Табиати нопайдоканор аз неъматҳои фаровоне бой аст, ки ба инсонҳо дар тӯли умрашон ҷону сафо мебахшанд. Яке аз ин навъи неъматҳо об аст. Обе, ки аз қаъри замин, аз дили кӯҳҳои осмонбӯс, аз бағали харсангҳои азимҷусса фаввора зада, ба замин баромада, ба дашту даман мерезад ва ҳама ҷоро сабзу хуррам мегардонад.
Об яке аз манбаъҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад. Захираи об дар ҷаҳон хеле зиёд буда, 71 фоизи масоҳати курраи Заминро ишғол мекунад. Бо вуҷуди ин инсоният ҳанӯз ҳам аз нарасидани оби тоза ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳоло масъалаи таъмин намудани аҳолии курраи Замин бо оби тоза яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи Замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд. Кишвари мо ҳарчанд ки дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Чунки бо назардошти сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза кишвари мо низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ аст.
Аз байни кулли неъматҳои табиат, об хусусиятҳои фарқкунада ва нисбат ба дигар бойигариҳои табиат бартарии калон дорад. Тавре геологи машҳури шӯравӣ А.Б. Каршинский қайд кардааст, «Дар рӯйи замин аз об дида сарвати табиии қиматтаре вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Зеро об асоси зиндагист». Агар организми инсон 30-40 фоизи оби худро гум кунад, ба ҳалокат дучор мешавад.
Захираҳои обӣ дар курраи Замин хеле зиёданд, вале на ҳамаи онҳо истифодашавандаанд. Аз ҳаҷми умумии обҳои олам танҳо 2,5 фисади он ширин ва ошомиданӣ мебошад, аммо аз даҳ-ҳафт ҳиссаи обҳои ширин дар пиряхҳои Арктика ва Антарктида мавҷуданд ва барои инсоният дастнорасанд.
Ба ҳисоби миёна барои ҳар як одам рӯзе 20 литр об барои нӯшидан, омодасозии ғизо ва гигиенаи шахсӣ сарф мегардад. Барои бисёрии сокинони Африқои шарқӣ бошад, ҳамагӣ 5 литр дар як рӯз ва ё ҳатто дар баъзе минтақаҳо он ба 1 литр рост меояд. Аз ин лиҳоз, мо бояд аз он шукргузор бошем, ки Ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои обӣ нафақат дар собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тақрибан 60 фисади захираҳои оби Осиёи Марказиро захираи обии кишварамон ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи об дар Осиёи Миёна нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон зиёд аст. Оид ба истифодаи оқилонаи об ҷопониҳо намунаи ибратанд. Сарфаи оқилонаи об ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки мо донишҳои экологии оид ба обро байни ҷомеа тарғиб намоем. Зеро фаъолияти бенизоми он аз ҷониби инсон ба нобуд ва ё нест кардани олами наботот, алалхусус буттаю дарахтон, дигаргун сохтани релеф (ноҳамвориҳои сатҳи замин), ифлосшавӣ ва ҳатто камшавии обҳои зеризаминию рӯйизаминӣ мегардад.
Акбаршоев А.А. – донишҷӯйи курси 3, факултети МваКН, г. 27010107Б.