Конференсия бахшида ба хотири профессорон Турсунов А.А., Оев А.М. ва Сангинов О.К.,
санаи 22-23 декабри соли 2020 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гузаронида мешавад..
Дар рафти конфронс таҳлили ҳолатҳои воқеии бехатарии ҳаракат ва фаъолияти инноватсионӣ дар маҷмааи нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст. Технологияи инноватсионӣ имконият медиҳанд, ки идора ва ташкили ҳамлу нақли нақлиёт, бехатарии ҳаракат дар роҳ, системаҳои логистикӣ ва дигар ҷабҳаҳои муҳими маҷмааи нақлиётӣ такмил ёфта, самаранокии муассисаю корхонаҳои нақлиётӣ, новобаста аз тобеият ва шакли моликияташон баланд шавад.
Самтҳои асосии кори конференсия:
- Бехатарии сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои нақлиётӣ.
- Захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва бехатарии экологӣ дар нақлиёт.
- Истифодабарии воситаҳои нақлиёт.
- Иқтисодиёт, менеҷмент ва логистикаи нақлиётӣ.
- Масолеҳ ва технологияҳои ҷадид.
- Нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ.
- Системаҳои идории автоматикунонидашуда ва технологияҳои муосири итилоотӣ дар нақлиёт.
- Ташкил ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт.
- Ташкили ҳамлу нақл бор ва мусофирон.
- Техникаи сохтмонию роҳсозӣ.
- Фанҳои табиӣ-риёзӣ ва умумитехникӣ.
- Энергетика, маводшиносӣ ва мошинсозӣ.
Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Давомнокии маърӯзаҳо: баромади пленарӣ – 15-20 дақиқа; баромади сексионӣ – 10 дақиқа;
гузориши стендӣ – 5 дақиқа.
ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ҲАҶМИ МАВОД ВА МАБЛАҒИ ТАШКИЛОТӢ
- Маблағи ташкилотӣ ба андозаи 30 сомонӣ ба хазинаи технопарк бо номи “Конференсия” супорида мешавад. Ба маблағи ташкилотӣ санҷиши аслияти мавод бо барномаи “Антиплагиат” дохил мешавад.
- Пас аз санҷиши мақолаҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ва гирифтани тақризи мусбӣ мақолаи пешниҳодгардида нашр мегарданд. Барои чопи маводҳо муаллифон масъул мебошанд. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда мешавад.
- Дар номи файл бояд номи якум муаллиф навишта шавад (масалан: Гулямов К.Х.doc)
Кумитаи тадорукот ҳуқуқ дорад, ки маводҳои ба талаботҳои конференсия ҷавобгӯ набуда, ё арзиши илмӣ надоштаро барои нашр иҷозат надиҳад. Вобаста бо қарори кумитаи тадорукот барои як муаллиф як мақола дар алоҳидагӣ ва то ду мақола ҳамчун ҳаммуаллиф пешниҳод кардан, иҷозат дода мешавад. Ҳамаи мақолаҳо аз тафтиши антиплагиат гузаронида мешаванд. Маводе, ки ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудааст, барои чоп тавсия дода намешавад.
Формат | А4 (297х210мм) |
Шрифт | кегл 12 Times New Roman |
Майдон | аз чап — 30 мм, аз рост – 20 мм, аз боло — 30 мм, аз поён – 25 мм |
Фосила (интервал) | 1 |
Шакли пешниҳод | Тавассути қутии электронии technopark@ttu.tj, conferencettu@mail.ru |
Шумораи саҳифа | На зиёда аз 5 саҳифаи матни компютерӣ (бо расмҳо, графикҳо, аксҳо ва диаграмаҳо). |
УДК | Кунҷи болои тарафи рост |
Номи мақола | Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (шрифти сиёҳ) |
Ному насаби муаллиф | Ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ
дар марказ пас аз номи мақола ҷой дода мешавад. |
Номи ташкилот | Дар қавс пас аз ному насаби муаллиф |
Мӯҳтавои асосӣ ва калимаҳои калидӣ | Ба таври мушаххас мӯҳтавои мақола (5-7 сатр) ба забонҳои тоҷикӣ, руссӣ ва англисӣ |
Қисми графикӣ | (Шакли JPEG, JPG). Ҳар як расм бояд рақам дошта бошад ва дар матни мақола ба он ишора карда шавад. |
Microsoft Graph ё Microsoft Excel бе истифодаи нусхабардорӣ | |
Ҷадвалҳо | Бевосита дар матни мақола ҷой дода мешаванд. Ҳар як ҷадвал бояд рақам ва сарлавҳа дошта бошад. |
Формулаҳо, рамзҳо ва ишораи ҳарфии бузургиҳо | Бо таҳрири намуди Microsoft Equation (шрифти 12). Танҳо он формулаҳоро рақамгузорӣ кунед, ки дар матни мақола ба онҳо ишора карда шудааст |
Адабиётҳо | Адабиёти истифодашуда бо тартиби ишора ба он дар қавси квадратӣ ҷой дода мешаванд |
Эзоҳ | Ҳайати таҳририяи конфронс метавонад танҳо он дигаргуниҳои таҳририро ба матни мақола ворид намояд, ки маънои ҷумларо тағйир надиҳад. |
Суроғаи мо: 734025. ш. Душанбе, кӯч. Ҷомӣ 1. Бинои факултети Нақлиёт, ошёнаи 1, деканати факултети “Нақлиёт”-и ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ.
(Тел/факс: (+992)933300032,
Дархост барои иштирок дар конфронс то 01.12.2020 ба суроғаи электронии technopark@ttu.tj, conferencettu@mail.ru қабул карда мешавад.
ШАХСОНИ МАСЪУЛ:
1. Раҳмонзода А.Ҷ. – сардори Раёсати илм ва инноватсия. 2. Давлатшоев Р.А.- декани факултети “Нақлиёт”. 3. Азимов П.Ҳ. – денкани факултети “М ва КН”. 4. Амонуллоев И.А.- муовини декани факултети “М ва КН”. 5. Юнусов Ф.М. – сардори маркази иттилоот ва робита бо ҷомеа. 6. Маҳмудова Т.М.- муовини декани факултети “Нақлиёт”. 7. Чоршанбиев С. Р. – Муҳаррири маҷаллаи илмии “Паёми политехникӣ”. 8. Ҳусейнов Ҳ.Б.- муовини декан оид ба таълими факултети “Нақлиёт”. |
НИШОНАҲОИ БОНКӢ:
Қабулкунанда: Технопарки ДТТ ба номи акад. М.Осимӣ. Номи Бонк: ДХ БДА ҶТ «Амонатбонк» Сурогаи бонк: ш.Душанбе к. Лоҳутӣ 24 РМБ (МФО): 350 101 626 с/мсилотӣ (корсчет): 204029723162 64 РМА (ИНН): 040037570 суратҳисоб: 2020 2972 1012 2010 1000 Таъйинот: Иштирок дар конфронс (Ному насаб); дастгирии сарпарастӣ. |