мрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои бошукӯҳ ва тантанавӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва сухаронӣ намуд.
Чорабиниро муовини аввали ректори донишгоҳ – Саъдуллозода Ш.С. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Пас аз ворид гардидани парчамдорон ва садо додани Суруди миллӣ табрикоти ректори донишгоҳ – Давлатзода Қудрат Қамбарро муовини ректор оид ба тарбия қироат намуд.
Баъдан Назарзода Р.Ш. бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карда, нақши Парчами давлатиро дар сарҷамъии миллат ва тинҷию осоиштагии Тоҷикистони азиз муҳим арзёбӣ кард. Дар суханронии худ Назарзода Р.Ш. бузургии халқи тоҷик, нангу ори миллиамонро махсусан дарҷ намуда, ҷавононро ба пос доштани таъриху тамаддун, муқаддасоти миллӣ ва дигар анъанаҳои тоҷикон даъват кард.
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои бошукӯҳ ва тантанавӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва сухаронӣ намуд.
Чорабиниро муовини аввали ректори донишгоҳ – Саъдуллозода Ш.С. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Пас аз ворид гардидани парчамдорон ва садо додани Суруди миллӣ табрикоти ректори донишгоҳ – Давлатзода Қудрат Қамбарро муовини ректор оид ба тарбия — Ашурзода А.Н. қироат намуд.
Баъдан Назарзода Р.Ш. бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карда, нақши Парчами давлатиро дар сарҷамъии миллат ва тинҷию осоиштагии Тоҷикистони азиз муҳим арзёбӣ кард. Дар суханронии худ Назарзода Р.Ш. бузургии халқи тоҷик, нангу ори миллиамонро махсусан дарҷ намуда, ҷавононро ба пос доштани таъриху тамаддун, муқаддасоти миллӣ ва дигар анъанаҳои тоҷикон даъват кард.
Чорабинии ҷашнӣ ба аҳли толор рӯҳияи тоза ва идона бахшид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.