Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси деканати факултети Технологияҳои инноватсионӣ ва сохтори ташкилию тарбиявии донишгоҳ вохӯрии судманди устодон ва донишҷӯёни факултети Технологияҳои инноватсионӣ бо намояндагони сохтори қудратӣ – Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони сохтори қудратии номбурда – Маҳмадамин Усмоналӣ – майори милитсия, сардори шуъбачаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва Ғоибов Ф.Қ. – сарпарасти донишгоҳ аз КДАМ иштирок ва сухан ронданд.
Ҷаласаи вохӯриро декани факултети Технологияҳои инноватсионӣ – Маҳмадизода М.М. кушода гуфта, суханро ба меҳмонон дод. Намояндагони сохторҳои қудратӣ оид ба ҷинояткориҳои ҷавонон, гаравиши онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнуъ, ахлоқи ғайриинсонии онҳо ва роҳҳои пешгирии он баромад намуданд. Инчунин дар баромадашон роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ҳифзи худ ва наздикон аз бемории коронавируси Covid-19-ро низ таъкид намуданд.
Баъдан муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Ашурзода А.Н. низ дар бораи чораҳои пешгирикунанда аз бемории коронавируси Covid-19 баромад карда, ба иштирокдорон тавсияҳо намуд. Таъкид карда шуд, ки иштирокдорони ҷаласа – донишҷӯёни фаъол ва аз сегонаи гурӯҳҳои академӣ (сардори гурӯҳ, раиси ҷавонони гурӯҳ ва раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни гурӯҳ) буда, барои ҳамдарсони худ намунаи ибрат ва таблиғотчӣ бошанд.
Дар охир декани факултет ба ҳамагон сессияи зимистонаи наздик омадаро таъкид намуда, донишҷӯёнро барои бо баҳои хубу аъло супоридани сессияи зимистона даъват кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.