Шуоъафкании ихтиёрии мағзи сар бо мавҷҳои хурд аз телефони мобилӣ тадқиқоти аз ҳама бузурги биологӣ дар инсон аст.

(Нейрохирурги шведӣ, профессор Лэйф Сэлфорд)

Телефони мобилӣ имрӯзҳо аз ҳама воситаи алоқаи васеъ паҳншуда мебошад. Агар ба таърихи пайдоиши алоқа назар афканем, соли 1946 дар шаҳри Сент-Луиси ИМА ширкати Сент-Луис АТ&T BELL Laboratories истифодаи хизматгузории ботаҷрибаи алоқаи телефониро аз автомобил оғоз намудааст. Якумин телефони мобилӣ 25 сол қабл аз тарафи ширкати Motorola, ки вазнаш 1,15 кг ва арзиши он 3 995 доллари амрикоиро ташкил медод, ихтироъ гардидааст.

Қатъи назар аз арзиши гарони он харидоронаш бениҳоят зиёд буданд. Имрӯз намуди онҳо бениҳоят зиёданд. Аз рӯйи шакл ва сохт телефонҳо моноблок, кушодаву пӯшидашаванда, слайдер, ротатор ва сенсорӣ мешаванд. Аз ҷиҳати имкониятҳояш бошад, метавон нафақат гуфтугӯ намуд, балки смс, ммс, интернет низ истифода баред. Умуман, имрӯз шахсеро бе телефони мобилӣ тасаввур кардан мушкил аст.

Бонуфузтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи телефонҳо ширкатҳои Nokia, LG, Samsung, Motorola, Sony Ericsson, Apple ва ғайра мебошанд. Ҳангоми интихоби телефони мобилӣ ба равшании дисплейи он таваҷҷуҳ намоед. Зарур аст, ки дар рӯйи экрани телефон ҳатто ҳангоми равшании рӯзона навиштаҷоташ аён бошад. Хислатномаи техникии телефонро бодиққат аз назар гузаронед ва баъд бо он кор баред. Ҳамчунин дар шаҳодатномаи телефон муддати кори он дар реҷаи гуфтугӯ ва интизорӣ ҳатман бояд қайд шуда бошад. Ин хислат аз ҳаҷми аккумулятори телефон вобаста аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки хислатномаҳои дар шаҳодатнома қайдшуда ба истифодабарии минималии корӣ мутобиқ мебошад. Дар вақти харидории телефон аз мағоза садои онро санҷед. Аз шакли телефон муҳлати истифодаи он вобаста аст. Аз ҳама оддитарин ва боэътимодтарини он моноблок, яъне намуде, ки ягон қисми ҳаракаткунанда надорад, мебошад. Дар ҳоли ҳозир аз ҳама охирон намуди он телефони сенсорӣ мебошад, ки идораи он бо воситаи расидан бо панҷаҳо ба рӯйи дисплейи телефон мебошад. Нархи бениҳоят арзон дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки ин мол дорои сертификати сифат нест ва талони кафолат барои хизматрасонию таъмир дода намешавад.

Оё телефон зарар дорад? Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон тадқиқоти худро шуруъ намуда, фаҳмидан хостанд, ки он ба организми инсон чӣ қадар зарар мерасонад. То ҳол байни олимони ҷаҳон тадқиқот дар ин мавзӯъ идома дорад. Маълум гардид, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба организми инсон зиён мерасонад.

Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони ҳамроҳ доранд. Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда, мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Баҳсҳо дар бораи зарари телефони мобилӣ ба саломатии инсон низ зиёд ҳастанд. Баъзе мутахассисон бар онанд, ки телефони мобилӣ афканишоти электромагнитӣ паҳн мекунаду худ ба тани одам наздик ҷойгир карда мешавад, хатари расидани зарари ин афканишот ба саломатии инсон ҳангоми истифодабарии дуру дарози он аст. Бино ба тадқиқоти як нафар мутахассиси соҳаи магнитобиология Роҷер Когхилл ҳангоми суҳбати беш аз 25 дақиқа тариқи телефони мобилӣ дар як рӯз инсон ба дарди сар гирифтор шуда, эҳсоси хастагӣ ва камҳаракатӣ мекунад. Дар чунин маврид шумораи унсурҳои сафеда дар таркиби хун кам мешавад. Ҳамчунин афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натиҷа шахс сардард ва дилаш беҳузур мешавад. Аммо гурӯҳи дигари олимон исрор меварзанд, ки зарари он ҳангоми истифодаи дуруст бо риояи усули истифодабарӣ коҳиш меёбад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефони мобилӣ дар мағзи сари инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд. Андешаи аз ҳама муҳим бар асари истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ имкони ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд. Масалан, Уилям Стюарт – олими шотландӣ дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронд. Нурафканиҳои телефони мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд. “Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд” — тасдиқ мекунад Стюарт.

Чунин таҷрибаҳо дар Русия низ гузаронда шуданд. Қурбоққаҳои оддиро дар майдони электромагнитии басомадаш баланд муддати 10-15 дақиқа санҷиданд. Ҳангоми шуоъзании ҳатто хеле паст дили ҳар як қурбоққаи дуюм аз кор монд.

Тобистони соли 2003 олимони шведӣ ҳангоми таҷриба бо калламушҳо изҳор доштанд, ки шуоъҳои мобилӣ дар мағзи сари калламушҳо паёмадҳои ногувор овард. Ҳайвонҳо муддати ду соат зери шуои телефонҳои мобилӣ қарор гирифтанд. Баъд аз 50 рӯзи ин таҷриба олимон мағзи сари онҳоро бо ёрии заррабин тадқиқ намуда, харобшавии рагҳо ва манбаи нейронҳои хушкшударо пайдо намуданд. Чӣ қадаре ки радиатсияи мобилӣ сахттар бошад, ҳамон қадар зарари расида зиёдтар буд. Хулосаҳои олимон хеле рӯҳафтодакунанда буданд: “Аз эҳтимол дур нест, ки ба мағзи сари одам низ телефонҳои мобилӣ айнан чунин таъсири манфӣ мерасонанд, чунки сохтори он ба мағзи сари калламуш монанд аст”. Телефони мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем. Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.

Кӯдаконро аз телефон дур гиред. Соли 2005 дар шаҳраки Шерман-Оакси иёлати Калифорния писарбачаи 10-сола ҳангоми дар ҷайбаш таркидани телефони мобилӣ қариб сӯхта нобуд мегашт. Барои ҳамин тавсия мешавад, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола маҳдуд карда шавад. Вале бо сабаби он ки ташаккули мағзи сар якчанд сол идома меёбад, баъди 16-солагӣ низ худдорӣ аз истифодаи телефони мобилӣ ба муҳлати бештар мувофиқи мақсад аст.

Имрӯз истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар оила як кори оддӣ ба ҳисоб рафта, байни кӯдакону занони ҳомиладор низ муошират тавассути он аҳён ба назар мерасад. Мутаассифона қисме аз оилаҳо аз зарари истифодаи телефонҳои мобилӣ бехабар буда, қисми дигар агар огаҳӣ дошта бошанд ҳам, одат карда, тез тез бемаврид онро истифода мебаранд. Инчунин барои занони ҳомиладор аз ҳар ҷиҳат истифодаи телефон зараровар буда, кӯдаки батнашон аз таъсири зиёди радиатсия метавонад ба нуқсонҳои ҷисмонӣ мубтадо шуда, ба камҳаракатии зани ҳомиладор ҳангоми тавлиди нобарори кӯдак оварда расонад.

Ҳимояи кӯдакон аз ҳар гуна техникаву технологияи зараровар масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст. Мутаассифона аксари волидон дар бораи зарари телефонҳои мобилӣ маълумоти кам доранд. Ҳангоми дар бадани кӯдак пайдо шудани ҳассосият, дарунравӣ ва ё дигар бемориҳо пай намебаранд, ки сабаби он чист? Агар насли калонсол бо телефони мобилӣ дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон истифодабарандаи телефони мобилӣ кӯдакон мебошанд ва ҷойи тааҷҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефони мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандонашон дар куҷоянд ва ба чӣ кор машғуланд. Огаҳӣ аз вазъи фарзандон хуб аст, вале организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муосир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кӯдакон гаштаанд. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ организми кӯдакро бо телефон мутобиқ сохтан мумкин нест, ки аз таъсири он рӯҳияи равонию ҷисмонии кӯдак зарар мебинад.

Акбаршоев А.А. – донишҷӯйи курси 3, факултети МваКН, г. 27010107Б.

Leave a Comment