Басо гуворост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ имкони дар бораи худшиносии миллӣ, андешаи миллӣ, ҳуввияти миллӣ на фақат қазоват намудан, балки дар сатҳи баланди мақомоти сиёсӣ ва заминаи амиқ амалӣ гардонидани онро пайдо кардем. Зиёда аз ин роҳбарияти олимақоми тоҷикон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии ин омилро ба таври равшан барои инкишофи ояндаи халқи тоҷик, тақвияту пойдорӣ ва якпорчагии давлати миллӣ, ташаккули худогоҳию худшиносӣ, ифтихору эътибори тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон дошт.

Басо гуворост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ имкони дар бораи худшиносии миллӣ, андешаи миллӣ, ҳуввияти миллӣ на фақат қазоват намудан, балки дар сатҳи баланди мақомоти сиёсӣ ва заминаи амиқ амалӣ гардонидани онро пайдо кардем. Зиёда аз ин роҳбарияти олимақоми тоҷикон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии ин омилро ба таври равшан барои инкишофи ояндаи халқи тоҷик, тақвияту пойдорӣ ва якпорчагии давлати миллӣ, ташаккули худогоҳию худшиносӣ, ифтихору эътибори тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон дошт.

Ҷамъияти инсонӣ орому якранг нест, дар натиҷаи ташаккул ва таназзули соҳаи мухталиф ин гуногунрангӣ ҳамеша вусъат меёбад. Инсоният, аз нуқтаи назари равоншиносон, агар ниёзмандӣ ба кас ё чизе пайдо намуд, ба ҷуз он дигар самтро таваҷҷуҳ нахоҳад дод. Агар ба таърихи на чандон дури Ватан бингарем, вақте дар Тоҷикистон вазъи сиёсӣ ноором буд, мардум, ки дар вартаи бебарориву бебизоатӣ андармон буданд, кас ҷуз осудагиву оромии хонавода ва кишвар, инчунин дарёфти бурдаи ноне, фикру зикре надоштанд. Чун сулҳу оромӣ дар кишвар ҳукмфармо гардида, нону об низ фаровон аст, оқибат ғунчаҳои шукуфтаи ҳавасҳои зиндагиашонро ба хазони бармаҳал мубтало менамоянд.

Рости гап имрӯз ҳине, ки сухан аз боби ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллии ҳар шаҳрванд аз ин арзишҳо меравад, бештар қазовати онҳо дар сатҳи умумимиллӣ сурат мегирад. Аслан ин дуруст аст, зеро баъд аз замони Оли Сомон то ба кунун бори аввал мо имкони дар бораи давлати миллӣ сухан рондан, дар бораи рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ғамхорӣ зоҳир намуданро пайдо кардем. Боиси хурсандист, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар майдони худшиносии миллӣ миллати тоҷик марҳилаеро тай намуд, ки ба садсолаҳо баробар аст ва ин солҳо ба гумони мо дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.

Табиист, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаронро тавлид карда, омили асосии беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ба таври куллӣ мебандад. Вақте як нафаре аз ифротгароӣ, бехирадӣ ва бефарҳангӣ дур мегардад, аллакай ба худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва солимии ҷомеа оварда мерасонад.

Бояд қайд кард, ки ифротгароӣ дар охир боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ ва қатлу куштори мардумон мегардад.

Ҳар шаҳрванди кишвар бояд ҳамеша кӯшиш намояд, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, раиятпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва тозагиву шевогии забони миллии худ сазовор бошад, эҳтиром кунад ва дӯст дорад.

Решаю аломатҳои пайдошавии ифротгароӣ, қабл аз ҳама дар сустназмию қафомондагии саросари иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Агар мардуми мо ҳар қадар ба пайравӣ руҷӯъ кунанд, агар мардуми тоҷик худшиносии миллӣ надошта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифротгароӣ онро таҳдид мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистони азизамон низ доираҳои муайян чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар дар пайи ноором кардани вазъият буда, мехоҳанд аз эҳсос ва эътиқоди динии мардум сӯйиистифода намоянд. Ба ин хотир онҳо арзишҳо ва меъёрҳои муайяни ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатдории дунявиро дархӯри манфиатҳои пинҳону ошкори худ тафсир мекунанд.

Озодии виҷдон рукни муҳими ҳуқуқӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин рукни ҳуқуқӣ ба инсон кафолат медиҳад, ки интихобу бардошти хоси худро аз дину мазҳаб дошта бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки интихоб ва арзишҳои динии худро ба дигарон таҳмил кунад ва ин гуна мавқеи худро ба ҳазбу ҳаракат табдил диҳад, ки хилофи принсипҳои демократӣ ва дунявӣ мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва радикалии динӣ, муборизаи беамони худро эълон намоянд. Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳама гуна равияҳои тундгарои динӣ эълон дошта, дар паноҳи рӯҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, барои ободию шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.

Ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, тӯли ин солҳо шоҳиди онем, ки Президенти муҳтарам барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу амонӣ, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрӯву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ иқдоми наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодаанд.

Имрӯз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ба татбиқи чор ҳадафи стратегие, ки Ҷаноби Олӣ ба миён гузоштаанд, ҷавобгӯ буда, зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд.

Муҳимтар аз ҳама дар кишвари азизамон имрӯз амнияти суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина ба зиммаи насли имрӯзи Ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ – бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.

Аз комёбиҳои истиқлолият бархӯрдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта дар назди халқу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем.

Бигзор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу субот танинандоз бошад. Мо бояд аз ҳар як рӯзи ҳаётамон дар шароити сулҳу осоиштагӣ ва тинҷӣ миннатдор ва шукргузор бошем.

Раҷабова Р.Ш. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment