Тибқи қарори ЮНЭСКО аз 3-юми августи соли 2010 муҷтамаи бостонии Саразм ба феҳристи мероси ҷаҳонии ин ташкилоти байналмилалӣ шомил гардид.

«Мо Саразмро бузургтарин ёдгории қадимаи тоҷикон мешуморем. Саразм таърихи беш аз 5000-сола дорад. Вай манзилгоҳи қадимтарини кишоварзон дар Суғд ва дар тамоми қисмати шимолии он, умуман Осиёи Марказӣ мебошад».

Ю.А. Заднепровский (доктори илми таърих, Санкт-Петербург).

Пӯшида нест, ки ҳар як қавму қабила ва ё халқу давлате соҳиби таъриху фарҳанги хосанд. Тоҷикон ҳам чун дигар халқу миллатҳои куҳани сайёра таъриху тамаддуни ба худ хоси атиқа доранд ва дар масири таърих тамаддуни арзандаеро ба мерос гузоштаанд.

Тадқиқоту ҳафриёти даҳсолаҳои охири бостоншиносӣ яке аз маҷмааҳои азиму қадимтарини тамаддуни башарӣ – Саразми бостониро ошкор сохта, барои оламиён дигарбора соҳибтамаддунии тоҷиконро собит намуд.

Фараҳбахш аст, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари дурандешу ғамхори давлату миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилиё баргузор гардид, Муҷтамаи бостонии Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Иқдоми саривақтӣ ва шоистаи мазкурро аҳли мутамаддини ҷаҳон, хоса донишмандони соҳаи таъриху фарҳанги олам, якдилона ва фараҳмандона мавриди пазироӣ қарор дода, нуқтаи назари худро нисбат ба Саразму мақоми таърихӣ-фарҳангии он муҷаддадан иброз намудаанд. Аз ҷумла таърихшиноси маъруфи ӯзбек – узви пайвастаи АИ Ӯзбекистон Аҳмадалӣ Аскаров андешаи худро дар ин бора чунин изҳор намудааст: «Саразм ёдгории беназири кишоварзони қадими водии Зарафшон ва бузургтарин кашфиёти аср дар соҳаи археологияи Осиёи Марказӣ мебошад. Мо дар Саразм манбаи олӣ тараққикардаи тамаддуни Суғдро мебинем, ки бо гузаштаи қадимтарин бо фарҳангу тамаддуни Шарқи Куҳан робитаи зич дошт. Маҷмуи маълумот собит мекунанд, ки Саразм яке аз марказҳои калонтарини тамаддуни қадим бо хусусиятҳои ба худ хос будааст, ки дар пешрафти тамаддуни олӣ тараққикардаи шаҳракҳои ибтидоии Суғд асос гузоштааст».

Омӯзишу тадқиқи маҷмааи муҳташами Саразм тақрибан аз нимаи дуввуми солҳои 70-уми асри ХХ ибтидо гирифта, дар ин бора тадриҷан ахбороту мақолоти илмӣ, публисистӣ ва баъдан, китобу рисолаҳо ба табъ расидаанд ва дере нагузашта, бостоншиносон ба ҳафриёти мавзеъ шурӯъ намуданд.

Аз тадқиқоти манбаъшиносон ва ҳафриёти бостоншиносон бармеояд, ки дар сарзамини Осиёи Марказӣ шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ҳанӯз аз нимаҳои дуввуми ҳазораи IV – ибтидои ҳазораи III қабл аз милод ибтидо гирифта будааст. Ёдгориҳои нодири Намозгоҳтеппаву Олтинтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундикати Афғонистон, Яҳётеппаи шаҳри Сӯхта, Уруқу Сӯз, Теппаи Ҳисору Туренгтеппаи Эрон, Моханҷадараи Харакии Ҳиндустон, Меҳргару Навшаҳру Пираки Балуҷистон ва ғайраҳо гувоҳи равшани чунин андешаҳоянд.

Бузургшаҳри Саразм низ дар радифи чунин марказҳои қадимаю соҳибтамаддун қарор гирифта, дар миёни аксари онҳо алоқаҳои тиҷоративу фарҳангӣ вуҷуд дошта будааст. Дар ин қабил шаҳрҳо сохтори меъмории биноҳо, тарҳрезии кӯчаю хиёбонҳо, табақаҳои аҳолӣ, тиҷорат, раставу дӯконҳои ҳунармандӣ, ки рукнҳои асосии шаҳру шаҳрдорианд, шабеҳи ҳамдигаранд. Аз харобаҳои Саразм маъбади дуқабатаи оташпарастон, ки қабати аввалаш барои фурӯзон доштани оташи рӯзмарра, қабати поёнӣ ё поёнтари он чун мавзеи оташи абадӣ, яъне ҳамешафурӯзон созмон ёфтаанд, кашф гардид.

Аз харобаҳои Саразми атиқа пайдо шудани боқимондаҳои лоҷварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, асбобу анҷоми гуногуни ҳаккокигардидаи Балуҷистону Сайистону Афғонистон ва дигар дурдонаҳои қиматнок шаҳодати ривоҷи тиҷорат дар ин сарзамин буда, дарак аз ташаккулу нумуи Роҳи Абрешим дар ҳамон давраҳо медиҳад. Боиси ифтихормандист, ки саразмиён дар қисмати Шимолу Шарқи Осиёи Марказӣ паҳнкунандаи асбобу ускуна ва маснуоти заргарии тиллою нуқра, мису қӯрғошим, лоҷварду фирӯза ва ғайраҳо ба дигар қисматҳо – Ҷанубу Шарқи Осиёи Марказӣ ва ҳатто мамолики атиқаи Аврупо будаанд.

Пажӯҳишу омӯзиши таърихи пайдоишу ташаккули тамаддуни башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳазораи VI пеш аз милод марҳалаи пешрафти бемайлони ҳаёти одамон дар рӯйи замин будааст. Дар ин давра инсоният тарзу усули тозаи муносибат ба табиатро пеш гирифта, коркарди маъданро хуб ба роҳ андохт, аз оҳан, биринҷӣ ва ғайраҳо сохтани ҳам олоти меҳнату ҳам асбоби гуногуни рӯзгорро ёд гирифт ва дар қиёс бо дигар давраҳои ҳаёташ ба куллӣ пеш рафт. Ба таъбири дигар, эраи энеолит ба Саразми бостонӣ низ пайванди бениҳоят наздик дорад.

Ҳафриёти бостоншиносон дар воҳаҳои болооби Зарафшон ёдгориҳои бешумори ороиш – асбоби рӯзгор ва олоти меҳнатро кашф кардааст, ки асосан ба давраи атиқаи асри биринҷӣ тааллуқ доранд.

Дар асрҳои IV-III то милод дар қаламрави Осиёи Миёна, аз соҳилҳои Аралу Қазоқистони ҷанубӣ то қисматҳои Амударёву Сирдарёву Помир бошишгоҳҳои неолитӣ мавҷуд буданд, ки аслан мардумашон шуғли моҳидорӣ ва шикорро доштанд.

Бешубҳа, кашфи муҷтамаи муҳташами Саразм, ки давраҳои қадимтарини заминдориву шаҳрсозиро дар бар мегирад, яке аз дастовардҳои шоёни солҳои охири илми бостоншиносии тоҷику ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Саразм ҳамчун намунаи шаҳрсозию шаҳрдории қадима соли 1976 ҳангоми киштукори баҳорӣ ва берун омадани асбобу олоти гуногуни кору рӯзгори қадимиён осону ногаҳон ошкор гардид. Бо мақсади дақиқ омӯхтани вазъият ба ин мавзеъ муҳаққиқи риштаи бостоншиносӣ ҷавони ҷасуру ҷӯянда Абдуллоҷон Исҳоқов, ки дар он солҳо сарварии ҳафриёти бостоншиносиро дар водии Зарафшон бар уҳда дошт, сафарбар карда мешавад.

Сараввал бо мақсади тадқиқи ҳамаҷонибаи мавзеъ таҳти сарварии Абдуллоҷон Исҳоқов омӯзиши бошишгоҳ оғоз мегардад. Ҳамвории начандон васеи соҳили Зарафшон, ки 15 км ғарбтари Панҷакенту 45 км шарқтари Самарқанд воқеъ гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

«Ҳафриёти Саразм таҳти роҳбарии Абдуллоҷон Исоқов – навиштааст узви пайвастаи АИ Тоҷикистон Б.А. Литвинский – аҳамияти ҷаҳонӣ дорад ва барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Ҳафриёт собит намуд, ки аҷдодони қадимаи тоҷикони маскуни водии Зарафшон камаш 5000 сол муқаддамтар, аз он ҳам эҳтимол, муқаддамтар кишоварз будаанд».

Бозёфтҳои бостоншиносон ва муоинаҳои лаборатории онҳо гувоҳӣ доданд, ки дар ҳазораҳои IV-III то милод Саразм ҳамчун бостоншаҳри Шарқ бунёд ёфта, давраҳои энеолити охир ва аввали биринҷиро фаро мегирад.

Ҳанӯз он айём иқлими воҳаи Зарафшон барои рушди кишоварзӣ мусоид будааст, ки аз ҳафриёти Саразм дастрас гаштани қадимтарин каналҳо, хумдонҳои азими нигоҳдории ғалладона, ки беосеб то замони мо омада расидаанд, гувоҳи равшани онанд. Обу ҳавои муътадил, заминҳои шодобу ҳосилхези водию доманаи кӯҳсор имкон медоданд, ки хоҷагидорӣ ривоҷ ёбад. Мавҷудияти тӯқайзор ва пуробии рӯди Зарафшон ташаккулёбӣ ва ривоҷи шикорро ҳам фароҳам оварда будааст.

Кофтуковҳои бостоншиносӣ далели онанд, ки дар ин воҳа сатҳи корҳои сохтмонӣ равнақ дошта, биноҳо бо тарҳрезии аҷибе бунёд меёфтанд. Аз ин рӯ, Саразм аз ҷумлаи нигоҳдорандагони аломатҳои муҳими ҳунари меъмории Осиёи Миёна ҳам мебошад. Аз Саразми бостон чор шакли биноҳо ёфт шудаанд, ки аз ҳамдигар бо тарҳрезии меъмориашон ба куллӣ фарқ мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар Саразм намунаҳои зиёди биноҳои истиқоматӣ, қасрҳо, иншооти хоҷагидорӣ, марказҳои фарҳангӣ, ибодатгоҳҳо ва ғайраҳо, ки аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд, пайдо карда шуданд. Биноҳои истиқоматӣ бисёрҳуҷра буда, ба чор давра тааллуқ доранд. Биноҳою қасрҳо хеле дилчаспу хотирмон бунёд ёфта, тибқи нақшаи муайян дар кӯчаву хиёбонҳои алоҳида ҷойгир шудаанд. Қад-қади кӯчаҳои шаҳр хумдонҳои гуногунҳаҷми маъдангудозӣ, устохонаҳои косибӣ ва кулолгарӣ ҷой дода шудаанд.

Пайдо шудани боқимондаи устухони ҳайвоноти майда ва шохдори калон, мавҷудияти оғилхонаҳо ва ҳатто устухони говони ибтидоӣ, ки бо номи Тур (наргови чанбаршох) маъруфанду баҳри иҷрои расму оини аҷдодиву мазҳабӣ қурбонӣ шудаанд, гувоҳи фаъолона ба чорводорӣ машғул будани саразмиёнанд.

Қаламрави Саразм ба қисматҳои махсус тақсим шуда будааст. Биноҳои ба сармоядорону ашрофзодагон мутааллиқ, ки иборат аз қасру кӯшкҳоянд, аз маҳаллаҳои мардуми оддӣ ба тарзи ҷойгиршавии дӯконҳои косибию ҳунармандӣ, ҷойгиршавии кӯчаву растаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ба куллӣ тафовут доранд.

Ҷойҳои муқаддас ё худ ибодатгоҳҳое, ки дар Саразм пайдо гардидаанд, ҳаҷман аз якдигар фарқ мекунанд. Деворҳояшон бо рангҳои сурху кабуд бо хатҳои ғафс наққошӣ ва ҳаккокӣ шудаанд. Дар як қатор ибодатгоҳҳо аломатҳои хурд-хурди салибмонанд кашида шудаанд, ки хоси расму ойинҳои ҳамон замонанд.

Аз ҳудуди ҳафриёт деворҳои тӯлкашидае ёфт шудаанд, ки дар онҳо харитаю нақшаҳои ҷойгиршавии биноҳое, ки дорои танӯру оташдон ва оташкадаҳоянд, инъикос гардидаанд. Боқимондаи партовҳо, пасмондаҳои аз ҳарорати баланди оташ обгардидаи олоти гуногуну сангрезаҳо ва девораҳои баланди сангӣ низ пайдо шудаанд, ки гувоҳи ривоҷи маъдангудозӣ дар ин қаламрави қадиманд.

Парастиши сари говмеши тур аз ҷониби Саразмиён ва пайдо гардидани муҳри мудаввару ҷолиб, ки дар он тасвири говмеш инъикос гардидааст, нишони эътиқоду ибодатионҳо ба чунин тимсолҳо мебошад.

Асоси машғулияти Саразму саразмиёнро заминдорӣ, боғдорӣ, сабзавоту полезӣ, чорводорӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ташкил медодааст.

Агар Саразм ҳамчун қаламрави қадимаи заминдорону боғдорон ва чорводорони асрҳои IV-III то милод ҳамаро мафтун гардонида бошад, маъхазу шоҳкориҳои фарҳангии он бинандаро ба ҳайрат наоварда наметавонанд.

Ёфт шудани пораҳои сафолини гуногунрангу гуногунҳаҷм, навъҳои мухталифи фулузот, сангҳои гуногун, асбобу анҷом ва лавозимоти гуногун аз устухонҳо ва ғайраҳо далели дар сатҳи баланд ташаккул ёфтани соҳаҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолот дар Саразми ҳамонвақта мебошанд. Сафолтайёркунӣ ва истеҳсоли маснуоти сафолин дар Саразм мақоми хоса дошта, дар Осиёи Миёна ва Эрон чунин навъи ҳунар маъмул будааст.

Дар ибтидо саразмиён сафолро дастӣ сохта, баъдтар дар натиҷаи такомул ёфтану пеш рафтани истеҳсолот шаклҳои нави коркардро ба худ гирифтааст. Ва аз сафол асбобу анҷоми гуногуни рӯзгор, мисли табақ, коса, пиёла ва ғайраҳо месохтанд. Асбобу ускунаҳоро саразмиён бо рангҳои гуногун тобишу ороиш медодаанд, ки боиси хушсифатии онҳо мегардиданд ва бештар чунин тарзи наққошӣ дар зарфҳои таъомхӯрӣ ба мушоҳида мерасад.

Чунин шакли зарфҳоро дар қисмати Ҷанубу Шарқи Туркманистон ва Балуҷистону Сайистон, то кишварҳои соҳили Баҳри Миёназамин дучор омадан мумкин аст, ки аз умумияту пайвастагӣ ва равобити тиҷоратию фарҳангӣ доштани ин мардумон гувоҳӣ медиҳад. Аз Саразм зарфҳое ба даст омадаанд, ки аз ҷиҳати нақшу нигор ба зарфҳои мардуми қисмати шимоли Эрон шабоҳат доранд.

Бори нахуст дар таърихи Осиёи Миёна ва Эрон дар рафти ҳафриёти Саразм маводе дастрас гардиданд, ки ба маводи кишварҳои аз ҳамдигар дур – Ҷануби Туркманистон, Шимолу Шарқи Эрон, Сайистону Балуҷистон, соҳилҳои Арал ва Баҳри Миёназамин шабоҳат доранд ва ин аз алоқаи наздики кишварҳои номбурда шаҳодат медиҳанд.

Бозёфтҳои ҳафриёти Саразм гувоҳи дар сатҳи аъло истеҳсол шудани сафол дар ин сарзамин мебошад, яъне далелу дастовардҳои бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд, ки саразмиён хумдонҳои сафолпазиро хуб истифода мебурдаанд. Онҳо ҳанӯз панҷ-шаш ҳазор сол муқаддам сафолпазиву истеҳсоли зарфҳои гуногуни сафолиро хеле хуб ба роҳ монда будаанд.

Аз Саразм оташдонҳое пайдо гардиданд, ки имрӯз ҳам дар ҳолати хуб қарор доранд ва дар ду шакл – аз хиштҳои хому пухта сохта шуда, ҳар яке вазифаи мушаххасу муайяни худро доштанд. Онҳо бо мӯриҳои гармикашу дудкаш тарҳрезӣ шуда, мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Аз ин ҷо намунаҳои ҷолиби қадаҳҳо, кӯзаҳо ва дигар зарфҳое, ки иборат аз даҳ намуд буда, аз сафоли пӯхта сохта шудаанд, пайдо гардиданд. Оташдонҳое, ки саразмиён дар ибтидои асри III то милод истифода мебурданд, ҳамтои худро дар саросари Осиёи Миёна надоштанд. Танҳо ду ҳазор сол пас чунин оташдонҳоро дар воҳаҳои Қашқадарёю Самарқанду Бохтар истифода кардаанд.

Айни замон Саразм ягона бошишгоҳи мардумони заминдору ҳунарманд ва чорводор дар асрҳои IV-III то милод аст, ки дар қисмати шимоли кишварамон дастрас гардидааст.

Дар охирҳои асри IV то милод шаҳраки Саразм аз калонтарин марказҳои маъданкоркунии Осиёи Миёна будааст. Дар соҳили Зарафшон ва доманакӯҳҳои он истеҳсоли қалъагӣ, тилло, нуқра, биринҷӣ, даҳани фаранг ва ғайра ба роҳ монда шуда буд.

Истеҳсол ва коркарди маъдан барои саразмиён аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар тамоми давраҳои мавҷудияти Саразм асбобҳои филизӣ ба мушоҳида расидаанд.

Пайдоиши кордҳои нуқраву биринҷӣ, дашнаву табарҳои дудама, тешаву потешаҳои гуногун, боқимондаи маъданҳои мухталиф, муҳри қӯрғошим, шаддаву марҷонҳои тиллову биринҷӣ ва ғайраҳо гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Сохтану тайёр кардани шаддаҳо аз ақиқу лоҷвард ва садафу фирӯза, ки аз соҳилҳои Уқёнуси Ҳинд оварда шудаанд, аз ташаккулу равнақи волои ҳунармандиву санъати баланди заргарии саразмиёни қадим дарак медиҳанд.

Баробари маъдангудозиву коркарди он дар ҳафриёти Саразм осори коркарди чӯбу пӯсту пашм, матоъҳои абрешим ва як қатор шоҳкориҳои дигари соҳаи мазкур ҳам ба мушоҳида расидаанд.

Аломату нишонаҳои авҷи санъати рассомии саразмиён аксаран дар ороишоте, ки дар девораҳо ҳаккокӣ шудаанд, ба назар мерасад. Асосан ин намуди санъат дар шакли нақшаҳои геометрӣ: росткунҷаву секунҷа, хатҳои рости уфуқӣ ва ғайраҳо инъикос шудаанд. Ҳунари рассомии худро саразмиён ҳангоми тайёр кардани чароғакҳои тиллоӣ, шаддаҳо, қадаҳҳои нуқрагину мисиву биринҷӣ нишон додаанд.

Аз Саразм ду намуди маросимгоҳу меҳробҳо, ки шакли доира ва росткунҷа доштанд, пайдо гардиданд.

Тибқи ҳисоби бостоншиносон дар Саразм 150 намуди асбобу анҷоми филизӣ ва зиёда аз 40 намуди олоти сангӣ ба даст омадааст. Ёфт шудани намунаҳои мухталифи олоти меҳнат аз коркарди маъданҳо ва мавҷудияти оташдонҳои гудозиши фулузот гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Саразми бостонӣ ҳанӯз 5-6 ҳазор сол пештар истифодаи маъданҳои зеризаминӣ, монанди қалъагӣ, сурб, фирӯза, кварс ва ҳатто лоҷварди Бадахшон ба роҳ монда шуда будааст.

Асрҳои IV-III то милод Саразм калонтарин маркази тиҷоратӣ байни минтақаҳо будааст, ки кишварҳои аз ҳудуди водии Зарафшон дуродурро дар бар мегирифтааст. Саразм дар он давраҳо мақоми маркази хариду фурӯш ё додугирифти молу амвол дар Осиёи Миёна будааст. Пайдо гардидани оромгоҳи зан (олиҳа ё малика), ки бо зару зевари зиёд гӯронида шудааст, дарак аз он медиҳад, ки маросимҳои динӣ дар ин сарзамин ғайриоддӣ буда, урфу одати хеле қадимаро инъикос менамоянд.

Дар паҳлуи турбати зан мардеву духтаре ҳам дафн шудаанд. Аз турбати зани дафншуда чанд ҳазор шаддае, ки аз сангҳои қиматбаҳои гуногун сохта шудаанд, ёфт гардидааст. Дар банди дасти марҳум дастпонаи аз харчанги баҳрии Уқёнуси Ҳинд сохташуда пайдо гардидааст. Ороишоти дигари дар оромгоҳи зан пайдогардида гувоҳи онанд, ки марҳум аз табақаи болои ҷамъияти ҳамонрӯзаи саразмиён будааст. Ҳамаи ашёю ороишоти дар ин қабристон пайдогардида ба дахмаи маданияти заминдории қадима бо девораҳои сангине, ки дар қисмати ҷанубии Авросиё мавҷуданд, шабоҳат доранд.

Пешрафти иқтисодию фарҳангии Саразм дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум асари равшане гузоштааст. Чунин таъсиррасонӣ, ба хусус дар истеҳсоли маҳсулот, ба эътидол овардани савдо, ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсимшавии ҷомеа, шаҳрдорию сокиншавии аҳолии шаҳр, ташаккулёбии муҷтамаи дилкашу ҷолиби санъати меъморӣ ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасанд.

Ташкили муназзами савдо ва истеҳсоли навъҳои зиёди озуқаворӣ ва сохтану тайёр кардани олоти гуногун низ ба ҳамин давра мансубанд.

Ҳамин тавр, Саразм аз аввалин марказҳои савдои Осиёи Миёна будааст, ки аз аввали асри IV то милод бо сарзаминҳои зиёди Авросиё, дар қисмати шимол аз соҳилҳои баҳри Арал, дар ғарб бо пуштакӯҳҳои Туркманистону Эрон, дар ҷануб то воҳаҳои Ҳинд ва ғайраҳо равуо ва робитаи зичи тиҷоратию фарҳангӣ доштаанд.

Агар харчангҳои баҳрӣ барои саразмиён маҳсулоти воридотӣ бошанд, арзиз ҳамчун моли худи саразмиён ашёи асосии содиротӣ ба ҳисоб мерафт ва дар ҳамин асос метавон овард, ки водии Зарафшон дар ҳамон давраҳо яке аз содиркунандагони асосии қалъагӣ дар дунёи қадим будааст.

Осори маданияти қадимаи Саразм дар дигар кишварҳо равшану гӯё ба назар мерасанд, ки дар ташаккули заминдориву кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии он кишварҳо таъсири назаррас гузоштаанд.

Натиҷаи корҳои бостоншиносии Саразм дар бисёр симпозиуму конференсияҳои илмии дохиливу байналмилалӣ (Душанбе, соли 1982; Вашингтон, солҳои 1981 ва 1986; Париж, соли 1985; Маннсе, соли 1992 ва Панҷакент, соли 1994) мавриди омӯзиш ва баҳсу муҳокимаҳои густурда қарор гирифтаанд.

Ниҳоят, ба таъкид расонидан фарз аст, ки дар хусуси атрофи ҳафриёту кашфиёти Саразми бостонӣ олимони зиёди ватаниву хориҷӣ рисолаву монография ва ахбору мақолаҳои гуногун ба табъ расонидаанд, ки Исҳоқов А., Пянков Л.Т., Эшонқулов У., Раззоқов А., Бобомуллоев С., Безенвал Р., Франфорт А.П., Лионев В., Казанова М., Карковский Л., Колом Ф., Массон В. М., Бартолд В.В., Макс Р., Чайлд Г., Гуляев В.И., Шмидт П.Е., Сарианиди В.И., Литвинский Б.А., Ретвеладзе Е.В., Затденепровский Ю.А., Болшаков О., Аскаров А., Ширинов Т. ва дигарон дар сафи пеш қарор дошта, ному осорашонро муҳаққиқони баъдинаи Саразми бостонӣ гиромӣ бояд доранд.

Ҳамчунин ба забон овардан хуш аст, ки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки худаш аз таърихдонони муваффақи Тоҷикистону ҷаҳон ва муҳаққиқи Айниву Ғафуров таборанд, ба ёдгориҳои таърихии фарҳангии кишвар чун арзишҳои гаронмояи миллати таърихсоз ва тамаддунпарвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ки Саразм аз ин доира истисно намебошад.

Беҳуда нест, ки 21-уми сентябри соли 2000-ум бо Қарори Сарвари давлат ёдгории 6000-солаи Саразм чун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид, ки гувоҳи дигари тамаддунпарварӣ ва меҳанпарастии Президенти Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи бостоншиноси маъруф Абдурауф Разоқов «ин иқдоми нек ва хирадмандонаи Сарвари мамлакат ҳар яки моро водор менамояд аз тамаддуне, ки ҳанӯз дар ҳазораи IY-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо – тоҷикони муосир мерос гузоштанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазораи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси олам бошем».

Президенти мамлакат дар Рӯзи Дониш – якуми сентябри соли 2005 зимни сафари корӣ, ба шаҳраки қадимаи Саразм рафта, бори дигар ба бостоншиносон ошно гардид. Ба андешаи Президент маҳаллаи ёдгориҳои бостонии Саразм ба зиёратгоҳи ҷаҳониён табдил хоҳад ёфт.

Президенти кишвар ҳамчунин дар мавриди ифтитоҳи маҳаллаи нави Саразм таъкид кард: «Рӯйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид.

Барои ба ин рӯйхат тавассути барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз қабили «Шаҳраки қадимаи Панҷакент», «Шаҳри Бунҷекат», «Қалъаи Ҳисор», «Маъбади буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри «Тахти Сангин», «Шаҳри Ҳулбук», «Қалъаи Ямчун» корҳои тадқиқотӣ идома доранд» [Паём-2011].

Бидуни шакку шубҳа, ба шарофати чунин муносибату муҳаббати ватанпарварона ва сиёсату раёсати созанда рӯзе, дар ояндаҳои начандон дур, шаҳри бузурги Саразм дигарбора қомат афрохта, натиҷаҳои заҳмати олимони саразмшинос рафи китобхонаҳои хурду калони мову ҷаҳониёнро зебу оро хоҳад дод.

Маъхазҳо:

  1. http://www.president.tj/node/193 (Паёми Президенти ҶТ- 20.04. 2011)
  2. Аскаров А. Древнеземледельческая культура эпохи бронзы юга Узбекистана. — Ташкент: Изд. «Фан», 1977, с. 106-107.
  3. Исаков А. И. Саразм – огози тамаддуни халки точик (Саразм- горизонты цивилизации таджикского народа). Панчакенти Сугд (на таджикском языке). Худжанд, 2005.
  4. Исаков А.И. Исследования Саразмского отряда в 1984 г. // APT. Вып. 24. Душанбе, 1993. С. 117-130
  5. Исаков А.И. О работе Международной археологической экспедиции на поселении Саразм в 1985 г. // APT. Вып. 25. Душанбе, 1994. С. 85-99
  6. Исаков А.И. Отчет о работах на Саразме в 1980 г. // APT. Вып. 20. Душанбе. 1987, С. 269-278
  7. Исаков А.И. Работы Саразмского отряда в 1982 г. // APT. Вып. 22. Душанбе. 1990, С. 144-158
  8. Исаков А.И. Разведки и раскопки Саразмского массива в 1981 г. //APT. Вып. 21. Душанбе, 1988. С. 186-198
  9. Исаков А.И. Раскопки Саразмского отряда в 1983 г. // APT. Вып. 23. Душанбе  1991, С. 348-362
  10. Исаков А.И. Саразм (к вопросу становления раннеземледельческой  культуры  Зеравшанской долины) (раскопки 1977-1983 гг.). Душанбе, 1991. 156 С.+ илл.

Амонатова Ф.Қ. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment