Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Қабули Конститутсия соли 1994 на танҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар Қонуни Асосии мо ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишварамон дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.
Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошад, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мамлакатро ҳифз намоем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд.
Элмуродова Давлатбӣ – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.