Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Вобаста ба пайдоиши ин кӯҳҳо ривоятҳои халқи низ мавҷуданд. Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гурӯҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.

Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре  ҳам  ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани кӯҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо  машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст  ба дасти якдигар дода ба болои кӯҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанӯз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг табдил месозад. Аз ин рӯ он маконро то ба имрӯз Чилдухтарон мегўянд.

Чилдухтарон, маконҳое дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, ки дорои ривоёти махсус мебошанд. Мардум ривоят мекунанд, ки гўё дар маконе духтарони зеборухе машғул ба кору бори худ будаанд. Ногаҳон аз дур садои одамони номаҳрам шунида мешавад, ки онҳо аспсавор ба сӯи духтарон ҳуҷумкунон ҳаракат мекарданд. Духтарон, ки пок буданд, аз Худо илтиҷо менамоянд: «То ба дасти номаҳрамон расидан беҳтар аст, ки мо дар ҷои худ санг шавем». Ин илтиҷои онҳоро Худо қабул менамояду онҳоро дар ҷояшон ба санг табдил медиҳад.

Яке аз ин ҷойҳо ба номи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод куҳест, ки аз дур мисли манораҳои ҳайкалӣ менамояд. Ин мавзеъ аз дур чунин ба назар мерасад, ки гӯё онро инсон сохта бошад. Ин гуна куҳҳо дар Тавилдара ва деҳаҳои  Каранаку Равиови Дарвоз низ ҳастанд, ки ҳар кадоме ривояте доранд.

Ривоят мекунанд, ки дар ин макон ҷанги мудҳише рух медиҳад. Хангоми ҷанг мардони деҳа ба душман муқобилияти сахт нишон дода ҳама кушта мешаванд. Ин ҳолатро дида занҳо ба ғазаб меоянду ба муқобили душман меҷанганд ва теъдоде аз душманро торумор менамоянд, вале тири камони онҳо тамом мешавад. Мебинанд, ки душман онҳоро асир мегираду хар тавре, ки хоҳад азият медиҳанд, чил нафар даст ба осмон карда, аз Худо илтиҷо менамоянд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Барои Худованд, ки ҷасорату тинати поки онҳо маълум буд, онҳоро ба санг табдил медиҳад. Ҳоло ин макон зиёратгоҳи мардум аст. Бо мурури замон  ҳар кадоме аз ин қуллаҳои кӯҳӣ Чилдухтаронро мардум ба таври худ номгузорӣ кардаанд. Мардуми ихлосманд дар пояи куҳи Чилдухтарон гоҳе назру ниёз ҳам мекунанд. Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре  ҳам  ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани кӯҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо  машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст ба дасти якдигар дода ба болои кӯҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанўз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг табдил медиҳад. Аз ин рӯ он маконро то ба имрӯз Чилдухтарон мегўянд. Барои дидани ин макон ҳамасола садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ роҳҳои тулониро тай карда меоянд. Дидани ин муҷасамаҳои сангине, ки дар худ таърихи тулонии мардуми тоҷикро таҷасум мекунад, ҳар як нафарри ташрифовардаро ба покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ ҳидоят мекунад.

Маводи мазкур бо такя ба маълумотҳои Википедия таҳия гардидааст.

 

https://traveltajikistan.tj/tg/lakes-and-mountains/

Бознашр аз сомонаи https://nbt.tj/

Leave a Comment