Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Одиназода Ҳ.О. – ректори донишгоҳ ҳамоиши имрӯзаи ҷавонони Донишгоҳи техникиро зери шиори «Интихоби мо – Пешвои миллат» кушода эълон намуд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба пешбарӣ намудани номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ Одиназода Ҳ.О. меҳмонон ва иштирокдоронро ба толори бошукӯҳи маҷлисгоҳ хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ягона ташкилоти ҷамъиятие, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар ин замина санаи 31-уми августи соли 2020 дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии худ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозӣ номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

Дар баробари дигар соҳаҳо қишри ҷавони ҷомеаи мо низ иштирокчиёни ҳамоиши “Интихоби мо – Пешвои миллат” ҳамчун як қисми асосӣ ва фаъоли Тоҷикистони азиз нисбат ба имрӯзу фардои тақдири миллату давлати тоҷик бетараф набуда, бо иштироки худ мавқеи устувори худро вобаста ба ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд намуд.

Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ сухан ба муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ дода шуд.

Назарзода Р.Ш. бо муроҷиат ба ҷавонони донишгоҳ сухани худро бо баёни солҳои душвори Тоҷикистон, азобҳои миллати тоҷик, камбуди ғизову пӯшок ва дигар муҳимоти зиндагонӣ сар карда, нақши сулҳофариниву ваҳдатсароии Пешвои миллатро беназир ва туҳфаи яздонӣ эълон дошт. Дар баромади худ инчунин Назарзода Р.Ш. дастовардҳои кишварро дар замони истиқлол як-як шуморида, заҳматҳои Сарвари давлатро дар ин неъматҳо қайд намуд.

Дар охири суханрониаш Назарзода Р.Ш. ҷавононро ба муттаҳидӣ, якдилӣ, ватандӯстиву ояндабинӣ даъват намуда, ононро ба ҷонибдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намуд.

Баъдан Азиззода Зулола – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 330105 бо маърӯзаи даъватии “Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” ва Қурбонбекзода Сулаймон Исломиддин – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 700202 бо маърӯзаи “Пешвои миллат – кафили истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ” баромад карданд.

Бо назардошти музокираҳо ва пешниҳодоти ҷолиб аз ҷониби маърӯзачиён ва иштирокдорони ҳамоиши имрӯза изҳороти иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонони донишгоҳ зери шиори “Интихоби мо – Пешвои миллат” қабул карда шуд.

Матни изҳорот аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ҳамзамон Раиси иттифоқи ҷавонони донишгоҳ Акрамов С.С. қироат гардид.

Дар охир бо садо додани Суруди миллӣ ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment