Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.
Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13-уми марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” имконияти хеле хуби татбиқнамоии тамоми ҳадафҳо ва орзуҳои ҷавонӣ мебошад, ки дар ин замина ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Соли ҷавонон” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” тасдиқ гардид.
Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззоду таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд – “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Яъне имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.
Зикр бояд намуд, ки тӯли 29 сол миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.
Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумуи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.
Ҳама соҳаҳои ҷамъият аз ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонони мо дорои ҳисси ватандӯстии бештар бошанд, ҳамон қадар кишвари мо рӯ ба пешравӣ хоҳад овард. Бинобар ин бояд гуфт, ки замони муосир бо як қатор хусусиятҳои худ аз замонҳои дигар фарқ мекунад. Замони имрӯзаро баъзе равандҳои мураккаб, ба монанди ҷаҳонишавӣ, омӯзиши тамаддунҳо ва гузариш ба системаи наву тафаккури нав таъсиррасон аст. Албатта, ин хусусиятҳо ба омодагии равонӣ, ба тарзи фикрронӣ ва умуман, ба кулли хусусиятҳои психологии шахс, аз ҷумла ба ҷавонон таъсири худро мерасонад. Мушкили дигаре, ки мо ҳар лаҳза бо он рӯ ба рӯ мешавем, аз хондан дур мондани ҷавонон, хусусан донишҷӯён мебошад. Аз хониш дур мондани донишҷӯён унсурҳои зиёди худро дорад. Бояд ҷавононро ботинан ба таҳсил фаро гиранд. Дар ин ҷо нақши равоншиносон фаъол мегардад, аммо дар ҷомеаи мо равоншиносон ниҳоят камшумор ҳастанд, ҳарчанд нақши онҳоро то андозае худи устодон ба анҷом мерасонанд. Ҳангоми омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ ба тарзи дарсгузарӣ аз лавозимоти лозима истифода бурдани омӯзгор, дарсро ба таври интерактивӣ гузаронидан, диққатҷалбкунанда будани дарс, ҷанбаи амалии дарсро хуб истифода кардан ва ғайра метавонад ҷавононро ба иҷрои кори мустақилона сафарбар кунад, ки дар натиҷа шавқи донишҷӯ ба дарс бедор хоҳад шуд.
«Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, неруи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин неруи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин неру метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда». Маълум гардид, ки қариб аз нисф зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медодааст. Аз ин рӯ, хато намекунем, ки неруи пешбарандаи ҷомеаянд. Дар иқтибос неруи созанда ва сӯзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷӯйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд. Калимаи дигар, яъне сӯзанда баръакси ин гуфтаҳост. Яъне шарҳаш чунин аст, ки ҷавонон аз илми ахлоқ дур бошанд ва ҳушу ёдашон ба майю қимор, дуздию ғоратгарӣ ва дигар рафторҳои бади инсонӣ равона бошад, пас кишвар аз дасти чунин нафарон месӯзаду хокистар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ба чунин харобкориҳо наовардани давлат ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки саъю талош кунем, то рӯй ба илмандӯзӣ биоварем. На номи худро дар ҷомеа паст кунем ва на номи давлати хешро.
Бале, хушбахтона, имрӯзҳо алалхусус бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад. Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд. Бинобар ин ҷавонон маҳз дар ҳамин синну сол ба дастгирӣ ва марҳамату маслиҳати калонсолон ва созмонҳои мухталиф эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин зарур аст, ки истеъдодҳои ҷавонро саривақт дастгирӣ кунем. Барои ташаккули шахсият, ба ҷавонон бовар карда, ба онҳо вазифаҳои масъулро супоридан лозим аст. Натиҷаи инро мо дар марҳалаи ҳозираи ҳаёти ҷумҳуриамон, дар фаъолияти кадрҳои ҷавону болаёқат ба хубӣ мушоҳида менамоем. Ҷавононро зарур аст, ки бо қувваи дучанд кор карда, илму ҳунар ва дониш андӯхта, таҷрибаи соҳаҳои гуногуни ҷаҳониро аз худ намоянд. Илова бар ин агар ҷавон ҳар қадар ки қувват ва дониши худро саховатмандона сарфи халқу Ватан намояд, ҳамон қадар бойтару ғанитар шуда, обрӯю мартабааш дар байни мардум афзунтар мегардад.
Ҷавонон ҳамчун неруи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.
Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Дар ин робита, тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳамзамон, мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд. Давлат ва ҳукумати ҷомеаи имрӯз корҳои зиёде баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши ҷавонон ба анҷом мерасонанд. Имконияти техникӣ ва дастрасӣ ба маълумот ва васоити донишандӯзӣ бештару беҳтар аз пештар аст.
Робита ва ҳамкорӣ бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҳукумат маҳсуб мешавад. Таъсис додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, ташкили стипендияҳои президентӣ, ташкили ҷоизаҳои махсус барои олимону ихтироъкорони ҷавон далели муътамади ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар кишварамон 23-юми май Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳое, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор хоҳад гашт, ин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони фаъоли кишвар мебошад. Баргузории ин чорабинии муҳим бори дигар шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дошта, барои баровардани ниёзҳову ормонҳои онҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Дар ҳар давру замон ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии бонуфуз ва неруи тавоно баромад намуда, масъулияти бузургеро бар дӯш доранд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, Ҳукумати кишварамон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароитҳои боз ҳам муносибро фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш бар мегарданд. Аз ин рӯ, онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гӯшаю канори ҷаҳон низ бошем, фаромӯш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиамонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрӯз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст.
Хулоса, фаромӯш набояд сохт, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавононанд.
Адабиёт:
- Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: Назария, Амалия ва Қонунгузорӣ. С.Х. Наботов, Ҳ.С. Мирсайидзода – Душанбе 2018.
- Пешво – ифтихори миллат: Ҳабиб Сулаймонӣ – Душанбе 2016.
- Фазилати Пешво: Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Душанбе 2017.
- Эмомалӣ Раҳмон ва соли ҷавонон: Абдуфаттоҳ Шарифзода – Душанбе 2020.
Довудзода Амирҷон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети Энергетикӣ.