Имрӯз дар Кумитаи ибтидоии иҷроияи «Муҳандис»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 10-уми декабр — Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарси сиёсӣ доир гардид.
Чорабинии мазкур дар толори хониши китобхонаи бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ доир шуд. Дар рафти чорабинӣ котиби КИИ “Муҳандис” – Юнусов Ф.М., аъзои сексияи кор бо ҷавонон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ – Акрамов С.С. баромад намуданд.
Дар рафти дарси сиёсӣ донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, мутасаддии факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” – Сафаров Б. ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ – Муминов Ф.С. ширкат намуданд.

Акрамов С.С. шукрона аз фазои сулҳу субот, оромии ҷомеа ва дастархони пурнозу неъмати халқамон карда, Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ-ро ба аҳли толор муборакбод намуд. Ӯ доир ба нақши ҲХДТ дар пешрафти кишвар, хизматҳои Роҳбари муаззами ҳизб дар эҳёи миллат ва ғайраҳо суҳбат орост.
Баъдан Юнусов Ф.М. дар бораи нақши тарбиявии ҲХДТ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, афзоиш додани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби шахсони донишманду ояндабин ва ватанпарасту миллатдӯст сухан ронд.
Пас аз ин Муминов Ф.С. ва Сафаров Б. низ баромад карда, саҳми ҲХДТ-ро дар тарбияи насли ҷавон бузург ҳисобиданд.
Дар охир иштирокдорони дарси сиёсӣ бо саволҳои бешумори худ баромад намуда, ҷавобҳои саҳеҳ ва қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.