Имрӯз дар кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи мошинсозон ва 55-солагии кушодашавии ихтисоси 0501 – “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ” дар мавзӯи “Самтҳои асосии тараққиёти истеҳсоли мошинсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ – Абдулло М.А. баромад намуда, ҳамагонро ба Рӯзи мошинсозон муборакбод кард ва семинарро ифтитоҳ бахшид.

Баъдан Мирзоалиев И.М. дар мавзӯи “Самтҳои асосии тараққиёти истеҳсоли мошинсозӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Хоҷаев Т.А. дар мавзӯи “Саноатикунонӣ – ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Убайдуллоев А.Н. дар мавзӯи “Барномаҳои муосири технология ва конструкторӣ барои тайёр кардани истеҳсолот” ва дигарон баромад намуданд.
Доир ба мавзӯи семинари мазкур дар охир мубоҳисаи илмии тӯлонӣ сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.