввият ва фарҳанг таҳдид менамояд. Таҳдиди асосии ҷаҳонишавӣ ба ахлоқи ҷомеа равона гардидааст ва ҷавонон дар ин раванд аз қишрҳои асосии осебпазир маҳсуб меёбанд. Мушоҳида ва бардоштҳо аз раванди мавҷуда нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳои зерин аз ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бардошҳои мусбӣ инчунин ҷанбаҳои манфии худро дорост, ки яке аз онҳо хатари бемориҳои сироятӣ мебошад. Вируси COVID-19 ба истиқлолияти ҳар як давлати миллӣ таъсири шуми худро расонид, чунончӣ заифии иқтисоди миллӣ ва ҳисси нобоварӣ ба ояндаи дурахшон, эҳсосоти гардидани мардум, боз мондани фаъолияти корхонаву муассисаҳои таълимӣ ва кам гардидани истеҳсолоти кишоварзӣ ва даҳҳо мушкилоти дигарро ба вуҷуд оварда, бар рушду нумуи истиқлолияти ҳар як кишвар зарба мезанад.
Бархе аз таҳлилгарон бо бардошт аз ин ҳолатҳо боҷуръатона исрор мекунанд, ки низоми барқарори ҷаҳони муосир пас аз анҷоми ин ҳаводис на он гунае акнун хоҳад буд, ки то ҳол вуҷуд дошт. Ишора ба ин масъала дар мақолаи сиёсатмадору муҳаққиқи сиёсатшиноси амрикоӣ Г. Киссенҷер низ таҳти унвони «Пандемияи коронавирус тартиботи ҷаҳониро бебозгашт тағйир хоҳад дод» бо далелҳои боэътимод ҷой дода шудааст, аз ҷумла ӯ мефармояд, ки «Ҳарчанд таҳоҷум ба саломатии инсон, итминон дорем, зуд даргузар хоҳад буд, вале таконҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тӯли умри чандин наслҳо идома хоҳад ёфт». Ин қазоват, пеш аз ҳама, ба он низомҳои фаромиллие ишора менамояд, ки дар минтақаҳои гуногун то имрӯз даст ба рӯйи маҳдуд кардани салоҳиятҳои давлатҳои миллӣ, маҳдуд кардани мавқеи моликияти ҷамъиятӣ, пурра дар ихтиёри гурӯҳҳои молиявӣ қарор додани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ғайра дароз намуда буданд.
Имрӯҳо хатари COVID-19 тамоми дунёро фаро гирифта, оҷизии башариятро дар мубориза бо ин вабои аср бори дигар муайян намуд. Имрӯзҳо тамоми давлатҳои сиҳибистиқлол бо ин мараз дастбагиребон гардидаанд, то ин ки ин балоро аз сари инсоният нобуд созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар масири истиқлолият дар пайи бартараф намудани бемории COVID-19 як қатор чорабиниҳои зиддиэпидемиявиро амалӣ намуда истодааст.
Тадбирҳои андешидаи давлати Тоҷикистон дар шароити мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирус, аз ҷумла ташкили дидбонгонҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсони аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории мазкур, баланд бардоштани огоҳсозии ҷомеа вобаста ба зарурати риояи талаботи санитарию беҳдоштии фардӣ хело системанок, санҷидашуда ва ақлгароёна буданд. Парлумони мамлакат низ дар ин самт имрӯзҳо фаолияти мунтазаму ҳадафмандро ба роҳ мондаст, ки ин дар фаолияти таҳия ва қабули санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳои судманд бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ифода меёбад. Масалан, дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрел созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он роҳандозии чандин чорабиниҳои техникию беҳдоштӣ дар ин самт дар назар дошта шудааст.
Аз ин рӯ, новобаста, аз он ки зеҳну шуури аъзои ҷомеа имрӯз машғули ташвишҳои таъмини ниёзҳои рӯзмарраи худ мебошад, ҷалби ҳамагии тавваҷҷуҳи онҳо ба дарки зарурати пуштибонӣ аз манфиатҳои давлатии миллиамон дар қиболи хатарҳои ғайрианъанавии глобалӣ эътимод ба қудрати истодагарии ҷомеа дар муқобили ин таҳдидҳо хело муҳим аст. Ҳамчунин бояд махзани итилоотии мардум пайваста вобаста ба ин ҳодисаҳо аз сарчашмаҳои муътамад тавассути васоити ахбори оммаи мамлакат пур карда шавад, вагарна зуҳури ҳар гуна иттилооти ғаразноку носанҷида боиси авҷи изтиробу таҳлуқа мегардад, ки ба манфиати устувории суботи ҷомеа нест.
Силоҳи биологӣ аслиҳаи ҷанги сеюми ҷаҳони башарият ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр олимон қайд мекунанд, ки «Ошкоркунии генҳои инсон ва дастовардҳои охири биологияи молекулавӣ ва ҳуҷайравӣ имкон дод, ки силоҳи биологии насли сеюм – силоҳи генетикӣ ва молекулавӣ ба вуҷуд ояд.
Чуноне ки дар боло зикр намудем, яке аз роҳҳои паҳн намудани силоҳи биологӣ намудҳои гуногуни вирусҳо мебошад. Коронавирус дар баробари 40 вируси сироятие, ки ба инсон ва ҳайвон хатари ҷиддӣ дорад, дар ҷомеаи муосир доман паҳн намуда истодааст. Пизишкон оид ба ин бемории сироятӣ тадқиқоти зиёдеро анҷом додаанд ва ба он хотир номи Коронавирусро гирифтааст, ки вақте сироятшиносон тавассути микроскоп ба таркиби ин навъи беморӣ назар намуданд, дар таркиби он лифофаи шакли “тоҷ”-ро мушоҳида намуданд, аз ҳамин сабаб номи коронавирусро ё ба дигар ном микроби тоҷдор, шоҳи микробҳо ном гирифтааст. Сарчашмаи ин беморӣ аз моҳи январи соли 2019 дар Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад ва пеш аз ин низ дар шакли дигар низ мавҷуд буд.
Умуман қайд кардан бамаврид аст, ки COVID-19 дар ҳаёти инсоният хатари ҷиддӣ дошта ва ҳатто муҳаққиқон ин бемориро аз дигар бемориҳо хатарноктар медонанд. Моро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани ин амалҳои номатлуб, ки ҳам дар шакли табиӣ ва ҳам ғайритабиӣ ба амал меояд, дастаҷамъона мубориза барем. Набояд ин фаъолиятро пурра бар дӯши мақомоти дахлдори соҳавӣ гузошт, зеро вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати кишвар ин иттилоотнок гардонидани шаҳрвандон мебошад. Мо алҳол оид ба ин вабои аср аз тамоми расонаҳои хабарӣ ошно гардидем ва чуноне ки маълум аст, ҳамарӯза шумораи ҳалокшавандагон ва сироятёфтагон дар ҳоли коҳишанд. Мо бевосита оид ба ин масъала фаъолият намуда истодаем ва дар ин мақола наметавон ба пуррагӣ паҳлуҳои мухталифи онро матраҳ намуд.
Расулов Ҷаҳонзеб – ассистенти кафедраи фанҳони ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.