Акнун дар Конститутсия низ чун тағйироти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Албатга сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ки ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.

Акнун дар Конститутсия низ чун тағйироти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Албатга сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ки ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Дар натиҷа 6-уми ноябри соли 1994 конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.

Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои ба сулҳу ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.

Ғафурова Бунафша – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment