Хунёгари барҷастатарин ва машҳуртарини давраи Хусрави Парвиз Борбади Марвазӣ мебошад. Ҷоизи қайд аст, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти Борбад ривоятҳои гуногун мавҷуд аст.

Шаҳри Марв дар аҳди Сосониён маркази намоёни илму фарҳанг буд. Аз ин шаҳри бузург, ки онро шоҳи шаҳрҳо меномиданд, бисёр шахсони аҳли илму адаб, ҳунар, сиёсатмадорони форсу тоҷик ба воя расидаанд. Дар байни онҳо Бузургмеҳри Бахтакон, Барзӯи Пизишк, Борбад мебошанд.

Борбад дар байни солҳои 585-88 дар Марв таваллуд шудааст. Падараш донандаи илми юнонию ҳиндӣ буда, нисбат ба дини ниёгонаш – зардуштӣ эътиқоди қавӣ дошт. Овози форам ва донандаи санъату сурудҳои Авесто буда, ин ҳунарро ба писараш омӯзонид. Борбад дар зодгоҳаш ба мусиқии Ҳинду Юнон, суриёнӣ, бобулӣ, мисрӣ шинос шуда, дар 19-20 солагӣ ҳамчун шоир, ромишгар, муғаннӣ, хунёгари бузург дар тамоми Хуросон машҳур гашт. Чунки ӯ ба тарзи хондани таронаҳои маҳаллӣ маҳдуд нашуда, таронаҳои Бухорову Балх, Нишопуру Марв, Чочу Самарқанд, Бадахшону Хуҷанд, Хатлону Самангон ва дигаронро омӯхта, дар асоси таронаҳои ин маҳалҳои тоҷик тарзи нави хондани сурудро офарид, ки ба тамоми мардуми эронинажод маъқул гашт.

Хунёгари барҷастатарин ва машҳуртарини давраи Хусрави Парвиз Борбади Марвазӣ мебошад. Ҷоизи қайд аст, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти Борбад ривоятҳои гуногун мавҷуд аст.

Шаҳри Марв дар аҳди Сосониён маркази намоёни илму фарҳанг буд. Аз ин шаҳри бузург, ки онро шоҳи шаҳрҳо меномиданд, бисёр шахсони аҳли илму адаб, ҳунар, сиёсатмадорони форсу тоҷик ба воя расидаанд. Дар байни онҳо Бузургмеҳри Бахтакон, Барзӯи Пизишк, Борбад мебошанд.

Борбад дар байни солҳои 585-88 дар Марв таваллуд шудааст. Падараш донандаи илми юнонию ҳиндӣ буда, нисбат ба дини ниёгонаш – зардуштӣ эътиқоди қавӣ дошт. Овози форам ва донандаи санъату сурудҳои Авесто буда, ин ҳунарро ба писараш омӯзонид. Борбад дар зодгоҳаш ба мусиқии Ҳинду Юнон, суриёнӣ, бобулӣ, мисрӣ шинос шуда, дар 19-20 солагӣ ҳамчун шоир, ромишгар, муғаннӣ, хунёгари бузург дар тамоми Хуросон машҳур гашт. Чунки ӯ ба тарзи хондани таронаҳои маҳаллӣ маҳдуд нашуда, таронаҳои Бухорову Балх, Нишопуру Марв, Чочу Самарқанд, Бадахшону Хуҷанд, Хатлону Самангон ва дигаронро омӯхта, дар асоси таронаҳои ин маҳалҳои тоҷик тарзи нави хондани сурудро офарид, ки ба тамоми мардуми эронинажод маъқул гашт.

Борбад барои боз омӯхтани санъати мусиқӣ соли 608-610 ба пойтахти Оли Сосон шаҳри Тайсафун – бузургтарин маркази фарҳангии замон рафт. Сардори санъати аҳли дарбори Хусрави Парвиз – Саркам буд, ки соҳиби девони Хунёгари Ориёӣ (Арйан Хуникар) буд. Вай овозу ҳунари Борбадро шунида, кӯшиш кардааст, ки Борбад ба дарбори шоҳаншоҳ роҳ наёбад. Саркам ба дарвозабон дирами зиёд дод ва мақсади худро фаҳмонид. Борбад бо боғбони Хусрави Парвиз шинос шуд ва бо иҷозати ӯ ба боғ даромад. Либоси сабз ба бар намуд. Барбаташро сабзранг карда, дохили дарахти сарв пинҳон шуд. Абумансури Нишопурӣ (961-1037) навиштааст: «Вақте ки Хусрави Парвиз ҷоми аввалини майро ба шарафи Ҷашни Наврӯз баланд бардошт, Борбад сози хуро ба садо дароварду чунон бо овози латифе суруди «Яздон офарид»-ро хонд, ки Парвиз аз шунидани он шод шуда, номи ромишгарро пурсид. Хизматгорон ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд. Вақте ки Парвиз ҷоми дуюмро бардошт, Борбад шуруъ ба хондану навохтан намуд ва суруди «Партави Фархор»-ро хонд. Парвиз ва ҳозирон тааҷҷуб карданду шоҳаншоҳ фарёд баровард: «Чӣ овозу сози хубе! Тамоми вуҷудам мехоҳад барои шунидани он мубаддал ба гӯш шавад». Парвиз ҷоми саввумро ба ёдбуди паҳлавонону родмардон баланд кард. Борбад оҳангу суруди «Сабз андар сабз»-ро навохт ва чунон муассир хонд, ки ҳамаи ҳозирон дар ҳайрат монданд. Хусрав аз ҷой бархост ва аз ромишгар хоҳиш кард, ки худро нишон диҳад, Борбад аз дарахти сарв поён омад ва cар пеши шоҳаншоҳ ба замин ниҳод, Хусрав ӯро навозишкунон бардошт ва тафсири воқеаро аз Борбад пурсид. Борбад қиссаи худро нақл кард. Шоҳаншоҳ фармуд, ки эҳтиромаш кунанд ва туҳфаҳо диҳанд. Ӯро сардори хунёгарони дарбор таъин кард.

Дар бораи Борбад ва фаъолияти ҳунарии ӯ дар адабиёти форсию арабӣ ба монанди шоир Холиди Файёз, Абуисҳоқи Истахрӣ дар китобаш «Китоб-ал-масолик в-ал мамолик», Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» ва бисёри дигарҳо маълумоти ҷолибу писандида ва нодир овардаанд.

Борбад бештар доир ба маросимҳои тантанавӣ ва хурсандӣ таронаҳо эҷод кардааст, ки ба он сурудҳои «Аврангӣ», «Боғи Ширин» ба муносибати сохтани боғ ва ба Ширин инъом кардани он бахшида шудааст. Ширин аз Хусрави Парвиз хоҳиш кардааст, ки ба ҷуз оҳуҳое, ки дар боғ саёҳат мекардаанд, ҷӯйҳои пӯшида созад, ки дар он ширу шароб равон бошад. Хусрав барои иҷрои он ваъда дод, аммо фаромӯш намуд ва Ширин аз Борбад, хоҳиш кард, ки ваъдаро ба Хусрав ёдовар шавад. Борбад суруди «Боғи Ширин»-ро офарид ва Хусрав ваъдаашро иҷро кард.

Қадру нуфузи мусиқӣ дар давраи Хусрави Парвиз ба он дараҷа расида буд, ки дархост, арз, гуфтори худро бо воситаи суруду мусиқӣ ба шоҳаншоҳ баён мекарданд. Борбад оид ба воқеаҳои таърихӣ силсилаи сурудҳоеро эҷод кардааст, ки «Ганҷбод», «Ганҷи бодовар» ва ғайра ба он дохил мешуданд. Вақте ки лашкари Хусрави Парвиз шаҳри тобеи Румиҳо Искандарияи Мисрро иҳота кард, соҳибони шаҳр бойигарии худро ба киштиҳо бор карда, хостанд аз форсиён дур баранд. Аммо боде вазида, тамоми он киштиҳоро ба тарафи форсҳо овард ва онҳо соҳиби ин ганҷ шуданд. Ин воқеаи таърихиро Борбад дар сурудҳои «Боди ганҷовар» тараннум кардааст. Бисёр суруд ва оҳангҳои Борбад ба «Дувоздаҳмақом», «Чордаҳмақом», «Ҳафтдастгоҳи Эрон» ва баъд «Шашмақом» дохил шудаанд. Инҳо «Арҷана», «Боди Наврӯз», «Афсори баҳор», «Дилнавоз» ва дигарҳо мебошанд.

Аз бузургии шоҳи ромишгарон – Борбад собиқ хунёгари форс Саркам рашк мебурд. Баъзе олимони баъдина навиштаанд, ки Борбадро Саркам заҳр дода куштааст. Ин ақидаро бисёр олимони дигар инкор кардаанд. Ривояте ҳаст, ки Борбад дар яке аз базмҳо барбати худро гузошта ба берун баромад. Саркам ҷӯри чор тори онро вайрон кард. Шоҳаншоҳ Борбадро ба сурудхонӣ даъват кард. Истода ҷӯрро соз кардан нисбат ба шоҳ беҳурматӣ буд, бинобар ин Борбад то назди баромадгоҳ бо ангуштонаш ҷӯри вайроншударо омӯхт ва дар базм чунон суруд хонд, ки шоҳаншоҳ ба ӯ «Зиҳӣ» хонд. Агар шоҳаншоҳи Сосонӣ ба касе «Зиҳӣ!» мегуфт, хазинадор 100 дирҳам туҳфа мекард.

Ба қавли олим ва адиби асри XVIII Закариёи Қазвинӣ Хусрави Парвиз се боигарӣ дошт, ки то вай ва баъд аз ӯ ягон шоҳи ҷаҳон надоштааст. Инҳо хунёгари барҷаста Борбад, арӯси зебо Ширин ва аспи пуршукуҳ Шабдиз буданд. Шабдиз аспи бемисл буд, ки касе чунин асп надошт.

Шабдиз касал шуд ва Хусрав эълон кард, ки касе хабари марги Шабдизро расонад, қатл карда мешавад. Охурсолор – саис аз Борбад илтимос кард, то ин хабарро ба шоҳаш расонад. Вақте ки Борбад дар назди Хусрав бо барбаташ навохт, ки гӯё садои ӯ мегуфт: «Шабдиз мурд». Шоҳаншоҳ аз ҷой бархоста фарёд кард: «Шабдиз мурд?» Борбад гуфтааст, инро ман нагуфтаам.

Борбад доир ба 366 рӯзи сол, ҳар моҳ, ҳар рӯзи моҳ, ҳатто оиди вақтҳои як рӯз суруд эҷод кардааст. Доир ба пагоҳӣ суруди «Чакак», чоштгоҳ – «Шахач», нимрӯзӣ – «Лабино», шомгоҳ – «Дана»-ро офарид.

Бузургии Борбад дар он буд, ки дар назди кадом гуруҳи одамон, чӣ хел шахсон, кадом рӯзу моҳу сол, чӣ хел мусиқию суруд ва чӣ тавр навохтану сурудани онро хуб медонист. Ин кори ӯро баъдан Ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Наҷмуддин Кавкабии Бухороӣ ва дигарон дар асарҳои худ истифода бурдаанд ва ривоҷ додаанд.

Борбадро Хусрави Парвиз хеле дӯст медошт ва ӯро сарпарастӣ низ мекард. Баъди марги Хусрави Парвиз ва пастфитратии писари ӯ Шируя Борбад шикасти бузурги маънавиро аз сар гузаронид. Ӯ ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ барбаташро шикаста, ангуштҳояшро бурид, то ки дар базми Шируяю Ширин ҳофизӣ накунад. Ӯ тарки хунёгарӣ ва дарбор кард. Ба Исфаҳон рафт ва дар он ҷо соли 638 вафот кард.

Соли 1988 ЮНЕСКО дар бораи қайд кардани 1400-солагии зодрӯзи Борбади Марвазӣ, ки он ба соли 1990 мувофиқ омад, қарор қабул кард.

Маросими ҷамъбасти ҷашнвора 22-юм то 30-юми апрели соли 1990 баргузор гашт, ки дар он меҳмонони хориҷӣ аз Фаронса, Олмон, Ҷопон, Амрико, Шветсия, Миср, Эрон, Ҳиндустон ва намояндагони Русия, Бухорову Самарқанд ва уламои 500 нафар аҳли илму фарҳанги ҷаҳон меҳмонони тоҷикон буданд.

Бузургӣ ва хизматҳои беназири Борбадро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 1400-солагиаш дар шаҳри Душанбе хиёбон, кохи консертиро бо номи Борбад ва дар деҳаи Нусайи ноҳияи Қалъаи Хумб ҳайкали Борбадро гузоштанд.

 

Leave a Comment