Мирсаид Миршакар — шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Мирсаид Миршакар — шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст. Аз соли 1937 котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин». Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тилоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тилоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тилоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст. Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тилоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст. Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғ. Дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шӯҳраташро сазовор гардонидаанд.
Намунаи осор:
- «Қишлоқи тилоӣ» (1942), Достон;
- «Панҷи ноором» (1949), Достон;
- «Ленин дар Помир» (1955), Достон;
- «Дугонаҳо» (1961), Достон;
- «Дашти лаванд» (1961), Достон;
- «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962),Достон;
- «Чашмони Ленин» (1964),Достон;
- «Авроқи муҳаббат» (1975), Достон;
- «Исёни хирад» (1979), Достон; ва ғ.[1]
Ҷоизаҳо:
- Ҷоизаи давлатии ИҶШС (Сталинӣ) (1950),
- Шоири халқии Тоҷикистон (1962),
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964),
- Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1972),
- Ду ордени «Ленин»,
- Ду ордени «Парчами Сурхи мехнат»,
- ордени «Инқилоби Октябр»,
- ду ордени «Нишони фахрӣ»,
- ордени «Дӯстии халқҳо»,
медалҳо ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Ба номи ӯ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва яке аз кӯчаҳо дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Эзоҳ:
- ↑ Jump up to:1.0 1.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 136-137 ISBN 978-99947-2-379-9.