Устодон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз!
Соли 2020 дар хотири мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, соли омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки соли гузаштаистода барои мардуми пуршарафи Тоҷикистон соли бобарор ва пурфайзу баракат буд.
Устодон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз!
Соли 2020 дар хотири мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, соли омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки соли гузаштаистода барои мардуми пуршарафи Тоҷикистон соли бобарор ва пурфайзу баракат буд.
Ҳамзамон, мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ин соли воқеан таърихӣ тоҷикистониён Сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки ин дастоварди миллӣ нишонаи интихоби роҳи дуруст ҷиҳати рушди босубот ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мебошад.
Бояд бо ифтихор зикр намуд, ки дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ мо – халқи тоҷик тавонистем дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Иқтисодиёти кишварро пеш барем, сатҳи некуаҳволии халқро ба сатҳи нав барорем ва умуман, сиёсати пешгирифта ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем.
Соли сипаришуда барои аҳли кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли таърихӣ, соли дастовардҳои назарраси таълимию илмӣ, фарҳангию варзишӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, таъмини сазовори самтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ буд.
Мусаллам аст, ки самти асосии фаъолияти донишгоҳ таъмини босифати раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донишманду соҳибкасб баҳри фардои дурахшони Ватану миллат мебошад.
Ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар бар дӯши мо масъулияти зиёде мегузорад, то ки боз ҳам бо азму иродаи қавӣ, садоқату матонат ва меҳру муҳаббати беандоза дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ҷидду ҷаҳд намоем, зеро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз заминаҳои асосӣ ва ягонаи омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ва техникӣ аст.
Моро зарур аст, ки дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Соли 2021, ки ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳилаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ хоҳад гашт.
Дар ин лаҳзаҳои идона кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Умедворам, ки соли ҷадид барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, сиҳатмандиву комронӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин мегардад.
Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!