Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия – Ашурзода А.Н., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт – Каримзода М., раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Бадалова М.О. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷаласаи бошукӯҳ баргузор шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур доир ба фаъолияти босамари Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баромадҳо доир шуда, пас аз он дар фазои тантанавӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфта, Акрамов С.С. – раиси ин намояндагӣ дар донишгоҳ ва Амиршозода Ш. Муовини ӯ интихоб карда шуданд.
Боиси таъкид аст, ки шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо роҳбарии Акрамов С.С. дар донишгоҳ фаъолияти назаррас дошта, доимо фаъолияти худро бо пайвастагии ҷавонон ба роҳ мондааст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.