Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври дастаҷамъона устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар 30 толори дарсҳои лексионӣ ва маҷлисгоҳҳои донишгоҳ телевизор ва экранҳои бузург таҷҳизонида шуда, маросими мазкур барои тамоми коллективи донишгоҳ дастрас гардонида шуд.
Рафти ташкилии баргузории ин тамошо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ – ректор, муовинони ректор ва дар ҳар як факултет аз ҷониби деканони факултетҳо назорат карда шуд.

Барои таъмини оромӣ ва низоми дурусти гузаронидани чорабинӣ муовинони деканони факултетҳо ва мудирони кафдраҳо саҳми худро гузоштанд.
Аз ҳисоби кормандони хадамоти ташкилию тарбиявии донишгоҳ ба ҳар як факултет намояндаҳо фиристода шуд.
Намоиши мазкурро махсусан ҷавонон – донишҷӯён бо ҳисси масъулият ва ифтихормандии бузурги миллӣ бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии Ватан ва ободию пешрафти кишвар тамошо карданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ ҷавонон бо эҳсосу ғурури миллӣ ифтихормандона ҳар як ҷузъи маросимро байни худ гуфта гузашта, барои ояндаи Тоҷикистони азиз орзуҳои нек ва тинҷию оромиро таманно менамуданд.
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки боиси шукргузорӣ аз истиқлолияти миллӣ ва ифтихормандӣ аз давлатдории тоҷикон аст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.