Шукрона аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу субот, хонаи пурбаракату Ватани биҳишосо кору зиндагӣ дорем.
Мо ҷавонони дар даврони Истиқлолият дар ҷодаи илм фаъолияткунанда аз имкониятҳои хуби барои мо фароҳамоварда истифода бурда, муваффақияту комёбиҳои худро маҳз аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат медонем.
Шукрона аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу субот, хонаи пурбаракату Ватани биҳишосо кору зиндагӣ дорем.
Мо ҷавонони дар даврони Истиқлолият дар ҷодаи илм фаъолияткунанда аз имкониятҳои хуби барои мо фароҳамоварда истифода бурда, муваффақияту комёбиҳои худро маҳз аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат медонем.
Ҷавонон имрӯз махсусан дар самти илмҳои техникӣ ба дастовардҳои беназир дастёб гардида истодаанд ва ин ҳам бо ташаббус ва талошҳои созандаи Пешвои миллат ба мо насиб гардидааст.
Агар ба даврони Шӯравӣ назар андозем, тақрибан 25 000 нафар ҷавонон хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил карда, қисме аз онҳо ба илмҳои техникӣ машғул мегардиданд. Ҳоло бошад, беш аз 35 000 нафар донишҷӯён, аспирантон ва докторантони тоҷик хориҷ аз мамлакат таҳсил доранд, ки ин нишондиҳандаи ниҳоят хуб ва боиси ифтихори мост. Онҳо пас аз хатми таҳсил ба Ватан баргашта, ба рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд гардид.
Ман низ ҳамчун олими ҷавон дар Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “Донишкадаи энергетикии Москва”-и Федератсияи Россия соли 2015 ба аспирантура тибқи квотаи президентии “Дурахшандагон” дохил шуда, соли 2019 рисолаи илмии худро пеш аз муҳлат дар мавзӯи “Баланд бардоштани фаъолияти шабакаҳои барқӣ бо тавлиди офтобии тақсимшуда аз ҳисоби кам кардани талафоти техникии неруи барқ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намудам.
Имрӯз бошад, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргашта, дар хизмати халқу Ватан омода ҳастам.
Ҳангоми таҳсил дар аспирантура дар конференсия, симпозиумҳо, семинарҳо ва маҳфилҳои илмии сатҳи байналмилалию хориҷӣ иштирок карда, бо беш аз 20 маърӯзаҳои худ аз номи Тоҷикистони азиз баромад намудам. Натиҷаи баромадҳои ман дар шакли мақолаҳои илмӣ дар соҳаи энергетика дар маҷмуаи маводи ин чорабиниҳо чоп шудааст.
Соли 2020 аз ҷониби Президенти кишвар – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника гардидам.
Имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар соҳаи техника бешумор аст ва ба сифати чакидае аз он имкониятҳо мо метавонем, ки таъмини базаи озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, квотаи президентии “Дурахшандагон” ва монанди инҳоро номбар намоем.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии навбатии Ҳукумати кишвар барои ҷавонон буда, имкони дар дохили кишвар ҳимоя кардани рисолаҳои илмиро ба ҷавонон медиҳад.
Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз иқдоми навбатии дурандешонаи Пешвои миллат ба шумор рафта, ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Ин иқдом заминаи боэътимод барои татбиқи ҳадафи миллии чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.
Мо – коллективи профессорону устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо неруи даҳчанд ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамонро ҷонибдорӣ мекунем. Зеро бе рушди илмҳои дақиқ ва такомули касбҳои техникӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат расидан ғайриимкон аст.
Мо вазифадор ҳастем ва ифтихор менамоем, ки дар татбиқи ин ҳадафи миллӣ саҳмгузор хоҳем шуд. Зеро донишгоҳи мо заминаи асосии омодакунандаи кадрҳои техникии дархӯри саноатикунонии кишвар ба ҳисоб рафта, танҳо аз мо кӯшиши содиқона баҳри амалишавии ин ҳадафро тақозо менамояд.
Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои ниҳоят зиёдеро анҷом дода истодааст, чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Аммо мо – ҷавонон ва соҳибкасбони илмҳои техникӣ низ саҳми босазои худро бояд гузорем ва барои насли ояндаи миллат кишвари ободу зебо, мутраққию озод ва амну амонро ба мерос гузорем.
Ва дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамагонро бо ин ҷашн, яъне Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Ниёзӣ С.Р. – н.и.т., ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ”.