Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ
Ҳар як давлату миллат тавассути фарзандони барӯманд, олимон ва сиёсатмадорони варзидааш бар ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Яке аз чунин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик доктори илмҳои таърих, бостоншинос, профессор, кашшофи ёдгории Саразм (1976) Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад.
Ӯ дар асоси бозёфтҳои нодири ёдгориҳои бостонии Филмандар, Зардчахалифа, Холиқназар, Кӯчраҳа, Боронбой, Косатарош, Дашти Қозӣ, Зебон ва ғайра исбот кард, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои тамаддуни қадими кишоварзӣ буданд.
А. Исҳоқов баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом (1954) ва факултаи таърихи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958; ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон) ба ҳайси ҷонишин (1959–66), роҳбари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1966–97) роҳбари Бахши тоҷикистонии экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм (1984–94) фаолият карда, дар ин давра ҳангоми ҳафру таҳқиқи дижи Панҷакенти Қадим бори нахуст дар таърих намунаи алифбои суғдиро дарёфт кард. Намунаи ин алифбои суғдӣ дар хумдоне сабт шуда, 28 ҳарф дошт. Ин бозёфти Исҳоқов дар пешрафти мактаби суғдшиносии шӯравӣ таъсири мусбӣ гузошта, маҳз ин амр барои шинохту хониши ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ мусоидат кард. Ӯ соли 1976 дар 15-км ғарбтари шаҳри Панҷакенти имрӯза бар асоси маълумоти яке аз бошандагони деҳаи Авазалӣ – Ашӯралӣ Тайлонов ёдгории тамаддуни кишоварзии Саразмро дар саргаҳи Зарафшон кашф намуда, тирамоҳи ҳамон сол нахустин назарияи илмии худро доир ба даврабандии қабатҳои мадании бошишгоҳ ба доираҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод кард. Сипас Исҳоқов ҳафриёти мунтазами ёдгориро ба роҳ монда, соли 1982 дар Анҷумани байналмилаллии Иттиҳоди Шӯравию Фаронса, ки таҳти маданияти «Маданияти қадими Бохтар» дар Душанбе баргузор мешуд, ёдгории қадими Саразмро дар миёни олимону бостоншиносони ҷаҳон муаррифӣ кард. Исҳоқӣ тавассути ин баромадаш диққати бостоншиносони фаронсавӣ ва амрикоиро ба омӯзиши ин ёдгорӣ ҷалб карда, соли 1984 нахустин экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Фаронса дар Саразм ба кор шурӯъ намуд.
Исқоқӣ то соли 1994 ба ҳайси сарвари экспедитсия фаъолият карда, барои ҳафр ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ёдгорӣ бостоншиносони Амрико, Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ҷалб карда, дар ин давра Саразм ба яке аз марказҳои ҳамкории байналмилалии бостоншиносон табдил ёфт.
Дар асоси бозёфтҳои илмии ёдгорӣ соли 1991 асари мукаммали Исҳоқӣ бо номи «Саразм» доир ба марҳалаҳои таърихи ташаккули тамаддуни кишоварзии Саразм нашр гардид. Муаллиф дар ин асар бо усулҳои ташхиси лабораторӣ бозёфти ёдгориҳои Анаву Намозгоҳ, Мундиғок, Шаҳри Сӯхта, Шуш, Пирак муқоиса карда, исбот кард, ки аҷдоди қадими тоҷикон тақрибан шаш ҳазор сол муқаддам ба кишоварзӣ машғул буданд.
19-уми феврали соли 1996 Исҳоқӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ доир ба осори таърихи кишварҳои саргаҳи «Роҳи бузурги абрешим» ширкат карда, дар ҷараёни муаррифии деворнигораҳои Панҷакенти Қадим нишон дод, ки Панҷакент дар саргаҳи ин роҳи байналмилалӣ қарор дошт ва тоҷирон аз Саразм матоъҳои гуногуни пашмӣ, ҷангафзор, зеваролоти сангӣ, нуқрагӣ ва ғайра мебурданд.
Исҳоқӣ барои хизматҳояш бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок, ба муносибати 100-солагии рӯзи таввалуди В.И. Ленин» (1970) ва «Ветерани меҳнат» (1989) сарфароз шуда, сипас бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нимпайкараи Исҳоқов Абдуллоҷон дар даромадгоҳи ёдгории Саразм насб гардид. Ёдгории кашфкардаи Исҳоқов ҳоло бо номи шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31-уми июли соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саразм ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид.
БОЗНАШР!
Мошариф Бекова – омӯзгори Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.