Нимаи дуюми имрӯз Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии Ректор – Давлатзода Қ.Қ. ба 33 нафар ятимони кулл ва 10 нафар маъюбон, ки ҳамчун донишҷӯ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, кӯмаки молиявӣ расонид. Дар суханронии худ профессор Давлатзода Қ.Қ. иброз дошт, ки Донишгоҳи техникӣ Шуморо чун фарзанди худ ба оғӯш гирифтааст ва доимо дасти мадади худро сӯйи Шумо дароз мекунад. Шумо танҳо бо хотири ҷамъ ва дили осуда таҳсил намуда, пойдевори мустаҳками ояндаи худро гузоред. Шумо дар оянда бо неруи зеҳнии худ зиндагиатонро таъмин намуда, бояд номбардори Ватану миллати хеш бошед.
Боиси зикр аст, ки ин иқдоми доимии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамеша аз ҳоли ин қишри осебпазир ҳимоят менамояд. Дастгирии ятимон, бепарасторон ва маъюбон дар пайравии сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда мешавад. Ин аст, ки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ ин сиёсати хирадмандонаро дастгирӣ менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.