Бузурге фармуда:
Қимати мард на ба симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Ҳар гоҳе ки номи омӯзгор ва ё устодро ба забон мегирем, пеши назар шахси ҳалиму меҳрубон, хоксору поквиҷдон ва умуман чароғи илму маърифат падидор мегардад. Дар ин ҷо ба таваҷҷуҳи хонандаи азиз чанд сухан доир ба ҳаёт ва фаъолияти Устоди устодон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нигматов Икромҷон Исматҷонович пешкаш мегардад.
Нигматов Икромҷон Исматҷонович 16-уми октябри соли 1940 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаанд. Баъди хатми мактаби миёна соли 1958 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, баъдан барои давом додани таҳсил ба Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Россия равона гардида, онро соли 1963 бомуваффақият хатм намудаанд.
Баъди хатмимактаби олӣ эшон фаъолияти кории хешро дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент оғоз намуда, баъдан дар вазифаи муаллими калони кафедраи конструксияҳои сохтмонӣ адои хизмат кардаанд.
Соли 1966 ба аспирантураи кафедраи Конструксияҳои меъмории Донишкадаи меъмории Маскав дохил гардида, таҳти роҳбарии доктори меъморӣ, профессор Туполев М.С. ва доктори илмҳои техникӣ, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Россия, профессор Гусев Н.М. соли 1969 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Деворҳои берунаи биноҳои истиқоматӣ дар шароити иқлими гарми Тоҷикистон» ҳимоя менамоянд.
Натиҷаҳои корҳои илмии Нигматов И.И. дар чандин нашрияҳои марказии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба нашр расидаанд.
Зиёда аз 300 номгӯйи корҳо оид ба масъалаҳои ташаккули муҳити дохилаи биноҳо, ҳисоби конструксияҳои иҳотавии биноҳо, истифодаи неруи офтоб, лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои офтобӣ, самаранокии истифодаи неруи гармӣ дар биноҳо ва методологияи равиши таълим амалӣ гардидаанд.
Маводи тадқиқоти илмии Нигматов И.И. дар китоби таълимии В.И. Илинский «Строительная теплофизика», дар тавсияҳо доир ба лоиҳакашии биноҳои истиқоматии шаҳракҳои Раппопорт Б.Б. ва корҳои диссертатсионии як қатор аспирантҳо истифода гардидаанд.
Натиҷаҳои фаъолияти эҷодию конструктории Нигматов И.И. дар таҷдиди симои бинои истеҳсолии корхонаи сементбарории ш. Душанбе, гармимуҳофизӣ ва намногузар гардонидани бинои истиқоматӣ ва корти теннисбозӣ дар ш. Душанбе амалӣ гаштаанд. Таҳти роҳбарии устод лоиҳаи кории «Бинои офтобӣ» дар шароити Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Нигматов И.И. муаллифи 1 монографияи илмӣ, 8 китобу воситаҳои таълимӣ оид ба контруксияҳои биноҳои бисёрошёна ва калонравоқа, 1 ихтироот дар соҳаи иқлимшиносии меъморӣ ва 2 меъёру қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Таҳти роҳбарии устод якчанд рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаҳои мухталифи меъмориву шаҳрсозӣ дифоъ гардидаанд.
Тайи солҳои охир зери роҳбарии бевоситаи профессор Нигматов И.И. тадқиқоти илмӣ оид ба проблемаҳои истифодаи неруи офтоб дар таҷрибаи меъморию сохтмонӣ дар чорчӯбаи проблемаҳои «Одам ва муҳит» гузаронида мешаванд.
Зери роҳбарии бевоситаи профессор Нигматов И.И. аз соли 2014 бо Нақшаи мутобиқатии АИ ҶТ корҳо оид ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳои манзилӣ амалӣ гашта истодааст.
Нигматов И.И. соли 1970 дар вазифаи муовини декан ва баъдан декани факултети сохтмон адои хизмат намуда, соли 1972 ба вазифаи мудири кафедраи меъморӣ интихоб гардиданд. Тайи ин солҳо дар як қатор ҷаласаҳои озмун-намоиши умумиитифоқии корҳои дипломии мактабҳои меъморӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Свердловск, Кишинёв, Полтава ва Самарқанд иштирок намуданд.
Аз моҳи апрели соли 1977 то ноябри соли 1995 Нигматов И.И. ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, солҳои 1988-89 иҷрокунандаи вазифаи Ректори донишкада адои хизмат намудаанд. Дар қатори корҳои ҷорӣ эшон боз бо масъалаҳои ташаккули базаи моддию техникии донишкада, рушди ояндаи он бо назардошти азнавсозии системаи маълумоти олӣ ва коркарди маводи стандартии маълумоти олии тахассусӣ машғул гардидаанд.
Солҳои 2004-2009 профессор Нигматов И.И. дар Раёсати аттестатсионии Вазорати маорифи ҶТ ба сифати сарэксперт ҳамкорӣ намуда, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва низомномаҳоро оид ба тақризу аккредитатсияи муассисаҳои олии таълимӣ таҳия намудаанд.
Нигматов И.И. дар чандин конференсияҳои байналмиллӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилӣ бо баромадҳо ва мақолаҳо доир ба проблемаҳои мактабҳои олӣ, аз ҷумла, натиҷаҳои тадқиқоти илмии он дар ш. Москва (ВДНХ, с. 1983), ш. Минск (БГИИХ, с. 1987), ш. Пенза (НТИ, с. 1992), ш. Алма-Ата (ААСИ, с. 1993), Душанбе (ТПИ, ТТУ, ДГПИ, ТКИ, ТИИТК, с. 1994-2010), ш. Вена (с. 2009), ш. Душанбе (с. 2011, 2012, 2013, 2014) иштирок кардаанд.
Моҳи январи соли 1995 Нигматов И.И. дар вазифаи профессори кафедраи меъморӣ тасдиқ гардида, то имрӯз ба донишҷӯён аз фанҳои меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ, конструксияҳои меъморӣ, физикаи сохтмонӣ, лоиҳакашии биноҳо дар шароитҳои иқлими гарм ва ғайра дарс мегӯянд.
Тайи солҳои 1988 то 1990 аъзои Раёсати маълумоти олӣ доир ба ихтисоси меъмории собиқ ИҶШС ва аз соли 1990 аъзои Иттифоқи меъморони ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Соли 1993 профессор Нигматов И.И. ноиби Президенти Ассосиатсияи мактабҳои олии меъмории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва соли 1995 узви вобастаи Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ, роҳбари шуъбаи он интихоб гардиданд.
Солҳои 2008-2012 устод ҳамчун узви комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёту санъат ва меъморӣ фаъолият намудаанд.
Хизматҳои шоёни профессор Нигматов И.И. якчанд маротиба аз тарафи давлату Ҳукумат қадрёбӣ гардидаанд. Номбурда бо «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон, Вазорати мактабҳои олии ИҶШС, КМПК РСС Тоҷикистон, Совети вазирон, Иттифоқи касаба ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон мукофотонида шуда, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошанд.
Соли 1986 барои хизматҳои шоён дар тайёр намудани мутахассисон Нигматов И.И. бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат» сарфароз гардонида шудаанд.
Бо фармони Президенти ҶТ профессор Нигматов И.И. бо унвони «Корманди шоистаи ҶТ» мушарраф шудаанд. Соли 2008 барои ҳиссаи назаррас дар рушди илми меъморию сохтмонӣ ва тарбияи мутахассисони соҳаи меъморӣ бо медали тиллои Иттифоқи меъморони ҶТ, солҳои 2010 ва 2012 бо унвонҳои соҳавии «Бинокори фахрии ҶТ» ва «Устоди меъморон» сарфароз гардидаанд.
Маҳз бо воситаи ҳамин гуна ҷонфидоиву кӯшиш дар ҷодаи ташаккули низоми таълимию илмӣ ва тарбиявӣ инсон метавонад зиндагии худро лабрези нуру зиё ва маърифату маънавиёт гардонад, ки муҷиби ифтихор ва эҳтироми ҳамагон шавад.
Н. Ҳасанов – доктори меъморӣ, и.в. профессор, мудири кафедраи «МБваИ»,