Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 15 давлати шомили он ҳама камари ҳиммат баста, идораи давлати худро ба даст гирифтанд ва оҳиста-оҳиста ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, ки имрӯз метавон иқтидори иқтисодии қисме аз онҳоро ба давлатҳои абарқудрати аврупоӣ қиёс намуд: ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва ғайра. Сирри ҳамаи ин комёбиҳо дар он буд, ки дар байни онҳо касе мардумро ба тамоюлоти эътиқодию нажодӣ ва минтақавӣ доштааш ҷудо накард ва байни онҳо фитнаву ҷанг аланга нагирифт, ҳол он ки ҳамин кӯшишҳо дар он кишварҳо низ будааст. Аммо чӣ расад ба мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки як идда ба номи тоҷик ба ин афкори фитнаҷӯёна “лаббайк” гуфтанд ва барои шӯрондани мардум дину минтақаро дастак намуданд.

Чанд андеша дар ҳошия силсилафилми мустанади “Хиёнат”, ки аз ҷониби муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳия гардидааст ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 15 давлати шомили он ҳама камари ҳиммат баста, идораи давлати худро ба даст гирифтанд ва оҳиста-оҳиста ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, ки имрӯз метавон иқтидори иқтисодии қисме аз онҳоро ба давлатҳои абарқудрати аврупоӣ қиёс намуд: ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва ғайра. Сирри ҳамаи ин комёбиҳо дар он буд, ки дар байни онҳо касе мардумро ба тамоюлоти эътиқодию нажодӣ ва минтақавӣ доштааш ҷудо накард ва байни онҳо фитнаву ҷанг аланга нагирифт, ҳол он ки ҳамин кӯшишҳо дар он кишварҳо низ будааст. Аммо чӣ расад ба мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки як идда ба номи тоҷик ба ин афкори фитнаҷӯёна “лаббайк” гуфтанд ва барои шӯрондани мардум дину минтақаро дастак намуданд.

Мутассифона, баҳори соли 1992 ин омилҳо сабаби баҳамрезии мардум дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гардид, ки кишварро ба домани ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва он тӯли 5 сол идома ёфт. Дар он ҳудуди 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, 85 ҳазор кӯдак дар ба дару бе соҳиб монданд. Ин ҳодисаи мудҳиш то ҳол аз ёди мардум нарафта, рӯзҳои даҳшатбори онро ҳар лаҳза пеши рӯ меоранд.

Ва 27-уми июни соли 1997 бо саъю кӯшиш ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат Сулҳи таърихӣ барқарор гардид, ки ҳеҷ яке аз мухолифин инро намехостанд ва бештари саркардагони онҳо то дер боз амалҳои тахрибкоронаи худро идома доданд, бо вуҷуди ҳамаи ин Пешвои миллат ҷавонмардона онҳоро бахшиданд ва 30% мансабҳои давлатиро низ ба онҳо доданд. Аммо онҳо ин неъмати оромию осудагиро дида натавониста, амалҳои фитнаҷӯёна ва хиёнатҳои худро ба тарзҳои гуногун роҳандозӣ намуда, худро дар байни мардум “инсонҳои пок, дилсӯз, масъулиятшинос” нишон дода, фурсати муносибро барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан мунтазир будаанд.

Гарчанде ки ин ҳақиқат барои давлату идораҳои махсус маълум буд, вале оммаи аҳолӣ шояд ҳақиқати ниятҳои нопоки онҳоро, ки ҷомаи динию эътиқодӣ пӯшонда буданд, намедонист, вале имрӯзҳо бо пахши филми “Хиёнат” ҳамаи он розҳои ниҳону пушти парда будаи онҳо як-як барои на танҳо тоҷикистониёну тоҷикон, балки барои тамоми халқи ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ, ки худро ҳомии “ҳуқуқи башар” медонанд, ошкор гардида истодааст.

Бештари қаҳрамонони ин филм муассисиони ин ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки ниятҳои нопоки ҳизбашонро баён намуда, аз мардуми шарифи Тоҷикистон узру маъзарати зиёд мепурсанд, ба ибораи дигар мешавад амали онҳоро “Узри бадтар аз гуноҳ” номид. Аммо аз як ҷиҳат барои ибрати дигарон ва хусусан ҷавонон хуб аст, ки ҳақиқатро аз саркардагон ва аъзоёни ин ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ мешунаванд.

Дар замони мо, ки пур аз таззоду мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва рӯз то рӯз экстремизм, шовинизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлуби хатарафзо меафзоянд, ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барем. Аммо, мутассифона нафароне, ки хуни нофашон дар ин сарзамин рехтаасту аз обҳои гуворои ин меҳан сероб гардидаанд, аз ҳавои илҳомбахшу табиати малҳамофараш баҳраманд гардидаанд, ба ҷойи он ки мисли Шераку Спитамен, Темурмалику Исмоили Сомонӣ дар баробари таҳдидҳои бегона тани худро сипари ин миллат намоянд ва то охирин қатраи хун Ватани аз ҷон азизро ҳимоя кунанд, баръакс дар деги душман равған рехта, ба нони он панир мемонанд.

Мутассифона ин тоифа инсонҳо боз аз номи ислому Қуръон ва Паёмбар ҳамеша сухан ронда, худро поктарин шахс намоиш дода, бо торҳои эътиқодии инсонҳо бозӣ намуда, худро бо суханонашон гурӯҳи наҷотёфта шумурда, мужда медиҳанд. Ҳол он ки дар сарчашмаҳои динӣ Ваҳдату иттиҳод, сарҷамъию ҳамбастагӣ аз яктопарастӣ болотар зикр гардидааст ва фитнаро аз куштор бадтар донистааст, инчунин нафари аз ҷамоат, яъне Ваҳдату иттиҳод каноргирифтаро маҳкум ба дӯзах намудааст.

Дар филми “Хиёнат” чеҳраи террористони собиқ ҳизби наҳзати исломиро бисёр возеҳ ошкор мекунад, ки то дигарон фиреб нахӯранд ва баён медорад, ки “имрӯз онҳо роҳу усули худро дигар намуда, ҳатто дигар номи ҳизби собиқашонро ёдовар намешаванд ва гурӯҳи ифротӣ-террористии дигарро бо номи “Паймони миллӣ” сохтанд ва зери он ҷамъ шуданд, фарқ байни М. Кабириву Бин Лодан, Абӯбакри Бағдодӣ ва дигарон танҳо либосу макон аст, андеша, ҳадаф ва ҳатто хоҷагонашон як аст”.

Чӣ сабаб гардидааст, ки фарзандони ин миллат ба бегонапарастӣ даст задаанд ва ин миллатро мефурӯшанд.

Воқеан мо аз ғановати таърихи худ ҳамеша менозем ва ифтихор мекунем, ки мо Хайёму Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхию Форобӣ, Синою Бухорӣ ва ҳазорҳо нафари дигар мисли инҳоро дорем, аммо нафароне ҳастанд, мисли М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки сафҳаи таърихи моро доғдор мегардонад.

Мутассифона ин гуна афрод аз таърих ҳеҷ ибрате нагирифтанд ва нахостанд, ки номашон бо хатти зарин дар зеҳнҳои мардум нақш бандад.

Ҳол он ки имрӯз аз ҳар замони дигар мо ба якдилию якпорчагӣ ва Ваҳдату муҳаббат ниёзи бештар дорем.

Чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ дар байни мусулмонони кишвар, иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, гурӯҳбандӣ садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, суханони таҳқиркунанда ҳеҷ гоҳ ба миллате некӣ наовардааст ва намеорад. Фақат дар осиёби дигарон об рехтанро мемонад.

Пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ набояд ҳеҷ нафарро бетаваҷҷуҳ гузорад ва тамоми аҳли ҷомеа новобаста аз касбу кор, мақому мартаба бояд бо он мубориза барад. Чун ба таъбири Хоҷа Ҳофиз «Мо ҳама кишти нишастагонем» дар сурати сӯрохӣ ё халал ворид гардидан дар андак замон ҳама ғарқ хоҳем шуд.

Дар ҳама ҳолат ҳам мухолифон ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Ҳамин тариқ, мо ҳамчун як фарди ватандӯсти ин миллат ба тамоми шаҳрвандон, ҷавонон ва фарзандони ин миллати содиқ тавсия медиҳем, ки ба қадри тамоми муқаддасоти кишвар – Сулҳу Ваҳдат, Истиқлолият, ягонагӣ ва субот расида, онро аз сиёҳкорони ин гурӯҳи террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар равияҳои экстремистӣ, ки зери чеҳраи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон дарафтодаанд, ҳимоя намоем. Ободию озодии кишвари азизамонро доимо нигаҳбон бошем, зеро Тоҷикистони азизи мо бароямон хонаи умед аст ва шукрона аз ваҳдату кишвари сулҳпарвар бояд намуд, то асрҳои оянда ин хоку ин сарзамин ободу поянда бошад.

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф. и.в. дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment