Гидроэнергетика асоси тараққиёти электроэнергетикаи ватанамон мебошад, ки захираҳои бузурги обӣ, мавқеи хело мувофиқи ҷуғрофию топографии мамлакат ба он мусоидат менамояд ва неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба ҳар як воҳиди энергияи электрикӣ (киловат*соат) миқдори камтарини об сарф намуда, масоҳати камтарини замин ва талу теппаҳо зери оби обанборҳо мемонанд.
Энергияи истеҳсолшудаи неругоҳи барқи обӣ (НБО) арзонтарин буда, таъсири манфиашон ба муҳити зисту атроф нисбат ба заводу фабрикаҳо ва неругоҳҳои ҳароратӣ маротибаҳо камтар мебошад.
Маълум аст, ки на кам аз 93% масоҳати ҷумҳурӣ дар баландиҳои зиёда аз 600-700 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ба ақли солим қобили қабул аст, ки мувофиқати релефи сарзамини кӯҳсорамонро, ки аз захираҳои обӣ дар қатори мамлакатҳои бойтарини ҷаҳон ҷой дорад, дар навбати аввал истифода барем. Сараввал истифода набурдани захираҳои обии пиряхҳо, рӯдҳо ва кӯлҳои табиии Тоҷикистон барои беҳбуди аҳволи зиндагии мардум аз атои табиат рӯ гардонидан аст.
Мавҷуд будани ҳаҷми хело бузурги захираҳои обӣ ва камчинии сӯзишворӣ, ба монанди нафту газу ангишт инкишофи электроэнергетикаи Тоҷикистонро дар пояи неругоҳҳои барқи обӣ қаблан муайян намудаанд.
Миқдори муқоисашавандаи захираҳои энергетикие, ки воқеан дар мамлакатамон барои истифодаи саноатӣ дастрас мебошанд, дар ҷадвали зерин нишон дода шудаанд.
Сарфи умумии солонаи захираҳои энергетикии Тоҷикистон
Захираҳои энергетикӣ |
Миқдор, миллион тонна сӯзишвории шартӣ |
% аз миқдори умумӣ |
Захираҳои обӣ |
158,12 |
90,84 |
Ангишт |
13,35 |
7,67 |
Нафт |
1,85 |
1,06 |
Газ |
0,75 |
0,43 |
Ҳамагӣ |
174,07 |
100 |
Чуноне ки аз ҷадвал дида мешавад, зиёда аз 90% захираҳои энергетикии дар як сол истифодашаванда захираҳои гидроэнергетикӣ мебошанд.
Ба ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон фақат 5-6% захираҳои гидроэнергетикии иқтисодӣ самаранок истифода мешаванд (истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи электрикӣ дар НБО 16-17 миллиард киловатт*соатро ташкил медиҳад).
НБО-и пуриқтидори асосӣ ва неругоҳҳои аввалини Тоҷикистон
№ |
Номгӯйи НБО |
Миқдори агрегатҳо ва тавоноӣ, ҳазор кВт |
Тавоноии муқарраршуда, ҳазор кВт |
Соли ба кор андохтан |
1 |
НБО Норак ба номи Т. Улҷабоев |
9х300 |
2700 |
1972-1979 |
2 |
НБО Сангтӯда-1 |
4х167,5 |
670 |
2008-2009 |
3 |
НБО Бойғозӣ |
4х150 |
600 |
1985-1986 |
4 |
НБО Сарбанд |
3х35+3х45 |
240 |
1962-1963 |
5 |
НБО Сангтӯда-2 |
2х110 |
220 |
2012 |
6 |
НБО Қайроққум |
6х21 |
126 |
1956-1957 |
7 |
НБО Шаршара |
2х10,8+1х8,35 |
30 |
1959 |
8 |
НБО Помир-1 |
4х7 |
28 |
1994-2005 |
9 |
НБО Марказӣ |
2х7,55 |
15,1 |
1964 |
10 |
НБО Варзоб-2 |
2х7,2 |
14,4 |
1949 |
11 |
НБО Хоруғ |
2х1,8+3х1,7 |
8,7 |
1970 |
12 |
НБО Варзоб-1 |
3х3,72 |
7,44 |
1936-1937 |
13 |
НБО Варзоб-3 |
2х1,76 |
3,52 |
1952 |
14 |
НБО Намадгут ба номи Отамбеков Н. |
2х1,25 |
2,5 |
1974 |
15 |
НБО Ванҷ |
2х0,6 |
1,2 |
1968 |
16 |
НБО Хоруғ ба номи В.И. Ленин |
3х0,312 |
0,936 |
1941 |
17 |
НБО Шуҷанд (дар ВМКБ) |
2х0,416 |
0,832 |
1969 |
18 |
НБО Оқ-Су (дар н. Мурғоб) |
2х0,32 |
0,64 |
1964 |
Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он комёб шуд, ки неругоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Маркази гармию барқи Душанбе-2 ва якчанд адад НБО хурд, дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1300 МВт тавоноии навро ба даст орад.
Дар баробари ин бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220-500 кВ амалӣ гардида, сохтани чунин хатҳои барқ дар назар аст, ки интиқоли энергияи электрикии НБО Роғун ва дигар неругоҳҳои навини бунёдшавандаро ба дохил ва кишварҳои ҳамсояи дуру наздик интиқол диҳад. Ҳамзамон таҷдиди элементҳои шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ идома доранд, ки сол ба сол боэътимод гардидани таъминоти хоҷагии халқ бо энергияи электрикӣ шоҳиди ин мебошад.
Ба истифода додани Маркази гармию барқӣ Душанбе-2 ва эҳёи шабакаи гармирасонии шаҳри Душанбе боиси таъмини хубтари деҳотҷойи ватанамон бо энергияи электрикӣ гашта, тӯли 2 сол мешавад, ки маҳдудияти таъминоти энергияи электрикӣ дар ҷумҳурӣ аз байн бардошта шудааст.
Баъди ба итмом расидану ба кор даромадани НБО Бойғозӣ соли 1985 ба сохтмони бузургтарин неругоҳи силсилаи дарёи Вахш – неругоҳи Роғун шуруъ намуданд, ки агрегати якуми он бояд дар соли 1992 ба кор медаромад. Аммо фурӯпошии давлати Шӯравӣ, воқеаҳои пасошӯравӣ ва мушкилиҳои зиёди дигар амалӣ шудани ин лоиҳаи қариб 1 миллиард доллар сарфшударо ба таъхир ва зери суол монд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати беандоза бузурги ин сохтмони азиму гаронқиматро пурра дарк намуда, бо иродаю матонати хос ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист, ки дар арсаи байналхалқӣ барои давом додани сохтмони неругоҳи Роғун ҷонибдорӣ ёбад, то ки он бо нишондодҳои пешбинишуда бо сарбанди бузургтарини баландиаш 335-метра, иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи энергия 13,4 миллиард кВт·соат сохта шавад.
Дар неругоҳ шаш гидроагрегати 600 МВт-а бо турбинаҳои радиалӣ-меҳварӣ насб хоҳад шуд. Сарбанди Роғун обанбори ҳаҷми 13,3 км мукаабро, ки дорои ҳаҷми фоиданоки 10,3 км мукааб мебошад, ба вуҷуд меорад. Обанбор ҳам бо мақсади энергетикӣ ва ҳам ирригатсионӣ (обёрикунӣ) барои соҳаи агросаноатӣ истифода мешавад.
Сохтмони ин неругоҳ чун сохтмони чунин иншооти азим дар якчанд марҳила пешбинӣ шудааст. Ба марҳилаи аввал рехта баланд бардоштани сарбанд то баландии 135 метр ва насбу васли ду агрегати бо тазйиқи пасттар коркунанда дохил мешавад.
Танзими бисёрсолаи ҷараёни дарёи Вахшро амалӣ намуда, НБО-и Роғун имкон медиҳад, ки на фақат тавлиди умумии энергияи электрикӣ дар силсилаи дарёи Вахш зиёд шавад, балки муҳимтар аз ҳама, имкон медиҳад, то дар ҳар реҷаи зарурӣ кор карда, на фақат дар фасли тобистон, балки дар фасли зимистон низ минтақаро аз барқ таъмин намояд.
Захира намудани оби дарёи Вахш дар обанбори Роғун ба монанди обанбори Норак ҳамчунон боиси боэътимодтар шудани таъминоти обёрии заминҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя хоҳад шуд, ки ба ҳоли ҳозир доир ба ин масъала ҳамдигарфаҳмии пурра мавҷуд аст.
Айни замон таъминоти обии соҳаи зироати Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарфи назар аз обдории сол, танзим мегардад. Дар шароити кунунӣ сохтмони НБО-и Роғун идома дошта, дар таърихи 28-уми октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботантана баста шуд.
Агрегати 1-ум 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юм 9-уми сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Ҳамин тавр сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кӯҳӣ моро аз зарари зиёди бухоршавӣ халос карда, ба иқлим, экологияи муҳити атроф таъсири ҳадди ақал расонида, имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд.
Ин ҳал инкишофи на фақат бахши саноату иқтисодиёт, балки зиёдшавии тавлидоти зироатро таъмин карда, амнияти хӯроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшида, дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафи рушди ҳазорсола таккони зиёд мебахшад.
Ба кор даромадани НБО Роғун истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намуда, зербинои гузаштан ба мамлакати саноатӣ-аграрии он хоҳад шуд.
Неругоҳи Роғун сутунмуҳраи мустаҳками иқтисодиёт шуда, манбаи пешравии саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватанамон мегардад.
Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст. Ҳамзамон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.
Қасобов Л.С., Ҳасанзода Н. – устодони факултети Энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ. Тел.: моб. (+992) 985-66-87-78. E — mail: loiknstu@mail.ru.