Рӯзи 22-юми декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 сол пур мешавад. Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рушду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

Бояд қайд кард, ки санаи 22-юми декабр дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи энергетикҳо ҷашн гирифта мешуд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз соли 1920 нақшаи давлатии электрификатсияи Русия (нақшаи ГОЭЛРО) қабул карда шуд. Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1966 тасдиқ шудааст.

Асоси энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро НБО ташкил медиҳад. Беш аз 90%-и неруи электрикӣ дар НБО тавлид карда мешавад. Нахустин НБО-и кишвари мо неругоҳи Варзоби Боло ба шумор меравад, ки сохтмонаш соли 1931 дар соҳили чапи дарёи Варзоб оғоз ёфта, шаш сол давом кард. Агрегати якуми он моҳи декабри соли 1936 ба кор даромад, ки иқтидораш 3720 кВт буд. Ин сана ҳамчун Рӯзи энергетикҳо ҳар сол қайд мешавад. Баъд аз ин пайи ҳам силсилаи неругоҳҳои барқии Варзоб-2 (7200 кВт) ва Варзоб-3 (1760 кВт) бунёд ёфтанд. Ин пешравии энергетика дар он солҳо имкон дод, ки ҳам саноат тараққӣ ёбад ва ҳам ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи 22-юми декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 сол пур мешавад. Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рушду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

Бояд қайд кард, ки санаи 22-юми декабр дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи энергетикҳо ҷашн гирифта мешуд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз соли 1920 нақшаи давлатии электрификатсияи Русия (нақшаи ГОЭЛРО) қабул карда шуд. Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1966 тасдиқ шудааст.

Асоси энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро НБО ташкил медиҳад. Беш аз 90%-и неруи электрикӣ дар НБО тавлид карда мешавад. Нахустин НБО-и кишвари мо неругоҳи Варзоби Боло ба шумор меравад, ки сохтмонаш соли 1931 дар соҳили чапи дарёи Варзоб оғоз ёфта, шаш сол давом кард. Агрегати якуми он моҳи декабри соли 1936 ба кор даромад, ки иқтидораш 3720 кВт буд. Ин сана ҳамчун Рӯзи энергетикҳо ҳар сол қайд мешавад. Баъд аз ин пайи ҳам силсилаи неругоҳҳои барқии Варзоб-2 (7200 кВт) ва Варзоб-3 (1760 кВт) бунёд ёфтанд. Ин пешравии энергетика дар он солҳо имкон дод, ки ҳам саноат тараққӣ ёбад ва ҳам ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварад. Баъди ба кор даромадани агрегати дуюми НБО-и Варзоб дар шаҳри Душанбе сохтмони заводи нон, заводи шаробкашӣ, комбинати гӯшт ва ғайра ба анҷом расиданд. Солҳои 1959-1964 силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш Шаршара бо иқтидори 30 МВт, Сарбанд бо иқтидори 240 МВт ва Марказӣ бо иқтидори 15,1 МВт сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин неругоҳҳо дар якҷоягӣ соле 1,3-1,4 миллиард килловат соат неруи барқ истеҳсол мекарданд. Дар он солҳо неругоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна калонтарин буд.

Соли 1956 дар дарёи Сир НБО-и Қайроқум ба номи “Дӯстии халқҳо” бо иқтидори 126 МВт бунёд ёфт. 5-уми майи соли 1967 сохтмони НБО-и Норак оғоз ёфт. Бо назардошти неруи барқи ин неругоҳ дар ноҳияи Турсунзода заводи алюминии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва худи Норак корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон бунёд ёфтанд. Ҳамин тариқ, рӯзи 16-уми ноябри соли 1972 аввалин агрегати он ба тавлиди барқ оғоз намуд. Неругоҳ бо иқтидори пуррааш соли 1979 ба истифода дода шуд. Ин неругоҳ бо 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 300 МВт соле зиёда аз 11 миллиард килловат соат неруи барқ истеҳсол мекунад.

Сохтмони неругоҳи барқи обии Бойғозӣ баъди ба итмом расидани НБО-и Норак оғоз гардид. Аз ҷиҳати иқтидори худ баъд аз НБО-и Норак неругоҳи Бойғозӣ бузургтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори он ба 600 МВт мерасид. Ин неругоҳ соли 1986 пурра ба истифода дода шудааст.

Баъд корҳои асосии сохтмони НБО-и Роғун ва Сангтӯда оғоз ёфтанд, ки мутаассифона бо сабабҳои маълум баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ нақшаи инкишофи энергетикаи Тоҷикистон амалӣ нашуда монд. Баъд аз ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ, алалхусус ибтидои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикӣ ва идомаи сохтмонҳои нотамом тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ НБО-и Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ-и “Шимол-Ҷануб”, 220 кВ-и “Лолазор-Хатлон” Қайроққум-Ашт навбати аввали маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт соли 2014, навбати дуюми маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 МВт, Соли 2016 даҳҳо зеристгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, садҳо неругоҳҳои хурди барқӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

29-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози неругоҳи барқии обии “Роғун” барпо шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳусни оғоз бахшиданд. Агрегати аввали он (агрегати №6) 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати дуюмаш бошад (агрегати №5), 9-уми сентябри соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат барои тавлиди неруи барқ ба кор шуруъ намуданд. Ҳамин тариқ, масъалаи рушди соҳаи энергетика, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар тӯли 29 соли истиқлолият ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дустмурод ДАВЛАТОВ – донишҷӯйи курси сеюми факултети Энергетикӣ, гурӯҳи 430101 А3.

Leave a Comment