Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Пас аз ҳазор сол таърих барои мардуми тоҷик имкон дод, ки соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардад. Дар айёми навсозӣ, ки хатари парокандагӣ ва нестшавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, анҷумани тақдирсозе доир шуд ва Сарвари хирадсолореро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсӣ овард, ки бо ҷасорати фавқулодда бузург ин хатарҳоро аз миён бардошт.

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Пас аз ҳазор сол таърих барои мардуми тоҷик имкон дод, ки соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардад. Дар айёми навсозӣ, ки хатари парокандагӣ ва нестшавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, анҷумани тақдирсозе доир шуд ва Сарвари хирадсолореро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсӣ овард, ки бо ҷасорати фавқулодда бузург ин хатарҳоро аз миён бардошт.

Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Баровард миллаташ аз шоми торик!

Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд, баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷиаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад.

Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид.

Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд.

Зарур аст ёдовар шавем, ки нахустин суханони Сарвари давлат дар ҳамон айёми худсӯзиҳо «Ман ба шумо сулҳ меорам…» буд ва он имрӯз пурра амалӣ шуда, сулҳу ваҳдати мо дар партави сиёсати Сарвари давлат пойдору қавитар мегардад. Ин неъмат, яъне сулҳу ваҳдат дар ҷаҳони пуртазоди муосир ҳамоно арзиши бештар касб мекунад ва моро дар баробари низоъҳои давомдору миллаткуши кишварҳои Ховари Миёна ҳушдор медиҳад, ки ба қадри он бирасем ва сиёсати ҷомеасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем.

Билохира 27-уми июни соли 1997 имзои Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо Ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушди иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Вақт нишон дод, ки воқеан ҳам тамоми ваъдаҳои аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омадан додаашро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона муаррифӣ намуд. Садои мавҷбори забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди ҷаҳон – СММ аз забони ин сиёсатмадори маъруфу маҳбуб садо дод.

Аҳмадшоҳи Масъуд, шахсияти бузурги Афғонистон гуфта буд: “Ман дидам, ки чӣ гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем”.

Ё Сулаймон Демирел, Президенти Ҷумҳурии Туркия дар мавриди Пешвои миллати мо чунин андеша дошт: “Дӯстии Тоҷикистон ва Туркия дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳо аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии дӯсти наздики ман Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ мебошад, метавонад бо кӯмаки дӯстон ва бо шарофати меҳнати фидокоронаи халқаш босуръат рушд кунад”.

Владимир Воронин, Президенти Ҷумҳурии Молдова Эмомалӣ Раҳмонро сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод унвон карда гуфта буд: “Ин сифатҳо ӯро ҳамчун Сарвари давлат на танҳо дар Ватани худаш, балки дар хориҷи он низ соҳибэътибор гардонидаанд”.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори башардӯстеро дарёфтааст, ки на танҳо барои рифоҳи зиндагии халқи худ, балки тамоми ҷаҳон меандешад. Мисоли равшани ин ҳақиқатро метавон дар ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат вобаста ба масоили об дар ҷаҳон шинохт, ки инак кишварҳои олам дар пайи татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” қарор гирифтаанд.

Барҳақ, дар робита ба иқдомоти ҷаҳонии Сарвари давлати мо вобаста ба таъмини дастрасии аҳли башар ба оби тоза имрӯзҳо кишвари моро ҳамчун маркази дипломатияи об дар ҷаҳон мешиносанд, ки боиси ифтихору арҷгузорист. Ҳамин иқдомоти башардӯстона аст, ки ҳоло ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо тоҷикону форсизабонони олам, балки қавму миллатҳои зиёди сайёра эҳтиром мегузоранд ва ҳамчун Пешвои ҳақиқиву мардумсолор мешиносанд.

Қобили зикр аст, ки 15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд ва тибқи он 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Тантанаҳои ҷашни имсолаи Рӯзи Президент ишора ба он доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ин санаро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ истиқбол намуда, институти Президентиро дар ташаккули давлатдории миллӣ дорои нақши муҳим пазируфтанд. Бояд гуфт, ки ин санаи муборак ба 16-уми ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки азизу гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн ба хидматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон ва шуҳрати бесобиқа касб кардани он дар арсаи ҷаҳон асос мегирад. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳе, ки бо садоқат ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат дорад, яқин аст ӯ ба давлату миллати хеш низ содиқ аст.

Имрӯз боиси хушнудӣ ва сарфарозии кулли мо – ҷавонон аст, ки Пешвои миллат, аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба ҷавонон такя намуда, онҳоро ҳамчун неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ намуд. Ин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имконият барои онҳо фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш омӯзанд, забон аз худ кунанд, аз техникаву технологияи ҳозиразамон бохабар гарданд, дар донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баланди соҳа дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузоранд.

Истиқлолияти давлатӣ марди ҷасуру дурандеш, миллатдӯсти асил Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки саробонӣ ва ҳифзи миллатро бар дӯш гирифт. Бори нахуст замоне, ки ба фардо эътимод набуд, дар пойтахт ҳар лаҳза садои тир ба гӯш мерасид, кадрҳо аз гирифтани мансаб метарсиданд, шаҳрҳо сокит ва ғамзада буданд, ин марди шариф, сиёсатмадори поктинат сарнавишт ва ояндаи нави давлатдории тоҷиконро вазифаи муҳимтарини хеш қарор дод. Акнун дар баробари таҷлили бошукӯҳи рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва дигар идҳои миллӣ ҷашни анҷоми сол ва оғози соли милодӣ чун солномаи корнамоиҳо идома дорад.

Дар мисоли фидокориҳо ва қаҳрамониҳои падарон тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Мутаассифона, пас аз 70 сол боз фашизм дар либоси «Давлати исломӣ», “Толибон” ба арзишҳои муқаддас, ба амнияти мардум таҳдид менамояд. Таблиғоти ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша баъзе ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ватанпараст ва миллатдӯстро зарур аст дар мубориза бо ин зуҳурот дар канор намонад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хатар ҳанӯз даҳ сол пеш оламиёнро огоҳ карда буд.

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг зарари беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба сӣ сол аст, ки як марҳалаи таърихиро дар ҳоли тай кардан аст. Ба ҳамагон маълуму машҳур аст, ки Тоҷикистон дар авохири садаи бистум мисли дигар кишварҳои бародар нав аз ҳайати давлати абарқудрати ҷаҳон – Иттиҳоди Шӯравӣ баромада буд, соҳиби Истиқлоли давлатӣ гашт. Аён аст, ки он солҳо авзои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва мамлакат хело ва хело муташанниҷ буду ҳамоно вазъи мамлакат нооромтар мешуд. Аз як тараф ба майдон омадани гурӯҳҳои нави мухолифин ва аз тарафи дигар бошад, мамлакатро гуруснагии ом рӯз аз рӯз фаро мегирифту халқи тоҷик маҷбур буданд, ба давлатҳои хориҷа гуреза шаванд, яъне тақдири давлату миллати тоҷик ҳамоно бадтар мешуд ва ҳам наздик буд, Тоҷикистони тозаистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шахсияте ба тақдири мардуми тоҷик ба сари сиёсат омад, ки сарнавишти ояндаи миллатро тавонист ба сӯйи қуллаҳои фатҳ ва ё аз торикиву зулмат ба сӯйи равшаниву нур биёварад. Дар ҳақиқат он шахс тавонист халқи тоҷикро сарҷамъ ва дар зери як ливо муттаҳид кунад. Чун ба оинаи таърих назар мекунем, бароямон аниқу дақиқ аст, ки ба сулҳу оромии ин ё он қавму мамлакат касе сабаб мешаваду давлату миллатро аз вартаи нестӣ наҷот медиҳад. Ин шахсияти нотакрор, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист ба кишвари азиз сулҳу амониро барпо кунад. Бояд таззакур дод, ки соҳибистиқлол шудани кишвари ҷавон Тоҷикистони тозаистиқлол ва интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар як марҳили нави бурдориву муваффақиятҳо ва марҳилаи ободонии кишвар баъди ҳазор соли парокандагиву ҷудоии миллати тоҷик дар арсаи давлатдории тоҷикон буд.

Аз замони интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби роҳбари давлат зина ба зина ва марҳила ба марҳила Ҷумҳурии Тоҷикиситон рушд карда роҳаш ба роҳи музаффариятҳост.

Хизматҳои ин абармарди сиёсатро метавон ба хатҳои зарҳалӣ ба дафтари таърих навишт ва ин хизматҳо арзандаи таҳсин аст, ки ба ҳар шахс насиб намегардад, то давлату миллати дар ҳоли нестшавӣ қарордоштаро сарҷамъ карда, сулҳро барқарор кунад.

Мардуми кишвар хуб огоҳанд, ки чӣ рӯзҳоро паси сар карда буданд ва таърих исботгари он аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар дар чӣ ҳолат қарор дошт ва имрӯз дар чӣ ҳолат аст.

Президенти кишвар бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстиаш бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Пешвои миллат нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар беҳбуд бахшид.

Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта, аз қабили НБО-и Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун ва инчунин роҳи мошингарди Бадахшон, роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар, Шаҳристон ва Хатлон, биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату Ҳукумат, ҳамчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кӯшиш мекунанд. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузошт.

Табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад. Амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии банақшагирифтаи Сарвари давлат расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя яке аз омилҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик аст.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд.

Хулоса, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишварамон, балки дар миқёси ҷаҳон маъруф ва машҳур аст.

Номи ин абармард чун пешвоҳои муваффақи миллӣ, ки аз ҷониби халқ эътироф шудаанд, дар таърих боқӣ монда, корнамоиҳояш бо хатти заррин сабт хоҳанд шуд.

Акрамов Саидусмон Саидисломович – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment