Меҳргон яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёӣ ба шумор меравад, ки ҳамасола онро дар рӯзи муайян халқҳои тоҷик ва эрониён ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хос қайд менамоянд ва ин ҷашнро дар замони давлатдории Сосониён ҳамчун ҷашни давлатӣ эълон намуда буданд, ки сирф ҷашни мардуми форсизабон ба шумор мерафт. Ана ҳамин яке аз хусусиятҳои хоси фарқкунандаи давлати Сосониён аз пешгузаштагони худ буд. Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани ҷашни Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст, ки аввал онро “Меҳргони омма” меномиданд ва ҷашн шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки “Ромрӯз” ном гузоштанд, “Меҳргони хоса” ном мебурданд. Ҷашни Меҳргонро ботантана бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузарониданд ва то ҳол ин тарзи ҷашнгирӣ идома дорад. Дар замони давлатдории Ҳахоманишиён танҳо дар ҳамин рӯз подшоҳонаш ҳуқуқ доштанд, ки рақсанд ва шароб нӯшида маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ сар карда, то ғуломон либосҳои шинам ва зебо (сурх) ба бар мекарданд. Аз замони Фаридун анъана шуда буд, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама намоянд ва вақти таъом хӯрдан ҳарф назананд. Шоҳони ин даврон ва ҳокимони давр ба ҳамдигар ба муносибати ҷашни Меҳргон туҳфаҳо равон мекарданд.

Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб ҳаккокӣ карда шуда буд, ба сар мегузорад ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад. Ривояте ҳаст, ки ҳокими Арманистон дар рӯзи ҷашни Меҳргон 20 000 той адрас ба мардуми Ҳахоманишӣ туҳфа кард. Шоҳони давлати Сосониён Ардашери Бобакон (226-241) ва Хусрави Анӯшервон (531-579) дар ҳамин рӯз ба мардум ҳадяҳо медоданд. Абурайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои ҷашни Меҳргонро махсус қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мегардад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае вуҷуд дошт, ки онро нобиғаи ҳамватанон чунин ба қалам медиҳад: “Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфт – Эй фариштагон ба дунёи поин фурӯд оед ва шаётину шаҳрҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи замин дафъ намоед”.

Аз рӯйи гуфтаҳои Салмони Форс Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ, ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато намуду муқарр (соҳиб)-и арвоҳ гардонд. Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳон дар рӯзи ҷашни Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд бо фаро расидани ҷашни Меҳргон сипоҳиёну хизматгорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам буданд, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни ҷашни “Меҳргони омма” ва “Меҳргони хосса”-ро бо ҳам пайваста, чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ҷашн мегирифтанд. Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун дар маъракаи ҷашни Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хосе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепӯхтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лубиё.

Хулоса Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми эронинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун ҷашни миллии кишварамон шинохта шуд. Пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фарҳанги суннатӣ ва ҷашну маросимҳои бостонӣ зиёд гашт. Рӯзи 8-уми октябри соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур эълон кард, ки дар баробари иди Наврӯз минбаъд иди Меҳргон рӯзи 8-уми октябр ҳамчун иди миллӣ дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати ба худаш хос ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон ки имрӯз қонунан эълон гардид, таърихи таҷлилаш аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муайян шудааст.

Асоев К.М. – ассисенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment