Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳуввияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мо шукргузор аз онем, ки фарзанди бонангу номус ва фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмонро бароямон Худованд ҳамчун роҳбару роҳнамо ато фармудааст. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки ин марди шариф аз лаҳзаҳои нахустини ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар танҳо бо ҷаҳду талоши мардонавор тамоми мушкилот ва нобасомониҳоро паси сар кард, ҳамчун дармонбахши ғами халқ сулҳу оромиро ба хонадони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳайё намуд, бо шири сафеди модар қасам ёд карда, худро хизматгори халқу миллати хеш хонд.

Меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Иҷозат фармоед, Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям.

Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳуввияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мо шукргузор аз онем, ки фарзанди бонангу номус ва фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмонро бароямон Худованд ҳамчун роҳбару роҳнамо ато фармудааст. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки ин марди шариф аз лаҳзаҳои нахустини ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар танҳо бо ҷаҳду талоши мардонавор тамоми мушкилот ва нобасомониҳоро паси сар кард, ҳамчун дармонбахши ғами халқ сулҳу оромиро ба хонадони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳайё намуд, бо шири сафеди модар қасам ёд карда, худро хизматгори халқу миллати хеш хонд.

Миллати тоҷик ва Ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашида, Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот дод. Заҳмату талошаш дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад.

Тамоми хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро миллати тоҷик қадр карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Қаҳрамони Тоҷикистон медонад. Хизматҳои ин марди наҷибро миллати тоҷик шоистаи таҳсин мехонад.

Баҳои баландро ба Президенти худ пеш аз ҳама миллати тоҷик медиҳад, зеро маҳз ин миллати дар тӯли таърих ҷафодида бо арҷмандии ин марди хирадманд ба ин давраи тиллоӣ даст ёфтааст ва маҳз миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Сарвари давлат меъмори сулҳи бебозгашти тоҷикон аст ва сиёсати хирадмандонааш назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Роҳбари давлат Тоҷикистон ба сӯйи музаффариятҳои нав ба нав қадам мегузорад. Тамоми ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ мегарданд. “Даҳсолаи об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз ташаббусҳои навбатии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллати тоҷик пешниҳод гардида, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтааст.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовори худро дорад. Талошҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки Тоҷикистон тамоми ҳадафҳои миллии худро марҳила ба марҳила амалӣ намуда, барои зиндагии сазовори халқи худ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳадафи чоруми миллии кишвар саноатикунонии босуръат ба ҳисоб рафта, он бо дилпурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид. Мо – коллективи профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вазифадор ҳастем ва ифтихор менамоем, ки дар татбиқи ин ҳадафи миллӣ саҳмгузор хоҳем шуд. Зеро донишгоҳи мо заминаи асосии омодакунандаи кадрҳои техникии дархӯри саноатикунонии кишвар ба ҳисоб рафта, танҳо аз мо кӯшиши содиқона баҳри амалишавии ин ҳадафро тақозо менамояд.

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз иқдоми навбатии дурандешонаи Пешвои миллат ба шумор рафта, ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Мо – коллективи профессорону устодони донишгоҳ бо неруи даҳчанд ин сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами давлатамонро ҷонибдорӣ мекунем. Зеро бе рушди илмҳои дақиқ ва такомули касбҳои техникӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат расидан ғайриимкон аст.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ алоҳида қайд шудааст.

Аз ин рӯ, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.

Дар оянда низ бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷиҳати пешвоз гирифтани меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасониҳо дар минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ғайраҳоро дуруст ба роҳ монда, биноҳои замонавии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, мутахассисони пуртаҷриба омода созем, омӯхтани забонҳо, омодасозии хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраро тақвият бахшем.

Ҳамин тариқ, гиромидошти ин санаро метавон ҷашни миллию мардумӣ номид, зеро боварии шаҳрвандро ба ояндаи нек бештар карда, ҳисси хештаншиносию ватанпарастӣ ва миллатдӯстию нангу ори миллиро бедор мекунад. Ҷашни болозикр дар қатори дигар ҷашнҳои миллии мо мавқеи хос дорад. Таҷлили ҳар як санаи нек хушбахтию шодӣ меорад, баракати хонадонро зиёд ва осоиштагии мардумро подош хоҳад буд.

Дар ин робита бори дигар ҳамагонро бо Рӯзи Президент табрик гуфта, ба хонадонатон баракату осоиштагӣ, ба чеҳраатон зебогию тароват ва ба ҷисматон тансиҳатӣ орзумандам.

Сарбаланду хонаобод бошед!

Leave a Comment