Ҳангоми шарҳи воқеаҳои конкретии таърихӣ, ки на танҳо аз сабабҳои умумӣ ва махсус, балки аз сабабҳои фардӣ ҳам вобастаанд, аз роли шахс сарфи назар кардан мумкин нест. Бахусус ҷараёни истиқлолхоҳӣ дар ин ё он мамлакат, инчунин рафт ва оқибати ҷанг дар байни шаҳрвандон, давлатҳо ва дигар воқеаҳои конкретии таърихӣ на танҳо ба сабабҳои асосию муайянкунанда, балки натиҷаҳои чунин ҳодисаҳо аз бисёр ҷиҳатҳо ба омилҳое ба монанди хирадмандӣ, мардонагӣ, дурандешӣ ва дигар хислатҳои неки онњое вобастаанд, ки ба ин ё он воқеаҳо роҳбарӣ менамоянд.
Тӯли таърих башарият шахсиятҳои барҷаста аз қабили Махатма Ганди, Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад, Шарл де Голл, Франклин Рузвелт чун пешвоҳои муваффақи миллӣ эътироф шудаанд.
Оре, ин гуна нафарон зиёд нестанд. На ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Барои ба номи бузурги «Пешвои миллат» сазовор гаштан пеш аз ҳама содиқ будан ба ватану миллат ва халқи азизи он, дониши баланд, ҷасорат, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ ва меҳнату заҳмат, ранҷу талоши шабонарӯзї аз инсон талаб мешавад. Вақт муайян хоҳад кард, ки чӣ шахсон дар ҷомеа ба ин ном арзандаанд.
Ҳангоми шарҳи воқеаҳои конкретии таърихӣ, ки на танҳо аз сабабҳои умумӣ ва махсус, балки аз сабабҳои фардӣ ҳам вобастаанд, аз роли шахс сарфи назар кардан мумкин нест. Бахусус ҷараёни истиқлолхоҳӣ дар ин ё он мамлакат, инчунин рафт ва оқибати ҷанг дар байни шаҳрвандон, давлатҳо ва дигар воқеаҳои конкретии таърихӣ на танҳо ба сабабҳои асосию муайянкунанда, балки натиҷаҳои чунин ҳодисаҳо аз бисёр ҷиҳатҳо ба омилҳое ба монанди хирадмандӣ, мардонагӣ, дурандешӣ ва дигар хислатҳои неки онњое вобастаанд, ки ба ин ё он воқеаҳо роҳбарӣ менамоянд.
Дидаҳо диданд, сарҳо дарк ҳам карданд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки дар давлат ҷанги шаҳрвандї идома дошта, зиёда аз 150 000 нафар шаҳрванди куштаву беному нишон, 55 000 кӯдаки ятиму бепарастор, 1400 нафар сарбози ҷоннисоркарда дар роҳи Ватан, зиёда аз 25 ҳазор зани бешавҳару бесаробонмонда, беш аз 1 милион гуреза, афзун аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисоди миллӣ, гузашта аз 36 ҳазор манзили ба хоку хуну оташ кашида, ҳазорҳо мактабу кӯдакистон, бемористон, 100-ҳо миллион хисороти ҳисобношуда ва, аз ҳама даҳшатовараш, ноумед будани мардум аз фардои дурахшони миллат буд. На касе парвои мансаб дошт ва на касе барои ба даст овардани мансаб талош мекард. Мансаб хавф дошт. Мардум дар фикри чӣ тавр луқмаи нон дарёфт кардану худро аз марг наҷот додан буд.
Дар ин лаҳзаҳо зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан ва бо як умеду боварии том ба давлатсозӣ шурӯъ намудан аз хислатҳои неки ҷавонмардонаи ин шахсияти бузурги таърихӣ, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Ҳанӯз аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш ў изҳор дошта буд, ки «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро фидо месозам» ва ё «То он даме, ки ман охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, худро ҳамчун роҳбари давлат ором ҳис намекунам».
Вақт нишон дод, ки воқеан ҳам тамоми ваъдањоеро, ки роҳбари давлат аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш карда буд, дар амал татбиқ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона муаррифӣ намуд. Садои мавҷбори забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид аз забони ин сиёсатмадори маъруфу маҳбуб садо дод.
Аҳмадшоҳи Масъуд, шахсияти бузурги Афғонистон, гуфта буд: «Ман дидам, ки чи гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем…».
Сулаймон Демирел, Президенти Ҷумҳурии Туркия: «Дӯстии Тоҷикистон ва Туркия дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳо аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии дӯсти наздики ман Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ мебошад, метавонад бо кӯмаки дӯстон ва бо шарофати меҳнати фидокоронаи халқаш босуръат рушд кунад».
Владимир Воронин, Президенти Ҷумҳурии Молдова: «Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун сарвари давлат на танҳо дар ватани худаш, балки дар хориҷи он низ соњибэътибор гардонидаанд».
Чигиз Айтматов, нависандаи номвари қирғиз: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст».
Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар: «Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод. Ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард». Дањҳо гуфтањои шахсиятҳои барӯманди дигари дохилу хориҷ, амсоли Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Патон, собиқ вазир оид ба корҳои ҳаҷљи ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммадсидиқ Чокар, устоди бахши форсии Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон профессор Офтоби Асғар, раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Геннадий Селезнёв, ходими давлатӣ ва сиёсии Россия, Раиси Ҳукумати ФР Евгений Примаков, директори иҷроияи сандуқи байналмилалии асъор Мишел Камдессю, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Муҳаммадҷон Шаккуриро низ инљо овардан мумкин мебуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар марҳила тақдирсози миллат сиёсати роҷеъ ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу оштихоҳӣ, ки хусусияти умумибашарӣ доранд ва дар замири суннатҳои мардумони мутамаддини тоҷику эронитабор сароб мехӯранд, пеша карда муваффақ гардид.
Имрӯз боиси хушнудӣ ва сарфарозии кулли мо, ҷавонон, аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба ҷавонон такя намуда, онҳоро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ намуд. Ҳанӯз соли 1993 аввалин вохӯрии худро бо ин табақаи ҷомеа ташкил карда, қайд кард, ки дар чунин давлате, ки 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ин нерӯ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соли 1992 қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» нишонаи возеҳи таваҷҷӯҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
Ин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имконият барои онҳо фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш омӯзанд, забон аз худ кунанд, аз техникаву технологияи ҳозиразамон бохабар гарданд, дар донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баланди соҳа дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузоранд.
Воқеан ҳам тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ маҳаки асосӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар ин замина Роҳбари давлат қайд намуданд, ки: «Чун истиқлолияту ваҳдати миллӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагонии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад, моро лозим аст то густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти истиқлолу ваҳдати миллиро дар шуури наврасону ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия равона намоем.
Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне худогоҳиву худшиносӣ, бохабар будан аз таъриху фарҳанги миллӣ, шахсро водор месозад, ки ба қадри Модар- Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад».
Бохабар будан аз таъриху фарҳанги миллӣ, бинои давлатро мустаҳкам ва иқтидорашро дучанд зиёд мекунад. «Орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо, чӣ хел худро инсон мешуморӣ?
Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?
Таърих гувоҳ аст, ки рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш, қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора – пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд».
Яке аз сиёсатмадорон ва ислоҳотталабони охири асри 19 –и рус Пётр Столипин фармуда буд: «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд».
Эмомалӣ Раҳмон такя ба халқи шарифи Тоҷикистон карда, дар якҷоягӣ тавонист миллати паҳну парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ ва пас аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон, пас аз ҳазор соли навмедии гузаштагони мо, ки дар ин давом интизори ин навиди муборак буданд, ин шахсияти бузурги таърихӣ тавонист давлати Тоҷикистонро њифз, мураттаб ва ба ҷаҳониён ҳамчун давлати воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Банда фикр мекунам, ки унвони Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997, пас аз ба имзо расонидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бояд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон медоданд.
Арзанда ва муборакашон бод унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Халқи тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавони давлат пайравони аслии Шумо буда, сиёсати пешгирифтаи Шуморо ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунанд ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он саҳми кӯчаки худро мегузоранд.
Номи ин абармард Эмомалӣ Раҳмон чун пешвоҳои муваффақи миллӣ, ки аз ҷониби халқ эътироф шудаанд, дар таърих боқӣ монда, корнамоиҳояш бо хатти заррин сабт хоҳанд шуд.
Амирҷонзода Солеҳҷони Адабҷон – сардори Шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз сомонаи https://youth.tj/2020/10/01/kornamoi-oi-peshvoi-muazzami-millat/