Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиву озод оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф ноил гардид. Албатта, ҳар қадами навбатӣ ва ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяссар намегардад. Тоҷикистон ҳар хишти иморати муҳташами истиқлолиятро бо заҳматҳои гарон болои ҳам чидааст. Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳодисаи оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаи худро соҳиб гардад, таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллатро фаро гирад.

«Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд. Мо ният дорем, ки ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва минтақа истифода намоем. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем [1].

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиву озод оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф ноил гардид. Албатта, ҳар қадами навбатӣ ва ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяссар намегардад. Тоҷикистон ҳар хишти иморати муҳташами истиқлолиятро бо заҳматҳои гарон болои ҳам чидааст. Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳодисаи оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаи худро соҳиб гардад, таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллатро фаро гирад.

Таҳлили воқеияти табиӣ ва захираҳои энергетикии Тоҷикистон баръало нишон медиҳад, ки рушди босуботу бонизом ва ояндадори Тоҷикистон асосан аз тариқи истифодаи васеи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, пеш аз ҳама, тавассути бунёди неругоҳҳои миёна ва бузурги обӣ имконпазир аст. Сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо башумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои минтақа фоидаи зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оранд. Иқтидори гидроэнергетикии кишвари мо ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад ва аз ин айни замон 10-15 фоизаш истифода мешаваду халос [2]. Бо дарки ин нуқта дар солҳои аввали мустақилият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сохторҳои масъул доир ба масъалаи дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани неругоҳҳои бузурги кишвар, омода кардани нақшаи азнавсозии онҳо, бунёди неругоҳи “Сангтӯда-1” ва идомаи сохтмони неругоҳи азими “Роғун” вазифаҳои мушаххас гузошта мешуд.

Лоиҳаи навбатие, ки ба таври муназзам татбиқ шуда буд, неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» мебошад, ки иқтидори лоиҳавии он 220 мВт-ро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар сурати ба истифода додани неругоҳи барқии обии Роғун истеҳсоли солонаи неруи барқ ба 31-33 миллиард кВт/ст мерасад. Яъне амалӣ шудани нақшаҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки талаботи иқтисодиёти Тоҷикистон ба неруи барқ пурра қонеъ гардонида шуда, барои содироти он имкони васеъ ба вуҷуд ояд. Инчунин як қатор лоиҳаҳои муҳим ва ояндадор амалӣ шуда истодааст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи Роғун 3600 мегаватт мебошад.

Барои бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид.

Ҳамин тариқ аз соли 1882, яъне 138 сол мешавад, ки об барои истеҳсоли энергияи электрикӣ дар НБО истифода шуда истодааст. Энергияи кинетикиеро, ки об медиҳад, барои чархзанонии турбинаҳо истифода мебаранд, ки ба наварди генераторҳои электрикӣ пайваст карда шудааст. НБО бо манбаи табиии бепул, яъне бо об кор мекунад.

Санаи 29-уми октябр бо иштироки Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун барпо гардид.

«Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Неругоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад».

Сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ НБО-и Роғун буда, соли 1976 оғоз гардида буд. Тавоноии лоиҳавии НБО-и Роғун 3600 МВт буда (бо 6-агрегати ҳар кадом 600 МВт-а), тавлиди солонаи неруи барқ дар он 17 млрд. кВт*соат пешбинӣ шудааст.

Неругоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз қисмати боло дар ҷойи нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии Норак якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 20 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.

Навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 неругоҳи Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз кард. Нури Роғун ба хонадони ҳар як Тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.

Дар шароити кунунӣ ба ҳайси варианти асосии сохтмони НБО-и Роғун дар навбати аввал бо насби ду агрегати 400 МВт-а баррасӣ мешавад. Арзиши умумии навбати аввал, бо назардошти мавҷудияти таҷҳизот дар сохтмон барои ду агрегат, тақрибан 590 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар навбати худ ин энергияро табдил дода, онро ба истеъмоли саноат, нақлиёт ва рӯзгор тавассути хатҳои интиқоли барқ (ХИБ) медиҳанд. Истеъмоли энергия дар соҳаҳои гуногун ба инкишофи мамлакат, рушди фарҳанг, новобаста ба омилҳои иҷтимоӣ ва демографӣ таъсир мерасонад.

Ин масъала дар тамоми марҳилаҳо аз давраи ба даст овардани захираҳои энергетикӣ то истифода бурдани он ҳамеша мадди назар мебошад. Барои сарфакорӣ ва кам намудани талафот бояд таҷҳизоти каммасраф истифодашуда, ҳамчунон энергияи ба дастовардаро оқилона истифода бурдан зарур аст, ки ин масъала аз фазои сифр техникӣ баромада, дар ҷанбаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Душанбе, 22 декабри соли 2017
  2. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2005- 2015
  3. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М.: Душанбе, 2005.
  4. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011.

Зоиров А.С. — донишҷӯи курси 3-юми факултети энергетикӣ, гурӯҳи 430101 А1.

Leave a Comment