Меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Иҷозат фармоед, Шуморо бо санаи фараҳбахши тоҷикистониён – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям.

Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳуввияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мо шукргузор аз онем, ки фарзанди бонангу номус ва фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмонро бароямон Худованд ҳамчун роҳбару роҳнамо ато фармудааст. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки ин марди шариф аз лаҳзаҳои нахустини ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар танҳо бо ҷаҳду талоши мардонавор тамоми мушкилот ва нобасомониҳоро паси сар кард, ҳамчун дармонбахши ғами халқ сулҳу оромиро ба хонадони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳайё намуд, бо шири сафеди модар қасам ёд карда, худро хизматгори халқу миллати хеш хонд.

Меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Иҷозат фармоед, Шуморо бо санаи фараҳбахши тоҷикистониён – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям.

Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳуввияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мо шукргузор аз онем, ки фарзанди бонангу номус ва фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмонро бароямон Худованд ҳамчун роҳбару роҳнамо ато фармудааст. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки ин марди шариф аз лаҳзаҳои нахустини ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар танҳо бо ҷаҳду талоши мардонавор тамоми мушкилот ва нобасомониҳоро паси сар кард, ҳамчун дармонбахши ғами халқ сулҳу оромиро ба хонадони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳайё намуд, бо шири сафеди модар қасам ёд карда, худро хизматгори халқу миллати хеш хонд.

Миллати тоҷик ва Ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашида, Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот дод. Заҳмату талошаш дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон аст ва борҳо таъкид намудааст, ки “Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст”. Ва ин гуфтаҳо дар боби якум ва моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”.

Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд. Парчамдорию парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром Парчами давлатиро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Моҳи ноябри соли 2009 ба тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоламон боз як санаи дигари барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас илова гардид. Имрӯз дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастидани ин марзу бумро садчанд менамояд.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Вай яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне, хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯйиро дорад».

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Парчам шараф, ифтихор ва нангу номуси миллат, сари баланду амалӣ гардидани орзуҳои мо, тоҷикистониён аст.

Парчам дар замонҳои қадим воситаи шинохти худию бегона, рамзи ифтихори гурӯҳӣ буд. Имрӯз Парчам яке аз муқаддасоти давлат аст. Давлатҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҳатто забонҳо (эсперанто) парчамҳои худро доранд. Хусусан, истифодаи парчам дар ширкатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, парчамҳо миллӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷорӣ мешаванд. Ташкилот ва ҷамъиятҳои байналхалқӣ низ дорои парчаманд, чун Иттиҳоди Аврупо, СММ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва ғайра. Дар парчамҳо таърихи давлату миллат, дар нақшҳои онҳо ба урфу одат, махсусият, ифтихори миллӣ ишора шудааст.

Ҳамин тариқ, гиромидошти санаи зикргардидаро метавон ҷашни миллию мардумӣ номид, зеро боварии шаҳрвандро ба ояндаи нек бештар карда, ҳисси хештаншиносию ватанпарастӣ ва миллатдӯстию нангу ори миллиро бедор мекунад. Инчунин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон на танҳо дар доираи ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ таҷлил шуда, онро ба ҷашни умумимиллии тоҷикон мубаддал мегардонад, назари ҷаҳониёнро ба Тоҷикистон некбинона мегардонад.

Ҷашн Парчам дар қатори дигар ҷашнҳои миллии мо мавқеи хос дорад. Таҷлили ҳар як санаи нек хушбахтию шодӣ меорад, баракати хонадонро зиёд ва осоиштагии мардумро подош хоҳад буд.

Дар ин робита бори дигар ҳамагонро бо ҷашни миллӣ табрик гуфта, ба хонадонатон баракату осоиштагӣ, ба чеҳраатон зебогию тароват ва ба ҷисматон тансиҳатӣ орзумандам.

Сарбаланду хонаобод бошед!

Leave a Comment