Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ҷиҳати ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ, оммагардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхонӣ, барномаҳои адабиву илмӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, маърифатию омӯзишӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ озмуни адабии “Ҳофизхонӣ” миёни ҷавонон ва донишҷӯёни донишгоҳбаргузор гардид.
Комиссия дар ҳайати Ашурзода А.Н.-муовини ректор оид ба тарбия, раис, Акрамов С.С. — мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, котиб, Темурова М.Қ. — мудири кафедраи забонҳо, аъзо, Ҳикматов Ҷ.Ҳ. – н.и.ф., и.в. дотсент, аъзо, Муҳаммадиев Ш.М. – н.и.ф.,и.в. дотсент, аъзо ва Қодиров Н. – ёрдамчии ректор, аъзо шеърхонии донишҷӯёнро шунида, тавсия ва пешниҳодоти худро пешкаш намуданд. Ба донишҷӯён расонида шуд, ки ҳангоми қироати ғазалҳо бояд онро бехато, бурро, фаҳмо ва бо дарки маънӣ хонд. Зеро ҳар як саҳве, ки ҳангоми қироат меравад, маънои онро метавонад дигар кунад.
Дар охир аз шумораи зиёди донишҷӯён чор нафар донишҷӯ – Содиқов В.Ҳ., курси 1, г. 370401Б, факултети Нақлиёт, Ҷамолиддинзода С., курси 2, г. 48010107Б, факултети Технологияҳои инноватсионӣ, Мирсаидов Д., курси 1, г. 430102Б, факултети Энергетикӣ, Ворисзода М., курси 1, г. 26020207, факултети Технологияҳои инноватсионӣ барои иштирок дар озмуни шаҳрии “Ҳофизхонӣ” тавсия гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.