Муҳимтарин ва пурарзиштарин воқеоти таърихи навини тоҷикон ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ маҳсуб ёфта, оғози саҳифаи навини бурдбориҳои миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб меравад. 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санади тақдирсоз дар роҳи эъмори давлатӣ роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигар сохт. Миллати тоҷик ба ормони таърихии хеш, яъне ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ расид. Тавлиди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ баҳри рушди ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ менамояд. Ин робитаҳо оид ба масъалаҳои ёрии гуманитарӣ, тиббӣ, барқарор ва ба кор даровардани объектҳои ҳаётан муҳим, яъне корхонаҳое, ки маводи ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд, хонаҳои истиқоматӣ, хатҳои оби ошомиданӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ

Муҳимтарин ва пурарзиштарин воқеоти таърихи навини тоҷикон ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ маҳсуб ёфта, оғози саҳифаи навини бурдбориҳои миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб меравад. 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санади тақдирсоз дар роҳи эъмори давлатӣ роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигар сохт. Миллати тоҷик ба ормони таърихии хеш, яъне ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ расид. Тавлиди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ баҳри рушди ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ менамояд. Ин робитаҳо оид ба масъалаҳои ёрии гуманитарӣ, тиббӣ, барқарор ва ба кор даровардани объектҳои ҳаётан муҳим, яъне корхонаҳое, ки маводи ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд, хонаҳои истиқоматӣ, хатҳои оби ошомиданӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ғайра сурат гирифтанд. Дар муддати як соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия, ИМА, Мексика, Дания, Корея, Туркия, Лаҳистон ва Япония аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил гардидан бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушди таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми феврали соли 1992 ба САҲА, 2-юми марти соли 1992 ба СММ, апрели соли 1992 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 1-уми декабри соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ, 18-уми январи соли 1993 ба Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ, 6-уми апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид. Аммо раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии Ҷумҳурии навистиқлоли Тоҷикистон дере нагузашта, дучори буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги таҳмилии бародаркуш боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат рӯ ба рӯ сохт.

Ниҳоят ба халқи фарҳангофар ва тамаддунпарвари тоҷик Худованд бо меҳрубониҳои зиёд Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди ҷоннисори миллати тоҷикро дод. Хиради азалии халқи тоҷик, арҷгузории манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ иқдомҳои оқилонаи сарвари навинтихоби давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фаноёбии давлати миллиро гирифт. Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад.

Дар ин замина роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишонидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод. Усулҳои асосии сиёати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” баён гардид.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро тарҳрезӣ менамуд. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хадамоти дипломатӣ” аз ҷумлаи онҳост, ки бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат дар ин давра таҳия ва эҷод гардиданд. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми сентябри соли 2002 ва Қонун “Дар бораи хадамоти дипломатӣ” 2-юми декабри соли 2002 ба имзо расид. Дар Консепсия моҳият, мундариҷа, дурнамои сиёсати хориҷӣ ва самтҳои рушди он инъикос ёфтаанд. Дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, самтҳо афзалиятҳо, минтақаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои дӯсту ҳамсоя, дуру наздик ва дигар масъалаҳои муҳими роҳандозии сиёсати байналхалқӣ муайян гардида буд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Президенти кишвар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2003 сиёсати “дарҳои боз” эълон намуд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст. Сиёсати ҳориҷии “дарҳои боз” дар тӯли солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад ва онро мустаҳкам созад. Муносибат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон самти афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки онро беш аз 170 созишномаҳои байнидавлатӣ ба танзим медарорад.

Аз соли 2003 сар карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт ва дар натиҷа кишварҳои хориҷ дилпурона инвеститсияҳои худро дар сохтмонҳои калони саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайра мегузоранд. Сиёсати дарҳои кушод ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки давлатҳои хориҷӣ аз як тараф бо мо ҳамкории муфиди иқтисодӣ дошта бошанд ва дар айни ҳол мо ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дохил шуда, ба раванди интегратсионии ҷаҳонӣ пайваст гардем.

Солҳои охир робита ва ҳамкорӣ дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ беҳтар гардида, дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ тағйироти мусбӣ дида мешавад. Барои ташкил намудани фазои ягонаи иқтисодии минтақа Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, ки ба он ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дохил шудаанд, фаъолияти хуб нишон дода истодааст.

Ба туфайли пеш гирифта шудани сиёсати дурусти хориҷӣ Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки бо мамлакатҳои мусулмонӣ муносибати хуб намуда, инвеститсияҳои онҳоро дар пешравии иқтисодиёти худ гузорад.

Мувофиқи барномаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робита ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон низ дар назар дошта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути кушода шудани нақлиёти трансконтиненталӣ, хусусан истифодаи шоҳроҳи абрешим аз як тараф ба давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва аз тарафи дигар ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пайваст шуда, савдо ва муомилоти иқтисодиро беҳтар хоҳад кард.

Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ низ мустақилона робитаҳои фарҳангӣ мебарад. Маълум аст, ки робитаҳои фарҳангӣ яке аз шаклҳои муфиди ба ҳам наздикшавии байни миллатҳо ва халқҳои ҷаҳон мебошад.

Яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Сарвари кишвар дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналхалқӣ робитаҳо бо Ҷумҳурии халқии Хитой аҳамияти басо муҳим дорад. Робитаҳо миёни ду кишвари бо ҳам дӯст дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, дар асоси беш аз 200 созишномаҳо босуръат ҷараён мегиранд. Муносибати дигари дӯстӣ бо кишвари ҳамсоя Афғонистон ҳамеша дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои 90-уми қарни XX дар бисёр суханрониҳояш диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистон, хатари ҳаракати толибон барои мардуми минтақа ва ҷаҳон ҷалб менамуд.

Муносибати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Ҷопон, Туркия ва ҷаҳони ислом, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои пешрафтаи Ғарб самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли 2015 аз минбари баланди СММ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навро дар бораи эълон намудани барномаи “Даҳсолаи об ба хотири рушди устувор” пешниҳод намуд, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рӯҳбаландӣ қабул намуданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 16-уми марти соли 2003 дар шаҳри Киото пешниҳод карда буд, ки “… дуруст мебуд, агар аз соли 2005 сар карда, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015) эълон шавад”. Ва хушбахтона, ин ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маъқул дониста шуд. Бо мақсади татбиқи ин иқдоми нек рӯзҳои 30-31-уми майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар баргузор гардид. Конференсияи барнома тавсияҳои мушаххас оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалити “Об барои ҳаёт”-ро қабул намуд. Ҳамчунин пешниҳоди Пешвои миллат “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби СММ қабул гардид.

Хулоса, бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ Тоҷикистон аз тарафи беш аз 150 давлатҳои дунё расман эътироф гардида, бо 130 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст.

Саидумаров С.С. – н.и.ф. дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, Асоев К.М. – ассисенти кафедраи ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment