Мувофиқи ақидаи педагоги бузург Я.А. Каменский инсон худ як ҷузъи табиат буда, ҳамзамон аз табиат тарбия мегирад. Вай ба талаботи муҳити табиӣ мувофиқ шуда, худ ба омили тавонои географӣ табдил меёбад.
Оғози инкишофи афкори назариявӣ дар география ба идеяҳои табиӣ-географӣ вобаста мебошад, ки дар доираи фалсафаи табиат пайдо мешавад. Одамон дар бораи куррашакл будани замин, арзӣ будани минтақабандии табиӣ, харитасозии катакдор ва равандҳои пайдоишу истеҳсол ва истифодаи сарватҳои табиӣ тасаввурот ҳосил менамуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар рафти таълими фанни география барои васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён бояд мувофиқи талаботи барнома, ҷузъиёти фан аз содда то мураккаб, сабаби пайдоиш ва бо ҳам алоқамандии онҳоро аз нигоҳи илмӣ ба онҳо фаҳмонем. Дар ин замина донишҷӯён дар бораи ягонагии олам маълумот дастрас менамоянд.
Масъалаи дигаре ки фанни география ба донишҷӯён талқин менамояд, ғояи алоқамандии табиат ва ҷамъият мебошад.
География фанни ҷамъиятӣ буда, дар асоси қонунҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст. Илми география ба дарахти азиме монанд аст, ки аз ду шохаи азим иборат буда, дар навбати худ ҳар як шохаи он аз шохаҳои зиёде иборат аст. Ҷаҳонбинии илмӣ ва ахлоқии донишҷӯён тавассути саёҳат ва омӯзиши минтақаҳои сарватҳои табиӣ ва корхонаҳои саноатии мавҷуда аҳамиятнок аст. Саёҳат дар баробари васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯён дилсӯзии онҳоро нисбат ба табиат бештар мегардонад. Пас аз саёҳат кашидани харитаи саёҳат ва навиштани хулоса манфиатнок аст.
Дар омӯзиши география ва дигар фанҳо таълим ва тарбия ба ҳам алоқаманд ҷараён мегиранд. Дар география мавзӯе дида намешавад, ки дар баррасӣ ба донишҷӯён додани дониш ва унсурҳои тарбиявиро ифода накунад. Хусусан барои тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ, экологӣ, иқтисодӣ, демографӣ мусоидат менамояд. Дар таълими географияи табиӣ ва иқтисодии тарбияи хонандагон пеш аз ҳама бо роҳи ба онҳо шинос намудани муҳимтарин хосият, аҳамияти амалӣ доштан ва имконияти истифода бурдани табиат ва сарватҳои табиӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳалли ин масъала усулҳои интерактивӣ аҳамияти калонро молик аст. Тавассути ин усулҳо тафаккури интиқодии донишҷӯён инкишоф меёбад, муносибаташон нисбат ба таълим ва ҳаёт тағйир меёбад. Моҳияти усулҳои интерактивӣ дар он аст, ки донишҷӯёнро ба мустақилона андеша рондан, андешаҳои худро асоснок намудан, ҳал кардани ин ё он масъала, аз сарчашмаҳои гуногуни дониш истифода бурдан, эҷодкорона ғоя ва маълумотро ҳамгиро намудан ҳидоят менамояд. Омӯхтан ва истифодабарии табиат ва сарватҳои табиӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба алоқамандии шароити табиӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷойгиршавии истеҳсолоту тарзи зиндагонии одамон ба таври амиқ сарфаҳм раванд.
Гулонов Ҳ.Р., Сафаров Қ.А., Лолаев З.Х., Гулова М. – устодони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ