Дар давраи нави ҷаҳонишавӣ илму техника бо суръати хеле баланд рушд карда истодааст. Дар давлатҳои мутараққӣ истеҳсолот пурра ё қисман ба таври автоматию электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар забони омма, истилоҳҳое ба монанди наномаҳсулот, наноҳиссачаҳо ва нанотехнология ба миён омада истодаанд. Таърих исбот намудааст, ки рушди илму техника ба ҷамъият ва давлат бетаъсир буда наметавонад. Бинобар он, бо тараққӣ намудани илму техника ҷамъият низ худро ба он мутобиқ менамояд.
Дар давраи нави ҷаҳонишавӣ илму техника бо суръати хеле баланд рушд карда истодааст. Дар давлатҳои мутараққӣ истеҳсолот пурра ё қисман ба таври автоматию электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар забони омма, истилоҳҳое ба монанди наномаҳсулот, наноҳиссачаҳо ва нанотехнология ба миён омада истодаанд. Таърих исбот намудааст, ки рушди илму техника ба ҷамъият ва давлат бетаъсир буда наметавонад. Бинобар он, бо тараққӣ намудани илму техника ҷамъият низ худро ба он мутобиқ менамояд.
Яке аз соҳаҳои муҳим ва пешрафтаи илми муосир нанотехнология мебошад, ки тамоми олимону мутахассисон, институтҳои соҳавӣ, ширкатҳои бузурги электронӣ аз пайи омӯзиш ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои он мебошанд.
Нанотехнология – қисми бунёдӣ ва амалии илм мебошад, ки бо маҷмӯи асосҳои назариявӣ, усулҳои амалии таҳқиқот, таҳлил ва истеҳсол намудани зарраҳои хурд машѓул буда, ҳамчунин усулҳои истеҳсол ва истифодабарии маҳсулоти сохтори атомии хурд доштаро бо роҳи назорати алоҳидаи ин атомҳо ва моллекуллаҳо меомўзад.
Гарчанде нанотехнология дар замони ҳозира истилоҳи маъмулӣ бошад, то ҳол атрофи ин технология ва маҳсулотҳои он ягон стандарти аниқ ва ба пуррагӣ ифодакунандаи он вуҷуд надорад. Ҷанбаи омӯзиши амалии илми нанотехнология истеҳсоли воситаҳову таркибҳо барои коркарди атомҳои хурд, молекуллаҳо ва наноҳиссачаҳои заруриро дарбар мегирад. Нанотехнология меъёрҳои калидиро доро мебошад, ки зери он андозаҳои атомҳо дар назар дошта шудааст. Зеро муҳим нест, ки зарраҳо дорои андозаҳои 100 нанометр бошанд, онҳо метавонанд аз он ҳам хурд буда, хусусиятҳои хоси худро дошта бошанд. Нанотехнология бо маънии васеътар – усулҳои ташхис, тавсифдиҳӣ ва тадқиқоти объектҳои андозаашон хурд мебошад.
Нанотехнология аз фанҳои анъанавӣ сифатан фарқ мекунад, зеро дар ин фан бо усулҳои микроскопии тадқиқот ва таҳлил объектҳои он пурра омӯхта намешаванд, чунки аз сабаби хурд будани заррачаҳо ва хусусиятҳои заиф доштанашон, таъсироти микроскопӣ метавонанд онҳоро аз байн баранд. Гарчанде атрофи нанотехнология, аз ҷумла технологияи молекулярӣ тадқиқоти нав гузаронида истода бошанд ҳам, дар миқёси ҷаҳон хеле кам буда, олимон ва институтҳои илмиву тадқиқотӣ дар оғози омӯзиши он мебошанд. Бо вуҷуди он, тадқиқоти гузаронида натиҷаҳои амалии худро дода истодаанд. Барои омӯзиши объектҳои нанотехнология дастовардҳои ташхискунандаи пешқадам истифода мешаванд, ки имконият медиҳанд онҳоро ба технологияи арзишманд мансуб намоянд.
Вобаста ба он, ки нанотехнология илми байнифаннӣ мебошад, барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамон усулҳои классикии таҷрибавиро, ки дар соҳаи физика, кимиё ва биология маъмул аст, истифода менамоянд.
Нанозарраҳо, ки объектҳои асосии омӯзиши нанотехнология мебошанд, қисми таркибии таҷҳизоти ҳозиразамони рақамӣ, электронӣ, моддаҳои кимиёвӣ, таҷҳизоти назоратии автоматӣ, воситаҳои техникии ташхис дар соҳаи тиб, автомобилсозӣ, истеҳсолоти маводи кимиёвӣ ва умуман, тамоми истеҳсолот мебошанд.
Ҳоло истифодабарии нанозарраҳо дар истеҳсолоти гуногун васеъ ба роҳ монда шудааст. Истифодабарии нанозарраҳо аз як тараф самараи иқтисодии калон орад, аз тарафи дигар, бо хусусиятҳои ғайримаъмулии худ диққатҷалбкунанда мешавад.
Яке аз соҳаҳои муҳиму самараноки истеҳсолот саноати сабук ва нассоҷӣ мебошад. Бо тараққӣ намудани илм ва кашфиёти бузурги илмӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ низ, аз дастовардҳои нанотехнология истифода мешавад. Дар забони муосири илм истилоҳҳое ба монанди «нахҳои доно», «матоъҳои доно», «нанонах (нановолокно)» истифода мешаванд. Инкишофи омӯзиш ва тадқиқот дар истеҳсоли «нахҳои доно», дар ду самт равона шудаанд:
-
- Самти колористикӣ – (аз калимаи англисии Color — ранг), ки асосан дар рангубори нахҳо истифодашавии нанозарраҳоро меомӯзад. Ин самти тадқиқот барои омӯзиши нахҳое, ки ба истеҳсоли матоҳои махсус таин шудаанд, равона карда шудааст. Дар ин намуди матоҳо, аз рангкунандаҳои махсус, ки бо таъсири рӯшноӣ, ҳарорат ва моеи гидрохром намудашонро дигар мекунанд, истифода мебаранд. Риштаҳои бо ин намуд рангуборшаванда, бо таъсири об, гармӣ ва рӯшноӣ ранги худро дигар менамоянд (ба монанди бӯқаламун(хамелеон). Матоъ – бӯқаламун (хамелеон) қобилияти аз таъсири омилҳои берунӣ дигар намудани ранги худро дорад. Дигаршавии шакл метавонад хусусияти локалӣ(ҷузъӣ) дошта, дар як қисмат, нақш ва ҷузъҳои алоҳидаи либос амалӣ шавад. Тадқиқотҳо дар ин самт аз солҳои 70 — уми асри гузашта ҷараён дошта, акнун дар истеҳсолот ҷорӣ шуда истодаанд. Мамлакатҳои ИМА ва Ҷопон аз рӯи истеҳсоли ин намуди либосҳо дар сафи пеш буда, тадқиқотҳои пурмаҳсул аз ҷониби давлатҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Тайванд гузаронида шуда истодаанд.
Дар амал татбиқ намудани ин ғояҳо аҷоиб буда, дар навбати худ ниҳоят мураккаб мебошад ва то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
- Самти интелектуалӣ – барои инкишофи «нахи доно» ҷорӣ намудан ва азхудкунии нанотехнология дар саноати нассоҷӣ, истеҳсоли маснуотҳои нассоҷии дорои хусусиятҳои нав ҳамзамон васеъ намудани истифодабарии онҳо мебошад.
Аз рӯи пешниҳоди олимон, «матоҳои доно» бояд таппиши дили инсонро назорат кунанд, дар ҳолати зарурӣ маводи табобатии лозимаро талаб намоянд, аз эҳсосоти шахси бемор хабар диҳанд. Либос аз «матои доно» бе иштироки инсон бояд тоза шавад (худтозакунӣ), ҳарорати лозимиро нигоҳ дорад, моддаҳои кимиё-вии заҳролудкунандаро танзим кунад ва хусусияти зиреҳпӯшро дошта бошад.
Дар амал ҷорикунии ин «муъҷиза» ва ҳастии он бо истифодаи техноло-гияҳои илмиасос дар истеҳсолоти нассоҷӣ имконпазир мебошад. Нақши аз ҳама муҳимро дар ин самт, обйектҳои нанотехнология мебозанд.
Нахҳои наноандоза доштаро метавон бо усулҳои анъанавӣ аз полимерҳои шакли нахдошта, аз рӯи конфигуратсияи наноҳиссачаҳои моддаҳои гуногун фарқкунанда ё ин ки нахҳои ниҳоят хурди андозаи қутрашон дар ҳудуди наноандозаҳо дохилшаванда, истеҳсол намуд.
Наноҳисачаҳои бо нах пуршуда дар солҳои навадуми асри гузашта, дар истеҳсолот ҷорӣ шуда буданд. Ингуна нахҳо, қобилияти пасти сӯзандагӣ, мустаҳкамии баланд ба кандашавию суфташавӣ, вобаста ба таъсиротҳои наноҳиссачаҳои дар табиат хориҷшаванда хусусиятҳои муҳофизатӣ доранд.
Ба сифати пуркунандаи нахҳо, нанолӯлаҳои карбонӣ васеъ истифода мешаванд. Нахҳои бо нанолӯлачаҳо пуркардашуда (рӯйпушкардашуда), дорои хосияти нодир мебошанд. Онҳо 6 маротиба аз пӯлод мустаҳкам ва 100 маротиба аз он сабуктар мебошанд.
Ҳангоми рӯйпӯшкунии нахҳои кимиёвӣ бо наноҳиссачаҳои гилхок, хосияти онҳо дигар шуда, қобилияти гармигузаронӣ ва электргузаронӣ, фаъолнокии кимиёвӣ, муҳофизат аз афканишоти ултрабунафш ва мустаҳкамии механикии онҳо баланд мешавад. Нахҳои полиамидӣ, ки 5 % наноҳиссачаҳои гилхок доранд, қувваи кандашавиашон 40% ва мустаҳкамиашон ба қатшавӣ 60% зиёд мегардад.
Чи хеле, ки маълум аст, рангуборкунии нахҳои полипропиленӣ ниҳоят меҳнати зиёдро талаб мекунад, аз ин рӯ дар истеҳсолоти маишӣ истифодабарии онҳо кам мебошад. Иловаи 15% наноҳиссачаҳои гилхок ба сохтори нахҳои полипропиленӣ имконияти рангуборкунии онҳоро бо истифодаи рангҳои гуногун таъмин менамояд.
Мақсади асосии омӯзиш, тадқиқот, истеҳсол ва ба истифодаи умум пешниҳод намудани нахҳои наноандоза дошта, ба даст овардани маҳсулоти дорои хусусияти фаъолнокии баланди фотокаталитӣ, муҳофизат аз афканишоти ултрабунафш, хосиятҳои зиддимикробӣ, нигоҳ дорандагии ҳарорати муътадил, электрогузаронӣ ва ғайраҳо мебошад. Тадқиқотҳои алоҳидаи олимони ҷаҳонӣ бо истифодаи роҳу усулҳои гуногун, ингуна натиҷаҳоро ба даст овардаанд.
Ҳангоми рангуборкунии ниҳоии маводҳои нассоҷӣ, наноҳиссачаҳои моддаҳои гуногун дар намуди наноэмулсияҳо ва нанодисперсияҳо истифода мешаванд. Дар ин ҳолат, маводҳои нассоҷӣ хусусиятҳои устувори ба олудашавандагии равғанӣ ва обӣ доро гашта, қобилияти сӯзандагиашон кам мегардад. Ҳамчунин қобилияти зиддиифлосшавӣ, мулоимӣ ва таъсиротҳои зиддибактериявӣ, устуворӣ ба ҳарорат ва нигоҳдории шаклашон зиёд мегардад.
Аз ҷониби олимону муҳақиқон дар бисёр марказҳои илмӣ, тадқиқотҳо дар самти истеҳсоли маводҳои нассоҷие, ки бе ёрии қувваҳои беруна тоза мешаванд, рафта истодаанд. Вазифаи тадқиқотчиён ба маҳсулотҳои нассоҷӣ, афзудани таъсиротҳое мебошанд, ки он ба табиати зинда хос мебошад.
Наноэмулсияҳо ба нах шакли сохтори маҳини сеченакаро ҳосил мекунанд, ки об, равған ва ифлосиҳо аз сатҳи он лағжида шуста мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки қатраи дар сатҳи матоъ афтида, лағжида бедоғ ва бетаъсир шуста шавад. Истифодабарии наноэмулсия имконият медиҳад, ки аз нахи пахта матоҳои об, равған ва ифлосиҳоро дуркунанда, ба даст оварда шаванд. Ҳамчунин ин матоҳо намнокии бадан (арақ) – ро дур карда, бӯйро фурӯ мебаранд.
Хулоса, имрӯзҳо нанотехнология ва объектҳои он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, пешравии илму истеҳсолотро таъмин намуда истодааст. Мавзӯи пайомадҳои инкишофи нанотехнология обйекти омӯзиши тадқиқотҳои фалсафӣ гашта, дурнамои он дар конференсияҳои байналмилалӣ баҳсҳои гуногуни илмиро ба миён овардааст. Ин гувоҳи он аст, ки ояндаи илм, ҷамъият, сиёсат ва давлатро бе рушди ин соҳа тасаввур кардан номумкин аст.
Муҳаммадҷон Аҳрорӣ – н.и.т., муаллими калони кафедраи Технологияи коркарди нахҳои табиӣ