Ҷаббор Расулов 10-уми июли 1913 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро соли 1934 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ (солҳои 1934-1938) сар карда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1938-1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (солҳои 1941-1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1945-1946) кор кардааст.

Ҷаббор Расулов ба таърихи Тоҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва партиявӣ ворид гардидааст. Тараққиёти ҷумҳурӣ ва дастовардҳои бузург ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ доранд. Чунки ӯ беш аз 30 сол ба сифати роҳбари ҷумҳуриамон фаъолият намудааст. Даҳ сол ба сифати Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол ба ҳайси Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон меҳнати пурмаҳсул кардааст. Дар давраи роҳбари ҷумҳурӣ будан Ҷаббор Расулов якчанд маротиба ба ноҳияҳо ташриф оварда ба меҳнаткашон, алалхусус ба деҳқонони зарофар маслиҳатҳои муфид додааст.
Солҳои 1946-1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон – Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (солҳои 1955-1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (солҳои 1958-1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (солҳои 1960 — 1961) адои вазифа намудааст.
Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон – Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961-1982 ба ӯҳда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солагӣ ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4-уми апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе вафот карда, дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.
Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар шаҳри Хуҷанд, хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.
Ҷоизаҳо – бо 9 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.