Дар гаҳвораи тамаддуни башарӣ тоҷикон яке аз асоситарин ҳалқияту қавмҳо ба шумор мераванд, ки дар бунёди таҳдоби тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштаанд.
Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ карда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсонӣ ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд, ки маънои «тоза» ва «асилзода»-ро дорад.
Тоҷикон дар тӯли таърих асилзода будани худро исбот намуда, ба башарият беҳтарин ҳадяро чӣ моддӣ чӣ маънавӣ пешкаш кардааст. Аз ҳама намунаи олии он фарзандон фозилу донишманд, сиёсатмадору табиб чун Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Борбади Марвазӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Рӯдакиву садҳо тани дигарро метавон ном бурд, ки дар рушди илму фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа нақши созанда гузоштаанд.
Дар гаҳвораи тамаддуни башарӣ тоҷикон яке аз асоситарин ҳалқияту қавмҳо ба шумор мераванд, ки дар бунёди таҳдоби тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштаанд.
Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ карда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсонӣ ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд, ки маънои «тоза» ва «асилзода»-ро дорад.
Тоҷикон дар тӯли таърих асилзода будани худро исбот намуда, ба башарият беҳтарин ҳадяро чӣ моддӣ чӣ маънавӣ пешкаш кардааст. Аз ҳама намунаи олии он фарзандон фозилу донишманд, сиёсатмадору табиб чун Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Борбади Марвазӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Рӯдакиву садҳо тани дигарро метавон ном бурд, ки дар рушди илму фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа нақши созанда гузоштаанд.
Ҳамаи ин сабаб гардида буд, ки мардуми тоҷик бо фазлу дониш ва ахлоқу одоби комил ташаккул ёбад ва мавриди эҳтироми қавму миллатҳои гуногун ва ҳамҷаворони худ гардад. Дар таърих ҳеҷ ҷойе сабт нагардидааст ва ё ишорае нашудааст, ки халқи тоҷик ба қавме ё кишваре ҳамла кардааст ва ё мулкеро ишғол кардааст. Аз ин рӯ, тоҷирон барои рушди тиҷорати худ ин минтақаҳоро интихоб намуданд, ки баъдтар Шоҳроҳи бузурги Абрешимро ташкил дод. Овозаи ин сарзамину ин миллат ба уфуқи олам паҳн гардид, ҳатто ба гӯши Искандар расид, ки омада дар шаҳри бостонии Ҳисор маросими ақди никоҳи хешро баргузор намуд. Ин далели фарҳанги ғании ин мардум аст.
Тоҷикон бо шоирону сиёсатмадорони худ оламро тасхир карда буд, ки қисме аз он то роҳбарии Ҳиндустонро муддати дароз ба дӯш доштанд, қисми дигар бошад, вазирону удабои салтанатии Аббосиёну Салҷуқиёнро, ба монанди хонадони Бармакиёну Низомулмулк ба уҳда доштанд.
Дар тарърихи башарият ба миллатҳои гуногун рӯ ба рӯ гардидан мумкин аст, ки ҷафои таърихро кашидаанд ва ба мисли миллати бузурги Чину Ҳинд як муддат сарсону саргардон, парешону азҳамгусехта умр ба сар бурдаанд. Барои сарҷамъии миллат ва якпорчагии давлат ва ба ҳам гирд овардани ҳалқ, таҳдоби тамаддун нақши асосиро мебозад. Ҳамин буд, ки фарҳангу тамаддуни чинӣ Конфутсий, тамаддуни ҳиндӣ Маҳатма Гандӣ барин инсонҳоро рӯйи кор овард ва миллатҳояшонро аз парокандагӣ, сарсонӣ наҷот дода, миллатро бо хираду заковати хеш сарҷамъ намуданд.
Ҳамин гуна вазъият ба сари миллату халқи тоҷик омада буд, ки қариб буд ин миллат ва ин давлат ба нестӣ ва ба парокандагӣ рӯ орад. Аммо хиради азалӣ ва фарҳанги инсонсози тоҷикон ба ин роҳ надод ва мардум аз байни худ инсони ҷасуру далер, некхоҳу некбин, хирадманду дурандеш ва оқилро интихоб намуд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, рисолати худро ба сари баланд иҷро намуда, сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд ва ин шахсияти арзанда Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Воқеан оғози солҳои 90-уми асри гузашта кишвари азизамонро гирдбоди фалокатборе фаро гирифт, ки касе аз зарари он бенасиб нагардида буд. Дар оғоз чанде аз сиёсатмадорону фаъолон кӯшиши ба роҳ мондани тартиботи ҷамъиятиро карданд, вале фақат фурсатро кашол доданду коре аз дасташон наомад ва ҷасорати қабули қарореро низ накарданд.
Раҳмати илоҳӣ ва адолати таърих буд, ки баъди парокандагии ҳазорсолаҳо миллати бузурги тоҷик бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дубора соҳиби давлати миллӣ гардид.
Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолият ҳадафи лоиҳаҳои низоъангези абарқудратҳо ва хусусан як гурӯҳ мамлакатҳои Шарқи Наздик гашт, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати ба ном исломӣ барпо намоянд ва як гурӯҳ гумроҳони миллатро бар сари қудрат биоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчун ватандори асил ин ҳадафҳои ғаразноки душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳоро сари вақт ифшо намуда, бо тамоми ҳастиаш бар зидди онҳо мубориза бурд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардонид. Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯйи мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз кард, пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро, ояндаи ҳамватанони худро дар пеши назар дошт. Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо истодагарӣ ва ҷасорати худ ҷанги шаҳрвандиро ба анҷом расонида, сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯсту душманони сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва ӯ миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад, хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.
Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ дорад. Ҳамзамон боварӣ дорад, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонад.
Мутассифона ин пешравию комёбиҳои ин миллати ба фарҳанг бузургро манқуртону хоинон ва душманони аҷнабӣ дида натавониста, пушти сангарҳо рафтанд ва бо роҳҳои гуногун бо ташкили пикету гирдиҳамоӣ хостанд бори дигар он ғаразҳои шуми худро болои ин мардум биёранд, вале фаромӯш карданд, ки ин миллат чеҳраи воқеии муғризону табаҳкоронро шинохтанд ва зери сиёсатҳои Сарвари оқилу дурандеш зиндагии осудаву ороми худро ба роҳ монданд ва аз чунин роҳбар ифтихор мекунанд, ҳамеша ҷонибдории худро аз он баён медоранд, ки Интихоботи соли 2020 нишонаи ҳамраъйӣ ба Пешвои миллат буд.
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Эй Қаҳрамони миллат, зӯру тавони миллат,
Гардида решапайванд, ҷонат ба ҷони миллат.
Зиндаву ҷовид бод Сарвару Пешвои мо – Эмомалӣ Раҳмон!
Пирӯзи муборак!
Тоҷикистон ба пеш!
Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.