Имрӯз Шодихон Ҷамшед – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони вазорати мазкур бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ суҳбат доир намуд.
Ин вохӯрии судманд баҳри таблиғи саломатии мардум ва чораҳои пешгирикунанда аз бемории коронавирус Covid-19 баргузор шуд.
Шодихон Ҷамшед ба якчанд синфхонаҳои дарсӣ ташриф оварда, ҳолати санитарию гигиении донишгоҳро дар доираи талаботи зарурӣ ҷавобгӯ ҳисобида, донишҷӯёнро барои ҳифзи худ, оила ва атрофиён аз бемории ҳамагир даъват намуд.
Инчунин ӯ доир ба сарчашмаҳои сироятёбӣ, ҳолатҳои ногувори он, чораҳои пешгирикунанда маълумоти муфид дода, ҳамагонро ҳушдор дод, ки бояд доимо барои риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ масъул бошанд.

Пас аз суҳбат бо донишҷӯён Шодихон Ҷамшед бо гурӯҳи донишҷӯёни навбатдор, ки дар саҳни донишгоҳ ва берун аз он роҳгузаронро ба пешгирии ин беморӣ таблиғ мекарданд, вохӯрда, амали онҳоро боиси таҳсин хонд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.