Асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ояндаи неки миллат маҳз аз мустаҳкамии оила вобаста аст. Чунки оила сарчашмаи ҳаёти инсон мебошад. Маҳз ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбад. Кӯдак дар оила ба дунё омада, тарбия меёбад, ба воя расида, дар ҷомеа соҳиби ҷойи худ мегардад ва боз ҳам бахти худро дар оила меёбад. Идоракунии оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст, чунки оила дар асоси муҳаббати дутарафа барпо мегардад.
Оилае, ки пояаш бо муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто муҳаббати бепоёнро ҳам эҳтиёт кардан, ташкил карда тавонистан зарур аст.
Асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ояндаи неки миллат маҳз аз мустаҳкамии оила вобаста аст. Чунки оила сарчашмаи ҳаёти инсон мебошад. Маҳз ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбад. Кӯдак дар оила ба дунё омада, тарбия меёбад, ба воя расида, дар ҷомеа соҳиби ҷойи худ мегардад ва боз ҳам бахти худро дар оила меёбад. Идоракунии оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст, чунки оила дар асоси муҳаббати дутарафа барпо мегардад.
Оилае, ки пояаш бо муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто муҳаббати бепоёнро ҳам эҳтиёт кардан, ташкил карда тавонистан зарур аст.
Имрӯзҳо пошхӯрии оилаҳои ҷавон хеле зиёданд. Ин албатта якчанд сабабҳои ба худ хосро дорад. Падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон тезтар оиладор шаванд ва бори зиндагиро ба дӯши худ гиранду ба онҳо сабук шавад, вале саҳв карда, бори худро гарон мекунанд. Ҳам писар, ҳам келин, боз фарзанди онҳоро хӯронидан ва пӯшонидан ба зиммаи худи онҳо меафтад. Даромади оиларо ба ҳисоб намегиранд, ки он ба норасоиҳо дар зиндагӣ оварда мерасонад.
Пас чӣ бояд кард, ки ин масъала то ҳадде ҳалли худро ёбад ва теъдоди вайроншавии оилаҳо кам шавад. Ба андешаи ман ин амали номатлуб чанд сабаб дорад. Аввалан, худи ҷавонон чӣ духтар, чӣ писар ба оиладорӣ ҳанӯз тайёр нестанд, нозукию мураккабиҳои онро сарфаҳм намераванд, оилаву оиладориро саҳлу осон меҳисобанд. Пастиву баландиҳои зиндагиро намедонанд ва аз феълу атвори якдигар бехабаранд. Воқеан падару модарон дар барқарор кардани оилаҳои тифоқу солим ва пойдори онҳо бояд масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Баъзе падару модарон дар ин масъала баъзан таваккалро пешаи худ мекунанд, ки метавонад пайомадҳои манфиро ба бор орад.
Насанҷидаю намонда ҷавононро хонадор мекунанд, мехоҳанд ҳар чӣ тезтар тӯй карда, фарзандонро якҷоя кунанд, лекин омода набудани онҳоро ба ҳаёти мустақилона ба назар намегиранд ва худ низ барои келиндориву созгорӣ омода нестанд. Бисёр вазниниву ботамкинӣ металабад ин масъала.
Падару модарон бигзор наҳаросанд, ба фарзандон то андозае озодӣ диҳанд, то роҳи дурусти зиндагии ояндаашонро худ интихоб кунанд, шояд ин натиҷаи дилхоҳ диҳад. Баъзан оилаҳое ҳастанд, ки наберагон ба синни мактабӣ мерасанду бобою бибӣ то ҳол онҳоро роҳандозӣ мекунанд, ҳатто ба мактаб бурда, сару либоси мактабӣ харида, хониши кӯдакро низ ба зимма доранд, лекин фарзандонашон парвои инро надоранд. Мустақилона ягон корро анҷом дода наметавонанд, падару модари пирро азият медиҳанд.
Мафҳуми оиларо ҳар кас ба таври худ қабул мекунад, масалан басе нозук аст оилаву оиладорӣ, лекин мақсад яктост: оила бояд қавӣ, мустаҳкам ва пойдор бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим пойдевори давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳар қадар оила солим бошад, давлат ба ҳамон андоза пойдор хоҳад монд. Ҷавонон бояд ҳатман касбу ҳунар омӯзанд, ягон ихтисосеро ба даст оранд, баъд оила барпо кунанд. Зеро ба ақидаи ман назари одами соҳибмаълумоту соҳибихтисос ба зиндагӣ таҳаммулпазир мешаванд, ба шебу фарозиҳои зиндагӣ тоб меоранд, ояндаашонро фикр мекунанд.
Оила дар тарбияи фарзанд роли муҳимро мебозад, чунки мактаби аввалини насли наврас аст. Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.
Барои ҳамин ҳам, мо барои тарбияи дуруст барпо намудани оилаҳои солиму мустаҳкам ва сохтани ояндаи неки фарзандон ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд имрӯз ҷавобгар ҳастем. Бояд ин матлабро ба ҳар як хонадон, ҳар як оила расонида бошем ва ҳиссаи худро ҳар яки мо дар бунёди оилаҳои мустаҳкам, ҷамъияти ҳуқуқбунёд дошта бошем.
С. Раҳимова – раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ.