Халқи тоҷик дар масири таърих пайроҳаеро тай намудааст, ки дар ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обу ҳар навдаи рустании он роҳ хуни ҳазорон ҷонфидоёни Ватан баҳри озодӣ ва пойдории он рехтаву чун муҳри ин сарзамин нақш бастааст. Ончунон дар хотираи таърих нақш бастааст, ки борҳо ҳасудону тамаъҷӯён бо мақсади пок намудани он хотираҳои халқи тоҷик бо оташу тиру туфанг, расму русум, забон, дину оин вориди ин сарзамин гардиданд. Қудуми наҳсу касифи онҳо боиси аз миён бурдани аввалин давлатҳои тоҷикон ва захми бузурге дар синаи миллат шуд. Онҳо ҳар яке ба гунае меомаданд ва амали нангинеро ба номи худ муҳр мезаданд. Ин буд, ки Искандари Мақдунӣ бо ҳуҷуми ғосибонаи хеш дороии мулки мо ва бештар аз он сарвати маънавии моро бо худ бурд.

Халқи тоҷик дар масири таърих пайроҳаеро тай намудааст, ки дар ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обу ҳар навдаи рустании он роҳ хуни ҳазорон ҷонфидоёни Ватан баҳри озодӣ ва пойдории он рехтаву чун муҳри ин сарзамин нақш бастааст. Ончунон дар хотираи таърих нақш бастааст, ки борҳо ҳасудону тамаъҷӯён бо мақсади пок намудани он хотираҳои халқи тоҷик бо оташу тиру туфанг, расму русум, забон, дину оин вориди ин сарзамин гардиданд. Қудуми наҳсу касифи онҳо боиси аз миён бурдани аввалин давлатҳои тоҷикон ва захми бузурге дар синаи миллат шуд. Онҳо ҳар яке ба гунае меомаданд ва амали нангинеро ба номи худ муҳр мезаданд. Ин буд, ки Искандари Мақдунӣ бо ҳуҷуми ғосибонаи хеш дороии мулки мо ва бештар аз он сарвати маънавии моро бо худ бурд.

Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ,

Ба юнонизабон карданд кисватгарӣ.

Халқи тоҷик дар муқобили ин душмани хунхор то ҳадди охир майдондорӣ намуд ва яке аз он ҷавонмардоне, ки Искандар муштоқи ҳамсуҳбатии ӯ буд ва аз ғайраташ хушаш меомад, Спитамен буд, ки то вопасин нафас бар зидди душман муборизаи беамон бурд, вале мутаассифона бо макру ҳилла ҷони ӯро гирифтанд.

Баъд аз он арабҳо пас аз муҳорибаҳои зиёд молики ин сарзамин гардида, бо тамоми вуҷуд хостори аз байн бурдани ин сарзамин ва забону расму оини он буданд. Он эморгариҳое, ки то омадани арабҳо барпо гардида буданд боз саҳнаи хуррамии арабҳо гардиданд ва боз сарвати маънавии мо ба сӯи сарзамини араб кӯч баст. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд, шаҳрҳоро харобу валангор намуда аз аҳолӣ андозҳои сершумор мегирифтанд. Дар муқобили ин душмани нохонда низ халқи тоҷик далерона мубориза бурд. Симои машҳуре, ки дар он давр арабҳоро ба таҳлука андохт Муқаннаъ мебошад. Бо шуҷоату далерӣ ва зиракиву ҳушёрӣ тавонист ба душман зарбаҳои тоқатнофарсо занад ва ин кӯшишҳои ӯ то дами вопасин нафасаш идома доштанд.

Пас аз гузашти асрҳо чашми дигар ҳасудон ба сӯи сарзамини мо во шуд. Ин дафъа Чингизи малъун бо лашкари бешумор ба сарзамини мо лашкар кашид. Пайки зишти ӯ аз мардуми мо “Калламанора” ба ҷо монд ва кор то ҷое расид, ки хуни шаҳидон ба озангаи аспи ӯ баробар гардид, “Кош ғарқ мегардиду аз фурӯбарии хуни зиёд равонашро ба сӯи охират равон мекард”. Халқи тоҷик бар муқобили ин душмани ғаддор низ ҷасурона мубориза бурд ва фарзанди баруманди тоҷик Темурмалик бо ҳушёриву зиракӣ ва ҷасурии хеш тавонист то чанд муддат чингизиёнро моту мабҳут гардонад ва маҳз амали ноҷавонмардонаи афроди сарватхоҳу беор буд, ки чингизиён бар муқобили мо пирӯз гардиданд.

Ҳаминтавр чандин маротибаи дигар халқи тоҷик зери зулму истибдоди аҷнабиён қарор гирифт ва хушбахтона ҳар дафъа аз нав мисли сабза аз хок медамад ва нашъунамо мекунад. Хушбахтона дар охири асри 20 халқи тоҷик аз нав соҳиби давлати мустақил гардид. Аммо ин дафъа аҷнабиён на бо роҳи мардона, балки номардона ба воситаи шахсони нотавонбин ва муфтхоҳу хоин хостанд боз ҷабри таърихиро бар сари мардуми тоҷик оваранд. Ин буд, ки ҷанги таҳмилии бародаркуш халқи тоҷикро фаро гирифт ва мутассифона дар натиҷаи он наздик ба 160 ҳазор шаҳрванд ҳалок гардид, 55 ҳазор кӯдак ятим монд, 28 ҳазор занону модарон бешавҳар монданд, 1 миллион нафар фирорӣ гардиданд, 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид ва ба қавли муаллифи филми ҳуҷҷати “Хиёнат” зарари маънавии ба мардуми тоҷик расида беҳисоб мебошад. Хушбахтона бо талошу заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ин ҷанги хонумонсӯз хомӯш гардида гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд. Офтоби зери абрҳои тира монда боз шуълапошӣ намуд ва зина ба зина мо ба сӯи қуллаҳои мурод қадамҳои устувор гузоштем.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар аз чеҳраи хоинон ниқоб барафканд ва мардуми ҳушманду закии кишвар онҳоро ба хубӣ шинохтанд. Таърих бори дигар собит сохт, ки халқи тоҷик бар зидди ҳамагуна нохалафону бадхоҳон бо тамоми ҳастӣ мубориза мебарад. Ин ҷасуриву родмардии тоҷикон буд, ки пас аз 1000 сол бори дигар соҳиби давлати мустақили худ гардиданд. Кунун замоне фаро расидааст, ки ин дастоварди муҳими 1000 –соларо бо арзиши ҷон ҳифз намоем!

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

Бознашр аз сомонаи https://youth.tj

Leave a Comment