6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2 352 554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд.
«Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон.
6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2 352 554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд.
Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.
Хушбахтона имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад. Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.
Сафаров Бахтиёр – донишҷӯйи курси 3, гурӯҳи 430101А1, факултети энергетикӣ.