Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки дар он чеҳраи чанд нафар аз шахсони бехудогоҳ, ки ба доми роҳбари сомонаи мамнуи “Ахбор ком” афтодаанд ва баҳри маблағи ночизе бо ӯ равобит пайдо намудаву маводҳои ташвиқу тарғибии зиддимиллиро ба ӯ дастрас намудаанд ҳамагонро мутаҳаййир сохт. Ин шахсон аз зумраи онҳое буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои орому осудаи кишвар ҳаёт ба сар бурда дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили илм гирифта ба қавли мардумӣ “Намак хӯрдаву намакдон шикастаанд”. Ба даст овардани тафаккри ҷавонони бехудогоҳ барои шахсони хиёнаткор кори саҳл аст ва бо суханони хубу ваъдаҳои “Олӣ” мафкураи онҳоро ба сӯи худ ҷалб месозанд. Имрӯз мебояд бар ин панд кор гирифт, “Одамиро имтиҳон ба кирдор бояд кард на ба

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки дар он чеҳраи чанд нафар аз шахсони бехудогоҳ, ки ба доми роҳбари сомонаи мамнуи “Ахбор ком” афтодаанд ва баҳри маблағи ночизе бо ӯ равобит пайдо намудаву маводҳои ташвиқу тарғибии зиддимиллиро ба ӯ дастрас намудаанд ҳамагонро мутаҳаййир сохт. Ин шахсон аз зумраи онҳое буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои орому осудаи кишвар ҳаёт ба сар бурда дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили илм гирифта ба қавли мардумӣ “Намак хӯрдаву намакдон шикастаанд”. Ба даст овардани тафаккри ҷавонони бехудогоҳ барои шахсони хиёнаткор кори саҳл аст ва бо суханони хубу ваъдаҳои “Олӣ” мафкураи онҳоро ба сӯи худ ҷалб месозанд. Имрӯз мебояд бар ин панд кор гирифт, “Одамиро имтиҳон ба кирдор бояд кард на ба гуфтор, чаро ки аксар мардум зишткирдору неку гуфторанд”. Дар амалҳои шахсони хиёнаткор ҳеҷ амали хайре ба назар намерасад. Қалби онҳо устувортар аз санги хоро гардидааст ва ҳатто ба азизтарин шахс ба амсоли аҳли хонаводаи худ низ тараҳҳум нахоҳанд кард. Хушбахтона он нафароне, ки ба ин амали нангин даст зада бо хоинони миллат робита доштанд ба даст афтоданд ва ин масалеро ёд меорад, ки “Офтобро бо доман пӯшида намешавад” ва агар шахсиятҳое бошанд, ки то ба ҳол бо хоинон робита доранд ҳатман рӯзе доманашон аз каф раҳо хоҳад шуд ва чеҳраҳояшон аён.

Мардуми бофарҳангу бомаданияти тоҷикро мебояд, ки дар ин рӯзҳо шукргузори аз кишвари озод ва соҳибистиқлолӣ намоянд. Зеро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Имрӯз кишвари мо бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад. Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Имрӯз дар ҷаҳон чандин миллатҳое вуҷуд доранд, ки соҳиби давлат, забон, марзу бум, парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон ба боди фаромӯшӣ рафтааст. Дар баробари ин имрӯз давлатҳои ҷангзадае ҳастанд ба мисли Афғонистон – ки ба сулҳу субот, Истиқлолият ва осоиштагии миллати тоҷик ҳавас доранд, Сурия, Фаластин, Ироқ ва монанди инҳо, ки имрӯз шаҳрвандони онҳо дар шароити ғайриинсонӣ бо азобу машаққатҳои зиёд ва пур аз хатару таҳлука умр ба сар мебаранд. Фарзандонашон аз илму маърифат дур монда бо яъсу ноумедӣ ба воя мерасанд, хеле дилгир шудаанд. Ин давлатҳо тинҷиву осоиштагиро баҳри худ чун обу ҳаво зарур мешуморанд ва бар он нохалафҳое ки онҳоро ба ин рӯз расониданд ҳазорҳо лаънат мегӯянд. Мардуми азиятдидаи тоҷик, ки маротибае ин рӯзҳои пуртаҳлукаро аз сар гузаронидаанд ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад. Аз ин рӯ мо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол баҳри рушду нумӯи кишвар ва ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста намегузорем, ки афроде ба ин рӯзгори пурсаодати халқ нохушӣ орад.

Исмоил САИДОВ, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

Бознашр аз сомонаи https://youth.tj

Leave a Comment