Имрӯз бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки навбатии донишгоҳ расонида шуд. Кӯмаки донишгоҳ ба тарбиятгирандагони ин даргоҳ аз орд, равған, биринҷ ва шакар иборат буд.
Ҳангоми супоридани масолеҳи ғизоӣ муовини ректор оид ба тарбия – Ашурзода А.Н. доир ба дастгириҳои доимии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, қайд намуд, ки қишри осебпазири ҷомеа ҳеҷ вақт аз назари роҳбарияти давлату Ҳукумат канор нахоҳад монд. Донишгоҳи техникӣ низ иқдоми Роҳбари муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, дасти мадади худро ҳамеша ба ин қишри ҷомеа дароз хоҳад кард.
Боиси қайд аст, ки мактаб-интернати мазкур ба таври доимӣ аз ҷониби донишгоҳ мавриди дастгирӣ қарор дода шуда, ин анъана дар арафаи бисёр ҷашнҳои милливу ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.